logo

фарҳанг

НУСРАТУЛЛО МАХСУМ. МЕАРЗАД, КИ ДОНИШКАДАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР НОҲИЯИ РАШТРО БА НОМИ Ӯ ГУЗОРЕМ

Ҷамъбасти озмуни Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон -  рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт бахшида ба 20 - солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум эълон шуда буд, дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт хотирмону муассир ҷамъбаст гардид. То ҳанӯз дар атрофи он аҳли қаламу ҳаводорони калом ва алоқамандони жанрҳои публитсистию рӯзноманигорӣ дар нишастҳо суҳбат меороянд ва роҷеъ ба  бардоштҳояшон изҳори назар мекунанд.
Маҳмадзода Нодир Абдуназар, мудири шуъбаи бойгонии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт андешаҳояшро дар ин бора чунин иброз дошт:
 - Роҳандозӣ намудани чунин як озмун аз ҷониби Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи таҷлили  Ҷашни 20 -  солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ саривақтӣ ва бамавриду судбахш аст. Ин боз як  василае гардид барои арҷгузорӣ ба хидматҳои мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу ваҳдати миллӣ, таъмини саодати рӯзгор, сарсабзии диёру мардуми сарбаланди тоҷик, ҳамчунин, шинохти чеҳраи воқеии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва баландбардории ҳувияту ҳисси ифтихори миллии ҷавонон.
Чуноне дар ҷамъбасти озмун  зикр гардид,  он чор моҳ идома ёфта, аз 70 матолиби воридгардида, 30 маводи беҳтарин  бо салоҳдиди ҳайати эҷодӣ рӯи чоп омад. Хуб мешуд, маҷмӯи матолибе, ки ба рӯзномаи «Ҷумҳурият» пешниҳод гардидааст, барои ояндагон дар шакли китоби алоҳида нашр гардад. Ҳамчунин, назди пайкара, ё дар худи хонаи Нусратулло Махсум осорхонааш сохта шавад.
Номгузорӣ кардани ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот ва ташкилоту муассисаҳо ба номи шахсиятҳои  маъруфи кишвар, бахусус, ба номи қаҳрамонон ба ҳукми анъана даромадааст, ки ин аз қадршиносии  Пешвои миллат нисбат ба гиромидошти бузургони миллатамон  гувоҳӣ медиҳад. Чуноне номгузорӣ кардани Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур.  Ин нишон аз соҳибдавлатӣ ва ифтихори миллӣ доштани мо мебошад. Хизматҳои Нусратулло Махсум дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, аз ҷумла дар соҳаи маориф ва тандурустию фарҳанг низ назаррас аст. Меарзад, ки Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум номгузорӣ шавад. Ин туҳфаи хубе  мешуд дар  доираи чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ, бахусус барои зиёиёни ноҳияи Рашт ва тамоми мардуми Тоҷикистони азиз.
Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2017    №: 122    Мутолиа карданд: 637

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед