logo

иҷтимоиёт

ҚОНУНИ МИЛЛӢ ва чанд пешниҳоди мардум

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ба вазъи иқтисодии имрӯзии мардум мувофиқ кардани қонун “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо таъсиси гурӯҳи вижа дар тараддуди такмили он аст. Маром ин аст, ки қонуни болозикр чуноне муддати 10 сол бо барҳам задани исрофкорӣ баҳри ғановати буҷети оилаҳо имкон фароҳам овард, боз даҳсолаҳои дигар ба нафъи сокинони кишвар татбиқ бигардад.
Дар ин росто бархе аз сокинони вилояти Хатлон андешаҳояшонро иброз доштанд.

Ғайбулло Ҳоҷиев, ноҳияи Бохтар:
- Маъракаҳои хурсандии мо асосан дар фасли тобистон, ки вақти фаровонии меваю сабзавот аст, гузаронда мешавад. Маълум аст, ки ҳангоми тобистон субҳ барвақттар, яъне соати 4 - 4.30 медамад. Марди деҳқон ва умуман, ҳар деҳотӣ барвақттар ба саҳро меравад. Аммо маърака соати 8 сар мешавад. Агар ба маърака равӣ, ба кори саҳроӣ камаш се - чор соат дертар шурӯъ мекунӣ. Хуб мешуд, агар ин мушкили мардуми кишоварз ба инобат гирифта шуда, баргузории маъракаҳо соати 6-и саҳар муайян гардад.

Хурсандой Камолова,
ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ:
- Ҳарчанд қонун муқаррар кардааст, ки дар хатнасур бояд аз 60 нафар бештар ширкат накунанд, аммо мардум худ омадан мегиранд. Дар ин гуна рӯз соҳибхона наметавонад, ки онҳоро пеш кунад. Гоҳо аз як хона то се нафар меояд. Аввалан, дар қонун бояд ин нукта ҳам дарҷ гардад, ки ба дилхоҳ маърака аз як хона як кас равад. Баъдан, шояд беҳтар мебуд, агар шумораи меҳмонони тӯйи арӯсию домодӣ то 200 нафар ва хатнасур то 120 кас расонда шавад.

Саврӣ Ҳасанова, шаҳри Сарбанд:
- Вақте масъули танзими анъана ва ҷашну маросимҳо аз идораи ҷамоат чанд рӯз пеш аз маърака шарту шароити баргузории онро ба муроҷиаткунанда мефаҳмонад, дигар чӣ ҳоҷат ба ташрифи кормандони милитсия? Гоҳо онҳо дар айни ҷӯшу хурӯши маърака бо либоси низомӣ ворид шуда, ҳама меҳмононро ба изтироб меоранд. Боз агар миёни онҳо ва соҳибхона якдигарнофаҳмию баҳс сурат бигирад, табъи ҳама, албатта, хира мешавад. Пешниҳод месозам, ки ташрифи кормандони милитсия маҳз дар рӯзи маърака бозбинӣ карда шавад.

Зарифҷон Муродов, ноҳияи Бохтар:
- Барои ташхиси хуни домоду арӯс як рӯз кофӣ нест. Хуб мешуд, агар як ҳафта пеш аз тӯй барои ташхиси хун ва омодасозии ҳуҷҷатҳои лозима иҷозат дода шавад.

Камол Салимов, ноҳияи Панҷ:
- Азбаски барои гузарондани маъракаҳо қонун фақат рӯзҳои шанбе ва якшанбе иҷозат додааст, мардум баъзан намедонанд ба кадом маърака раванд. Ғизои пухташуда гоҳо нохӯрда монда, исроф мешавад. Шояд беҳтар мешуд, агар барои ҷойҳои сераҳолӣ дар қонун ягон рӯзи корӣ низ баҳри гузарондани тӯю худоӣ муқаррар гардад.

Замира Табарова, ноҳияи Ҷайҳун:
- Ба андешаи ман, агар барои бунёди як чойхона барои се-чор деҳа аз ҳисоби маблағҳои мардум иҷозат дода шавад, ин ҳеҷ бадие надорад. Зеро на ҳар шахс барои гузарондани маърака бинои васеъ ва ҷойи нишасту табақу косаи кофӣ дорад. Дар вақти сардию намии зимистон ин мушкил дар деҳот боз даҳчанд мегардад. Барои дар тарабхона гузарондани тӯй камаш 2000 сомонӣ зарур аст, ки ҳар оила ин миқдор маблағ пайдо карда наметавонад.

Ҷавҳари Нурхон, шаҳри Сарбанд:
- Кори кумитаҳои маҳаллаҳоро ҷоннок кардан даркор, зеро масъулони танзими анъана ва ҷашну маросимҳо на ҳама қонуншиканиҳои мардумро ошкор карда метавонанд. Ҳозир пардохти «ҳаққи шир» ва чанд одати бади нав пайдо шудааст. 

Хайрӣ Пирова, шаҳри Қӯрғонтеппа:
- Ҳангоми хайрухуш ба ҳар як меҳмон миёни ду нон лаган - лаган гӯшт печонида додан то ҳол дар баъзе маҳаллаҳо ба чашм мерасад. Барои мардуми баъзе минтақаҳо иҷро накардани ин расми нораво шармовар дониста мешавад. Соҳибхона маҷбур аст, ки барои гӯшт печонида додан як чорвои алоҳида кушад. Ин як сабаби касодии буҷети оилаҳост. Дар қонун назорати ин ноҷӯрӣ бояд шадидтар карда шавад.
 
Нигинаи Сабур, шаҳри Норак:
- Дар қонун гуфта шудааст, ки зодрӯз бояд дар доираи оила гузаронда шавад. Хоҳишмандам шарҳ дода шавад, ки ба оила киҳо дохиланд. Оё падару модар, момою бобо ва дигар ашхоси ҳамхун аҳли оила маҳсуб меёбанд ё не?

Зафар Маҷидов, ноҳияи Шаҳритуз:
- Баъзе нафарони ошною ноошно ба қатори мошинҳои арӯсу домод бидуни огоҳӣ худсарона ҳамроҳ мешаванд. Чаро бояд барои ин маҳз соҳиби маърака ҷарима супорад? Ман чунин мешуморам, ки фақат ҳамон ронандаи қонуншикан ҷазо бигирад, кофист.

Кабут Назаров, ноҳияи Қубодиён:
- Баъзе оилаҳои камбизоат ба ҳамон пуле, ки дӯстон дар рӯзи дафни майит ба ҳайси кумак медиҳанд, ниёз доранд. Оилаҳое ҳам ҳастанд, ки муддати тӯлонӣ бемордорӣ карда, ҳатто қарздор шудаанд. Пешниҳод мекунам, ки такмилдиҳандагони қонун ин масъаларо ҳам мавриди таҳлилу баррасӣ қарор диҳанд.

Гул Бобоева, ноҳияи Носири Хусрав:
- Ҷарима барои вайрон кардани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои кисаи аксарият хеле калон аст. Он бояд ақаллан дар маротибаи аввал хеле кам, дар маротибаи дувум миёна бошад.
Зокир ҲАСАН, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2017    №: 122    Мутолиа карданд: 559

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед