logo

сиёсат

ВАҲДАТ ТАҲКУРСИИ БОЭЪТИМОДИ ПЕШРАФТ

Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некуаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Бунёди давлати миллӣ дар замони гузариш аз як сохтори ҷамъиятӣ ба сохтори дигар, бахусус аз ҷомеае, ки ҷузъи давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ буд, ниҳоят душвор аст.  Ва он ҳам гузариш аз давлате, ки бар пояи сиёсати интернатсионализми пролетарӣ устувор буда,  сарнавишт ва шеваи андешаронии мардумонашро танҳо як ҳизби сиёсӣ муайян мекард. Хати устувори Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ба ваҳдату якдилии ҳамаи меҳнаткашони салтанати дар шашяки рӯи замин густариш дода, нигаронида шуда буд, арзишҳои хештаншиносии миллиро дувумдараҷа ва ҳатто ночиз медонист. Гузашта аз ин, ҳизбу давлати шӯравӣ онҳоеро, ки ба мавзӯи худогоҳии миллӣ рӯ оварда, андешаи ваҳдати миллиро пеш аз ҳама дар ягонагии миллати худ медиданд, ҳамчун миллатгароёни мухолифи сиёсати  интернатсионализми пролетарӣ мешумориданд. Аз таърих огоҳем, бисёре аз равшанандешоне, ки арзишҳои хештаншиносии миллиро гиромӣ дошта, дар перомуни марзҳои таърихии миллати худ ва маҳдудиятҳои забони миллиашон дар давлатдории шӯравӣ саволҳо ба миён оварда буданд, худро ба гирдоби бало гузоштанд. Сарнавишти қаҳрамонони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур, Нусратулло Махсум ва як идда сарсупурдагони миллати тоҷик, гувоҳи он аст. Мебояд гуфт, ки ҳувияти хешро ҷустани тоҷикон ва дар заминаи он бознамоён сохтан ва кӣ будани худро тасбит кардан, пайваста дар ҳар давру замон дар миён буд. Ба ҳамин хотир, дар он рӯзгоре, ки нотавонбинон вуҷуд доштани миллатеро бо номи «тоҷик» зери савол гузошта, аз ин иддао барои қавми худ ҳувияттарошӣ мекарданд, Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ шамшери қалам ба даст алайҳи онҳо бархоста, бо намоиш додани забон, адабиёт ва таърихи давлатдории тоҷикон, дасташонро кӯтоҳ кард. Солҳои 60 - уми асри гузашта дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ як идда олимнамоёну эҷодгарони миллатгаро пайдо шуданд, ки асарҳои калонҳаҷм таълиф намуда, мехостанд бо як худбузургбинӣ таърихро таҳриф намуда, донишмандону адибони гузаштаи тоҷикро ба қавми худ нисбат диҳанд ва саҳми тоҷиконро дар фарҳанговарии ҷаҳон ба ҳеҷ расонанд. Дар он замон низ Қаҳрамони Тоҷикистон, давлатмарди ҷасур, аллома Бобоҷон Ғафуров китоби сарнавиштсози «Тоҷикон» - ро пеши рӯйи ҷаҳониён гузошт, ки дар он садҳо далелу мадраки раднопазир дар бораи гузаштаи сарсупурданҳо ва тамаддунофариниҳои тоҷикон ҷой дошт.
Чуноне зикр гардид, ваҳдати миллии тоҷикон ба замони оғози дарҳампошии Иттиҳоди Шӯравӣ рост меояд. Метавон гуфт, замоне фаро расид, ки мафҳуми «миллат» ва «меҳанпарастӣ» (патриотизм) – ро, ки яке аз категорияҳои муҳими давлатдорӣ мебошад, ҳатто баъзе аз зиёиёни тоҷик дуруст дарк карда наметавонистанд, зеро он қишри ҷомеаи дар дарозои беш аз 70 сол ба воя расида, давлатдориро ба гунаи худ тасаввур мекарданд. Аксаран дарнамерафтанд, ки аз дарки нодурусти саросарии мафҳумҳои  «миллат» ва «меҳанпарастӣ» тору пуди ҳастии давлат осеб дида, алоқаи замонаҳо гусаста мегарданд. Шуури ҷамъиятӣ пояи худро, ки бар гузаштаҳо устувор аст, аз даст медиҳад ва хотираи таърихӣ ба нобудӣ мерасад.  Аз таҷрибаи таърихӣ ошкор аст, ки одамони ҳувият ва асолати қавмии хешро аздастдода (ба вижа табақаи рӯҳониёни гумроҳгашта) намедонанд чӣ гуна зиндагӣ ба сар баранд: дар миёни онҳо дарунмоя ва арзишҳои зиндагиро пеш бурдан вуҷуд надорад. Мафкураашон дар пеши фардои зиндагӣ даступохӯрда аст – намедонанд чӣ бихоҳанду аз чӣ даст бишӯянд. Дар чунин вазъияти душвор мардуми назми зиндагиро аздастдода ба пешво ниёз дошт. Пешвое, ки тавоноӣ дар ҳама ҷабҳаҳоро дошта бошад. Аз иқдомҳои ҷасуронаи ӯ мардум ба равшанӣ дарёбанд, ки барои кӣ ва баҳри чӣ мебояд зиндагӣ кард. Мардум бо тамоми ҳастии худ дарк кунанд, ки ин нобасомониҳо, ин ошуфтагиҳову ҳамдигаркушиҳо ба кадом сабаб рух додаанд ва оё арзиши ашки як тифли ятим, як зани бевамондаи тоҷик, як танӯри хомӯшшудаи кадбонуи тоҷикро доранд?! Пешворо пайдо кардан кори осон нест. Ҳамаи онҳое, ки худро пешво гумон мекарданд, рӯзгори ошуфтабор нишон дод, ки Худованд ба онҳо ин рисолати душвор, вале пурифтихори пешвоиро надодааст.
Ва дар он вазъи маргбори миллати тоҷик қаҳрамони дигари миллие нидои мардонагӣ ва раҳнамоияшро баланд кард, ки дар рӯзгори нобовариҳо, дар замони хешро нотавон дидани андешамандон, бо як иродатмандии устувор, бо танини пешвои омма, тавонист, бори  сухани ваҳдатофариниро ба гӯши мардум бирасонад. Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чун ҳикмати ҳазорсолаҳои давлатдориро, ки бар пояи ваҳдати тамоми мардуми кишвар, шинохти арзишҳои миллӣ ва алоқаи замонаҳо бояд устувор бошад, хеле хуб медонист, бори ранҷи оромсозии тӯфони ҳамдигарсӯзии ҳамдиёронро бар дӯш гирифт ва паёмади талошҳои пурбору сангин, раҳоии мардум аз кӯи номуродӣ, собит намуд, ки маҳз  шахсияте метавонад пешвои миллат бошад, ки асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ бошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар охири асри XX  ва ибтидои асри XXI ба соне, ки кору пайкори қаҳрамонони дар боло ёдоваршударо ҷамъбаст карда бошад, дар баробари хешро ба хатарҳои сахт гирифтор кардан, барои амалӣ гардондани ҳар иқдоми сарнавиштсози хеш, чи аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ва чи дар талошҳои ҳамарӯзаву ҳарсоатаи нигаҳдошти оромиву осоиштагии мардум, азнавсозии кишвар, дил ба тапиданҳои аз ҳад беш додан, рӯ ба таърихи дурударози шикастҳову пирӯзиҳои мардуми тоҷик ниҳода, саргузашти ҳазорсолаи фарҳанговарии халқи тоҷикро дар асарҳои бунёдии худ, аз ҷумла дар асарҳои пурбаҳои «Тоҷикон дар оинаи таърих» ва “Чеҳраҳои мондагор” ба сабт расондаанд.  
Дар ин ҷо ёдоварии нуктае вобаста ба шакли давлатдории миллӣ зарур дониста мешавад, ки он ин аст: "Пеш аз ҳама бояд донист, ки давлати миллӣ дар замони кунунӣ на он давлатест, ки як қавм, ё этнос аз дигар қавмҳо бартарӣ дошта бошад. Миллат дар давлати миллӣ фароэтникӣ (болотар аз фаҳмиши қавм) мебошад, ки ба ваҳдати шаҳрвандӣ далолат мекунад. Дар давлати миллӣ шаҳрвандонаш ба қавмҳои (этносҳои) гуногун, гурӯҳҳои иҷтимоии гуногун тааллуқ доранд ва онҳо на танҳо бо забони давлатӣ, балки бо забонҳои модарии худ гуфтугӯ карда, эътиқодманди динҳои гуногун мебошанд. Онҳоро пазируфтани волоияти қонун, нигаҳбонии марзу бум, Истиқлолияти давлатӣ ва биниши ояндаи хуррами ҳама қавмҳои ватани ягона ба ҳам меоварад, на эътиқоди дигару чизи дигар".
Дар бунёди давлати миллӣ, баҳри тарбияи мардум дар роҳи пайдо намудани тасаввурот оид ба ҳадафҳои умумӣ ва ҳаракат ба сӯи пешравиҳои минбаъда, яке аз ҷойҳои марказӣ ба хотираи таърихӣ вогузошта мешавад. Ва хотираи таърихӣ ин шинохти хештани хеш -  фарҳанги гузаштагон, барои ҳосил намудани тасаввуроти асосӣ, бар он ки ниёкон ба хазинаи фарҳангии ҷаҳон чӣ арзишҳоеро ворид намудаанд, дарки муборизаҳои чандҳазорсолаи халқи худ, барои нигаҳдошти ҳувият, забон, мамлакати худ ва ҷойгоҳи он дар ҷаҳон. Дар ин бора гуфтаҳои ҳикматбори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ниҳоят бамаврид ва таъсирпазир мебошад: «Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ пуштибонӣ карда наметавонад».
Дар ҷомеаҳои муосир гузаштаҳои таърихӣ дар бисёре аз мавридҳо бозбинӣ мегарданд ва тафсири ақидаҳо ба майдони баҳсу мунозираҳои ноҷо ва ҳатто даргириҳои мудҳиш табдил меёбанд. Ҳамон гуна, ки дар замони муосир гузашта ва имрӯзаи бовариҳои динӣ ба майдони муборизаи ақидаҳои мазҳабӣ табдил гаштааст ва баъзеҳо мехоҳанд ин масъалаи бисёр душворро бо зӯри силоҳ ҳал кунанд ва табиист, ки паёмади чунин муқовиматҳои бехирадона даргириҳо, кушторҳо ва ошуфтагиҳои вазнине мебошад. Ин паёмадро мо дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Либия, Яман, Покистон ва Афғонистон мебинем. Ҳамчунон, кишварҳоеро дар қаламрави пасошӯравӣ метавонем намуна овард, ки аз сабаби пайдо карда натавонистани пешвоёни хирадманду нозукандеш ба кӯтоҳандешиҳо роҳ дода, дар сохтмони давлати миллии худ ба носозгориҳои таассуфовар роҳ додаанд. Ба монанди ҷумҳуриҳои Гурҷистон ва Украина, ки дуюмӣ ба андешаҳои ғалати миллатчиён пайваста, ҳанӯз ҳам наметавонад миллаташонро аз вартаи осебҳои ҷониву иқтисодиву гуманитарӣ раҳонад. Ин нооромиҳову бадбахтиҳо пеш аз ҳама, бар асари таъмин карда натавонистани ваҳдати миллии халқ, аз тарафи сарварони вақти он кишварҳо ва дар ин замина паст будани маърифати худогоҳии ҷавононашон мебошад.
Дар марҳалаи кунунии боло бардоштани сатҳи маърифати худогоҳӣ ва арзишҳои ваҳдати миллӣ дар зеҳни ҷавонон, нақши маорифчиён ниҳоят чашмгир аст. Бо дарки ин вазифаи масъулиятнок донишмандон ва устодони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба ин нуктаи калидӣ дармераванд, ки пеша ва рисолати онҳо омода намудани омӯзгорон мебошад ва дар парваришу ба воя расонидани муаллимони оянда – шахсиятҳои сазовори идеяҳои ваҳдатовари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -  Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон донишу таҷриба ва ҳиммату талошҳои доимӣ ба харҷ медиҳанд.
Имрӯз мо ҳамчун тамоми шаҳрвандони бонангу номуси кишварамон ба пуррагӣ бовар дорем, ки ваҳдати миллии мо газанднопазир аст ва неруҳои нотавонбин ва аҳримансиришт ҳаргиз наметавонанд ба он халал ворид созанд.
Ваҳдати миллии мо пойдор ва устувор аст, зеро ваҳдатамонро шахсияти хирадманд асос гузоштаанд ва чеҳраи содиқу равшани мардумонамон гувоҳи шикастнопазирияшон мебошад.
Абдулло ҲАБИБУЛЛО, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои физика ва математика, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2017    №: 122    Мутолиа карданд: 586

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед