logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

9 июн дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар макони баргузории ҷаласа - “Қасри Истиқлолият” Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳою ҳайатҳои воломақомро Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифт.
Пас аз аксгирии муштарак ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳайати маҳдуд бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия, Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҷараён гирифт.
Дар ҷаласа масъалаҳои рӯзномаи корӣ, ки асосан аз дарёфти роҳҳои муҳиму муштараки муқовимат бар зидди терроризми байналмилалӣ, рушди ҳамкории давлатҳои аъзо оид ба пурзӯр кардани тадбирҳо бар зидди дигар таҳдиду хатарҳо, қабули санади таърихӣ оид ба додани мақоми узви баробарҳуқуқи Созмони Ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Ҷумҳурии Ҳиндустон, инчунин, дигар мавзӯъҳои мубрами дорои аҳамияти минтақавию ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.
Дар ҷаласаи ҳайати васеъ сарони давлатҳою ҳукуматҳои нозир аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Беларус, Муғулистон ва вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон, котибони генералии СММ, СҲШ, раёсати СААД, ИДМ, инчунин, намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои байналмилалию минтақавӣ иштирок карданд.
 Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо дар маҷмӯъ 11 санади муҳим ба имзо расид. Ба узвияти Созмони Ҳамкории Шанхай қабул шудани Покистону Ҳиндустон, қабули Эъломияи Остона, имзои Конвенсия ва қабули изҳороти сарони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба муқовимат бар зидди терроризму экстремизм аз натиҷаҳои бобарори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай мебошад.
Ҳамин тавр, баъди анҷоми кори ҷаласаи навбатӣ раёсат дар Созмони Ҳамкории Шанхай барои солҳои 2017-2018 ба ҷониби Ҷумҳурии Мардумии Чин гузашт.
Зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон Котиби генералии Созмони Ҳамкории Шанхай Рашид Олимов оид ба натиҷаҳои кори Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай изҳорот дод.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 10.06.2017    №: 122    Мутолиа карданд: 413

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед