logo

иҷтимоиёт

ГУЛБУРӢ

Гулбурӣ. Ин ҳунари мардумӣ, ки дар манотиқи дигари ҷумҳурӣ бо номҳои порчадӯзӣ ва қуроқдӯзӣ низ маъруф аст, аз пешаҳои қадимаи ниёгони мо маҳсуб меёбад. Ҳарчанд имрӯз он аҳён –аҳён ба мушоҳида расад ҳам, маъруфияти худро аз даст надодаву аз маҳбубияти хоса бархӯрдор аст. Бонуи ҷавону хушзавқ, чевари чирадаст ва нозукхаёл Марҷона Ҳақбердиева, дар суҳбат бо хабарнигори мо дар ин бора нақл кард.
- Аз пораҳои хурду калони матоъ чизе дӯхтан ё ба воситаи ин пораҳо либосу палосеро оро доданро гулбурӣ мегӯянд. Ба гуфтаи калонсолон, ин ҳунар шояд дар байни мардумони бенавову камдор ба вуҷуд омада бошад. Бо ин далел, ки дар оилаҳои доро барои ҷамъоварии боқимондаи матоъ аз куртаву либосҳои дигар ниёз набуд. Гулбурӣ бошад, маҳз аз пораҳои зиёди ҳамин гуна матоъ таҳияву дӯхта мешавад. Аз қадим баъзе одамон аз пораҳои боқимондаи либосҳои гуногун барои худ либос медӯхтаанд, ки баъдан чун як ҳунари мардумӣ мақому манзалати хос касб намудааст. Ва ин ҳунари мардумӣ, хушбахтона, то замони мо омада расидааст. Имрӯз ҳам бо ин усул ҳам ҷома медӯзанд, ҳам курта, ҳам таксариву кӯрпа ва  дастархону ҷиҳози дигар низ.
Дар гулбурӣ интихоби ранг бисёр муҳим ва ҳадафманд аст. Тибқи ривоятҳо, одамон ба воситаи истифодаи пораҳои ранга  мехостанд, то наздикону пайвандони худро аз офату бало ва бемориҳо эмин доранд. Барои либосу болишт ё чизи дигари тифлакони кӯчак рангҳои махсусро истифода мебурданд, ки кӯдакро аз чашми бад  ҳимоя намуда, умрашро дароз кунад. Рангорангии либосҳои  арӯсиву домодӣ боз ба хотири он будааст, ки зиндагии навхонадорон рангину хуш гузарад. Имрӯз ҳам, бахусус дар деҳотҷойҳо, як ҳиссаи ҷиҳози арузӣ бо усули  гулбурӣ оро дода мешавад.
Чун дигар касбу ҳунарҳо дар ин ҷода низ устоде доштан хуб аст. Тезтар сирру асрори ин ҳунар бароят кушода мегардад. Вале онро мустақилона оғоз кардан ҳам мумкин аст, агар завқу таҳаммул дошта бошед. Зеро офаридани нақшҳои гуногун бо латтапораҳо вақту заҳмати зиёдро тақозо мекунад. Ҳар пораи матоъро аз 4 ё 3 тараф дӯхтан лозим меояд, ки чандон кори осон нест. Бо вуҷуди ин,  имрӯз духтарони хушзавқ дар ороиши бисёр куртаҳои замонавӣ аз ин ҳунар истифода мебаранд.
Нафароне, ки мехоҳанд мустақилона ба гулбурӣ машғул шаванд, бояд кори хуро аз ҷамъоварии латтапораҳо оғоз кунанд. Завқи баланд ва хоҳиши қатъӣ бояд дошта бошад. Баъд аз он ки миқдори зарурии латтапораҳо ҷамъоварӣ мешавад,  аввал дар коғази калон бо истифодаи чоркунҷаву секунҷаҳо нақше кашида, онро ба рангҳои дилхоҳашон оро диҳанд. Пас аз он ки нақш пурра тайёр шуд, латтапораҳои ҳамранги ин секунҷаву чоркунҷаҳоро ба болои онҳо гузоранд. Ин оғози гулбурӣ маҳсуб мешавад. Боқӣ пораҳои матоъро бо завқи баланд бо ҳам пайваста медӯзанд ва гулбурӣ тайёр мешавад. Агар духтар ин ҳунарро дар ҳақиқат аз худ кардан бихоҳад, он гаҳ омӯзиши он душворие надорад.
Сарвиноз ШОДМОНОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2017    №: 123    Мутолиа карданд: 432

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед