logo

ҳуқуқ

ҚОНУНИ МИЛЛӢ. РИОЯИ ОН БАРОИ ҲАМА ҲАТМӢ БОШАД!

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27 апрели соли 2017, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гашт, аз рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва риоя нагардидани талаботи он махсусан аз ҷониби хизматчиёни давлатӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.
Дар робита ба ин, таъкид гардид, ки дар аксар ҳолат вайронкунандагони талаботи қонунҳои амалкунанда шахсони мансабдор, инчунин, фарзандону наздикони онҳо буда, берун аз муқаррароти ҷорӣ худсарона маъракаҳои дабдабанок мегузаронанд, талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва барои ба муассисаҳои таълимӣ бо мошинҳои гаронарзиш рафтани фарзандонашон монеъ намешаванд. Вобаста ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини қатъии талаботи қонунҳои амалкунандаи мамлакатро талаб намуда, ба масъулон ҷиҳати ба танзим даровардан ва мувофиқ ба талаботи қонун гузарондани ҳамагуна маъракаҳои мардумӣ ва ҷашну маросимҳои миллӣ, риояи ҳатмии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, хусусан аз ҷониби мансабдорон, пурзӯр намудани ҷавобгарии интизомӣ ва нишондиҳандаҳои ҷаримаҳои маъмурӣ нисбат ба вайронкунандагони қонун, падару модарон ва фарзандони онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.
Дар ин замина, бояд таъкид намуд, ки дар асоси моддаи 23 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ»,  аз 5 марти соли 2007, № 233 яке аз асосҳои қатъ шудани хизмати давлатӣ вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо мебошад. Тибқи моддаи 481 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, барои риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз сад то яксаду бист, ба шахсони мансабдор аз дусаду панҷоҳ то дусаду ҳафтод ва ба шахсони ҳуқуқӣ аз панҷсад то панҷсаду бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин шудааст. Дар асоси қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатии донишгоҳҳо ва донишкадаҳо бошад, бо мошинҳои шахсии сабукрав омадани донишҷӯён қатъиян манъ аст.
Дар заминаи супоришҳои Пешвои миллат пешниҳод менамоем, ки дар қисми 11 моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», аз 19 майи соли 2009, № 531 як асоси дигари хориҷ  намудани донишҷӯ аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба мазмуни зайл илова карда шавад: «ба сабаби бо мошинҳои шахсии сабукрав омадан ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ».
Тибқи муқаррароти моддаи 42 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне вазифадор будани шахс оид ба риоя намудани Конститутсия ва қонунҳо, эҳтироми ҳуқуқ, озодӣ, шаъну шарафи дигарон бояд аз ҷониби ҳамаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла хизматчиёни давлатӣ ба таври ҷиддӣ назорат карда шавад ва дар мавриди қонунвайронкунӣ нисбат ба онҳо ҷавобгарӣ татбиқ гардад.
М. ЗАЙНАЛОВА,
мутахассиси пешбари Раёсати ёрии  ҳуқуқӣ  ва кори ҳуқуқии Вазорати
 адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2017    №: 123    Мутолиа карданд: 433

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед