logo

иҷтимоиёт

ДАР БОРАИ ЯК АСАРИ НОМАЪЛУМИ УСТОД АЙНӢ

Ғайричашмдошт аст, ки Садриддин Айнӣ муаллифи рисолаи ҳоло қариб фаромӯшшудаи “Конститутсияи сталинӣ ва яҳудиҳои меҳнаткаш» бошад. Ин рисола соли 1938 дар Тошканд бо ҳуруфи лотинӣ, дар шакли хурд ва ба теъдоди кам ба нашр расида, ҳоло аз ҷумлаи китобҳои нодир маҳсуб мешавад. Асари номбурда бо сабабҳои номаълум ба «Куллиёт» - и С. Айнӣ, инчунин, ба маҷмӯаи дуҷилдаи осори публитсистии ӯ дохил нагардидааст.
Эҳтимол ин масъала ба андешаҳои яктарафаи ноширон вобаста мебошад, ки он аз манъи шифоҳии (тақрибан соли 1940) инкишофи ҳаёти маънавӣ ва фарҳангии яҳудиён, аз ҷумла яҳудиёни бухорӣ сар задаанд. “Конститутсияи сталинӣ ва яҳудиҳои меҳнаткаш” низ ба ҳамин шева нашр гардидааст. Бидуни шак, ин натиҷаи ислоҳи муҳаррирон аст, ки эҳтимол забони мақоларо ба оммаи васеи яҳудиёни бухорӣ, ки он вақт аксаран бесавод буданд, наздик ва фаҳмо кардаанд. Бо мутолиаи ин асар, ки таърихи яҳудиёни бухорӣ то Инқилоби Октябрро дар бар мегирад, кас боз як бори дигар ба хулоса меояд, ки эҷодиёти устод бисёрҷабҳа буда, худи ӯ чӣ қадар инсонпарвари бузург мебошад.
Яҳудиён дар Марв, Урганҷ, Хива, Самарқанд, Бухоро, Шаҳрисабз, Қӯқанд ва дигар шаҳрҳои Осиёи Миёна маскун шуданд ва хусусиятҳои гуногуни халқҳои маҳаллиро қабул намуда, тадриҷан ҳамчун миллати махсус ташаккул ёфтанд.
Онҳо унвони “яҳудиёни бухорӣ” - ро дар давраи ҳукмронии Амир Темур, дар охирҳои асри XIV ва аввали асри XV ба худ гирифтаанд. Маҳз дар ҳамон замон Амир Темур аз ҷумлаи ҳазорон ғуломони дигар оилаҳои яҳудиро ба Бухоро овард, то Самарқанди харобкардаашро обод намояд ва ҳамон вақт унвони “яҳудиёни бухорӣ” ҳам пайдо шуд.
Садриддин Айнӣ, ки зиндагии ӯ бештар дар Бухоро ва Самарқанд гузаштааст ва дар ин шаҳрҳо аксарияти яҳудиёни бухорӣ, ё ба тарзи дигар яҳудиёни маҳаллӣ будубош доштанд, ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ин гурӯҳи этникӣ диққат надода наметавонист. Ҳанӯз дар давраи муҳассили мадраса буданаш рӯзгори маишӣ, урфу одат, фаъолияти касбии онҳоро, ки ба таври анъанавӣ бо корҳои пардозгарӣ, бофандагӣ ва савдо машғул мешуданд, дақиқан мушоҳида менамуд.
Пӯшида нест, ки пеш аз инқилоб аҳолии камбағали мамлакат душвории зиёдеро аз сар мегузаронд, вале он чизҳоеро, ки яҳудиён, хусусан гурӯҳи қашшоқу бенавои онҳо ба сар мебурданд, ба ибораи муаллифи рисола, “аз тоқати одамӣ берун буданд”.
Устод Айнӣ поймолкунии ҳуқуқҳои миллатҳои хурдро пурра маҳкум намуда, дар хусуси он менависад, ки яҳудиёни бухорӣ на танҳо ба истисмори яктарафа, балки дутарафа, ҳатто панҷтарафа гирифтор буданд. Ҳаёти яҳудиён аз таваллуд то марг бо даҳҳо маҳдудиятҳои на фақат беадолатона, балки таҳқиромез зери фишор қарор дошт.
Яҳудиён вазифадор буданд, ки фақат дар минтақаи махсуси барои онҳо ҷудошуда зиндагӣ кунанд: ҳуқуқ надоштанд, ки дар ҳудуди шаҳр савора гарданд; ҳини ба кӯча баромадан ҳатман бояд бо канаб миёнашонро мебастанд, ки ин нишонаи фарқкунандаи вазъи беҳуқуқии онҳо буд; аз синни 13 - солагӣ сар карда, соле ду бор ҷизя медоданд. Зимни ситондани он маъмур яҳудиро ду торсакӣ мезад ва ғайра.
Яҳудиён ҳатто дар чунин шароит ҳам бо маҳорати ҳайратангези худ дар муҳити бегона мутобиқат намуда, ҳеҷ вақт ноумед намегардиданд ва ба мазҳабу анъанаи худ такя карда, бар алайҳи таассуб бобақою пойдор буданд, ки худи ҳамин далел дар таърихи инсоният беназир аст.
Бояд зикр намуд, ки дар адабиёти халқҳои Осиёи Миёна устод Айнӣ адиби нахустин нест, ки дар мисоли аҳолии яҳудӣ тоқатнопазирӣ, беҳуқуқӣ ва риоя нагардидани одитарин ҳуқуқи намояндагони миллатҳои хурд ҳамчун унсурони «бегона» дар шароити ҷомеаи феодалӣ ба ҳимояи онҳо садои худро баланд кардааст. Шоира Дилшоди Барно, ки дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX зиндагӣ кардааст, бахшида ба яҳудиён шеърҳои муассир ва ғайриодӣ навиштааст. Аз ин шеърҳо, ки дар асари тадқиқотии академик Аҳрор Мухторов дар бораи Дилшод ва мақоми ӯ дар таърихи афкори ҷамъиятии халқи тоҷик пурра таҳлил гардидаанд, мо дарк менамоем, ки шоира ҳамаи хурофоту нажодпарастиро бартараф карда, ҳуқуқи яҳудиёнро бо ҳуқуқи дигар халқҳое, ки онҳо дар байнашон зиндагӣ доранд, баробар хондааст. Зиёда аз ин, ӯ суханони танқидии худро ба муқобили яҳудибадбинон, ки онҳо ин одамони беҳуқуқро таҳқир низ менамуданд, равона кардааст.
Дар ашъори Дилшоди Барно муносибати ғоявие, ки ба муносибатҳои байналмилалӣ дар ин асар асоснок шуда бошад, ба мушоҳида намерасад. Ба маънои васеъ, ин муносибати халқҳо дар соҳаҳои гуногун, аз қабили сиёсат, иқтисодиёт, фарҳанг ва ғайра мебошад. Ба маънои маҳдуд, ин муносибатҳои байнишахсии одамони миллатҳои гуногун дар соҳаҳои меҳнатӣ, оилавию маишӣ ва дигар намудҳои муносибатҳои ғайрирасмӣ аст.
Муаллифи рисола сайъ кардааст, ки ҷанбаҳои ҳам сиёсию иқтисодӣ, ҳам иҷтимоию рӯҳиявии вазъияти ҳамонвақтаи ҷамоати яҳудиёни Осиёи Миёнаро инъикос намояд.
Устод Айнӣ бо таҳлили вазъияти яҳудиёни бухорӣ дар соҳаи муносибатҳои миллӣ дар мақолаи худ сиёсати мунофиқонаи маъмурони аморатро фош месозад, зеро онҳо дар ин кор манфиатдор буданд. Масалан, маҳдудиятҳое, ки дар боло зикр шуд ва барои халалдор сохтани онҳо яҳудии камбағал то ба ҳадди қатл ҷазоҳои сахт мегирифт, ба яҳудиёни сарватманд ҳеҷ дахл надоштанд.
Мо аз рисолаи устод равшан мебинем, ки фойтуни яҳудии миллионер бо суръат ҳаракат карда, дар чорраҳа маркаби Ҳаими майдасавдогарро, ки ба бозор бист дона мурғ мебурд, зада ба лой меғалтонад, аммо одамони миршаб - ҳомиёни тартибот ба ин чашм мепӯшанд, гӯё ҳеҷ чиз ба вуқӯъ наомада бошад. Ашрофони давлатманд, ки ба қисмати асосии яҳудиёни бухорӣ ҳамчун ба табақаи ҷузом муносибат доштанд, дар айни ҳол бо тоҷирон ва соҳибкорони бадавлати яҳудиёни бухорӣ, ки дар вақтҳои тангдастӣ ҳатто ба амир низ пул қарз дода метавонистанд, муносибати наздики дӯстӣ ва ҳамкорӣ доштанд. Масалан, қозӣ Исохон дар Самарқанд забҳи ҳайвонотро аз ҷониби қассобони яҳудӣ барои мусулмонон ҳаром гӯён фатво дода, бо ҳамин ба яҳудиёни камбағал зарари калон мерасонад ва акнун онон гӯшти секарата қимати кошер (ҳалол) мехаранду бо ҳамин васила зарари гӯшти тарефо - (ҳаром) - ро мепӯшонанд. Ҳамин қозӣ Исохон миллионер Фузайловро, ки яке аз сарватмандтарин одамони аз байни яҳудиён ба шумор мерафт, ба хонаи худ бо иззату икроми бисёр қабул менамояд.
Ин лавҳа нишон медиҳад, ки рӯҳияи яҳудибадбинӣ дар Туркистони русҳо - Самарқанд, Тошканд, Фарғона низ ҷой доштааст. Ғайр аз ин, чи тавре ки устод Айнӣ менависад, сиёсати яҳудибадбинӣ, ки аз тарафи маъмурони рус бо шакли мармуз татбиқ мегардид, агар Инқилоби Октябр ба амал намеомад, оқибат бо қатли оми мудҳише барои яҳудиёни Туркистон анҷом меёфт.
Инқилоб халқҳо, аз ҷумла яҳудиёнро аз асорат озод намуда, ҳуқуқҳо ва озодии онҳоро қонунӣ гардонд. Яҳудиёни бухорӣ дар таърихи бисёрасраи худ нахустин бор имконият пайдо карданд, ки забони модарии хешро озодона истифода намоянд, урфу одатҳои хосашонро риоя намуда, фарҳанги миллиашонро тараққӣ диҳанд, таҳсил бикунанд ва ғайра. Аммо пас аз гузашти солҳо ин сиёсат нисбат ба яҳудиён, аз ҷумла роҷеъ ба яҳудиёни бухорӣ ҳам, тибқи амри ғайрирасмӣ гардиши баръакси худро ёфт.
Ҳайратовар он аст, ки ин рисолаи устод Айнӣ солҳои минбаъда низ аз маркази диққати олимон - Айнишиносон дур монда, дар ягон асари тадқиқотии бахшида ба эҷодиёти ӯ инъикос наёфтааст. Умед аст, ки дар даврони истиқлол ин рисола нашр ва мавриди таҳқиқ қарор мегирад.
Мансур СУРУШ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2017    №: 123    Мутолиа карданд: 478

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед