logo

суханрониҳо

Суханронии Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи ҳамоиши сатҳи баланд дар мавзӯи “Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир”, шаҳри Душанбе, 12 июни соли 2017

Муҳтарам Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ҷаноби Антониу Гутерриш!
Хонумҳо  ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехостам, бори дигар Шуморо, ҷаноби Гутерриш, ба муносибати интихоб шуданатон ба мақоми Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид табрик намоям.
Шумо ва ҳайати ҳамроҳатонро ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.
Итминон дорам, ки сафари Шумо ба Тоҷикистон, барои шиносоӣ бо кишвари мо, ҳамчунин, бо талошҳои Ҳукумати мо дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеонаи он дар арсаи мубориза бо мушкилоту хатарҳои муосир имконияти хубе фароҳам хоҳад овард.
Тавре аз мавзӯи ҳамоиши имрӯза бармеояд, таҳкиму тавсеаи ҳамкориву шарикӣ ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор бо иқдомҳои муштарак ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор пайванди ногусастанӣ дорад. Аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардидани Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030 ба шароите рост омад, ки дар нуқоти  гуногуни сайёра  миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд.
Ҳамаи мо шоҳидем, ки дар чунин вазъият ягон кишвари дунё ба танҳоӣ натавонистааст  дар арсаи мубориза бо хавфу таҳдидҳои амниятӣ комёб гардида, амну суботро таъмин намояд. Аз ин лиҳоз, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву ҳамёриро барои таъмини амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои дастҷамъона дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароии байналмилалӣ ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хавфнок арзёбӣ менамоем.
Дар ин росто, ба ақидаи мо, Созмони Милали Муттаҳид бояд нақши калидӣ ва ҳамоҳангсоз дошта бошад. Тоҷикистон  ҳамчун аъзои фаъоли он аз ҷониби худ омода аст, ки бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз ҷумла  ниҳодҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкории созанда ва мутақобилан судмандро минбаъд низ густариш диҳад.
Муҳтарам Дабири кулл!
Имрӯз пайомадҳои буҳронҳои молиявиву иқтисодӣ, энергетикӣ ва ғизоӣ, инчунин, оқибатҳои тағйирёбии иқлим барои ҷаҳду талошҳои аксари кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур бо хушкӣ дар роҳи расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд.
Барои кишварҳои минтақаи мо мушкилоту масоили умумие вуҷуд доранд, ки ҳаллу фасли онҳо андешидани чораҳои саривақтиро дар сатҳҳои милливу минтақавӣ тақозо менамояд.
Дар ин раванд, Ҳукумати Тоҷикистон истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, таъмини гуногунсамтӣ ва рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, рушди ниҳодии кишвар, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва афзоиши табақаи миёнаҳоли ҷомеа, инчунин, ҳифзи муҳит ва инкишофи мутавозини минтақаҳои кишварро ҳамчун самтҳои афзалиятноки сиёсати иқтисодиву иҷтимоии худ муайян кардааст. Ба ин манзур соҳаҳои калидии бахши иҷтимоӣ – маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ дар таъмини рушди устувори кишвар ҷойгоҳи хоса касб кардаанд.
Ҳукумати Тоҷикистон Барномаи миёнамуҳлати рушд барои давраи то соли 2020 ва Стратегияи миллии рушди кишварро то соли 2030 таҳия ва қабул кардааст. Зимни таҳияи ин санадҳо, ҳамчунин, муқаррароту вазифаҳои дар чаҳорчӯби Ҳадафҳои рушди устувор муайянгардида дар маҷмӯъ ба инобат гирифта шудаанд.
Дар Стратегияи миллии рушди мо, ба мақсади ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва экологӣ, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, тавсеаи имконоти коммуникатсионии кишвар, инчунин, баланд бардоштани сатҳи шуғли аҳолӣ ҳамчун ҳадафҳои стратегӣ муайян гардидаанд.
Тоҷикистон мисли дигар кишварҳои маҳсур бо хушкӣ дар самти таъмин намудани ҳамгироӣ ва пайвастани кишвар бо сохтори тиҷорати бисёрҷониба ба мушкилоти муайян дучор мебошад. Чунин ҳолат ба раванди таъмини рушди бемайлони дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа  низ таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ин лиҳоз, мо чунин мешуморем, ки  ин гурӯҳи кишварҳо бояд аз имтиёзҳои мусоиди марбут ба тиҷорати ҷаҳонӣ бархӯрдор бошанд.  Дар ин замина, мо зарурати рафъи ҳама гуна монеаҳоро дар ҳамлу нақли мол ва хизматрасониҳо, ки ба раванди таъмини рушди устувор таъсир мерасонанд, таъкид менамоем. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон роҳандозии тавсияҳои Барномаи амали Венаро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, онҳоро зимни таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои тавсеаи шабакаҳои нақлиётӣ ва транзитии кишвар истифода мебарад.
Бо дарназардошти он, ки рафъи бунбасти нақлиётӣ ва дастрасӣ ба истиқлолияти энергетикӣ ҳамчун афзалиятҳои миллии Тоҷикистон муайян шудаанд, мо ба такмил ва рушди зерсохтори нақлиётӣ ва энергетикӣ, ки ба тавсеаи тиҷорати дохилӣ, минтақавӣ ва байниминтақавӣ мусоидат менамояд, аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем.
Дастрасӣ ба манбаъҳои муосири энергетикӣ ва рушди “энергияи сабз” омили калидии ноил шудан ба рушди устувор мебошад. Кишвари мо, ки асоси иқтидорҳои энергетикиашро соҳаи гидроэнергетика ташкил медиҳад, аз рӯи истифодаи манбаъҳои тавлиди “энергияи сабз” дар   ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Дар ин росто, Тоҷикистон ташаббусҳои глобалии “Энергияи устувор барои ҳама”  ва Даҳсолаи байналмилалии энергияи устувор барои солҳои 2014 – 2024 - ро  фаъолона ҷонибдорӣ намудааст.
Дар ин робита, густариши талошҳои муштарак барои таъмини дастрасии фарогири аҳолӣ ба хизматрасониҳои муосир дар соҳаи энергетика ба манфиати тамоми кишварҳои минтақа ва ҷаҳон хоҳад буд. Дар баробари ин, бо мақсади сарфаи боз ҳам самараноки захираҳои энергетикӣ дар сатҳи глобалӣ  зарур аст, ки ҷиҳати маблағгузории соҳаи тавлиди неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда, инчунин, таҳвили донишу фанновариҳои пешқадам ба кишварҳои рӯ ба тараққӣ тадбирҳои саривақтӣ андешида шаванд.
Итминони комил дорем, ки рушди фарогири гидроэнергетика ва дигар соҳаҳои истеҳсоли неруи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда ба афзоиши иқтидорҳои саноатӣ, самаранокии сохтори энергетикӣ ва коҳиши партовҳои газҳои заҳролуд ба фазо мусоидат намуда, дар маҷмӯъ, заминаи муҳими тавсеаи “иқтисодиёти сабз”- ро фароҳам хоҳад овард.
Ҳозирини гиромӣ!
Тоҷикистон чанде пеш Созишномаи Парижро, ки татбиқи он барои андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати ҳаллу фасли мушкилоти марбут ба тағйирёбии иқлим заминаи мусоид муҳайё кардааст, ба тасвиб расонда, расмиёти  пайвастшавӣ ба онро анҷом дод.
Зимнан, Ҳукумати кишвар ҷиҳати мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ, ки аз афзалиятҳои сиёсати экологии давлат маҳсуб меёбанд, пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад. Бо ин мақсад, дар мамлакати мо сохтори мудирияти чораҳои фаврӣ барои пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ таъсис дода шудааст.
Наваду се фоизи қаламрави Тоҷикистон аз кӯҳҳо иборат аст ва 60 фоизи  захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди он ҷойгир аст. Ҳамзамон бо ин, кишвари мо, бинобар хусусияти ҷуғрофии худ, зери таъсири пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим қарор дорад.  Ҳамасола дар кишвар офатҳои гуногуни табиӣ рух медиҳанд, ки ба иқтисоди миллӣ ба маблағи садҳо миллион сомонӣ хисорот ворид намуда, сабабгори талафоти ҷонӣ низ мегарданд.
Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо гардида, ба ҳаҷми оби дарёҳо ва ба ин васила ба бахшҳои асосии иқтисоди миллӣ, аз қабили гидроэнергетика, кишоварзӣ ва саноат таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ин лиҳоз, тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар ба зарурати ҳаллу фасли мушкилоту чолишҳои марбут ба тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, дар ҳамоишҳои байналмилалӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати рушду тавсеаи ҳамкориҳо ба хотири ҳалли масъалаҳои мавриди назар пайваста даъват ба амал меорад.
Муҳтарам Дабири кулл!
Тоҷикистон ҷиҳати пешбурди рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид  иқдомоти созандаашро идома хоҳад дод. Дар ин раванд, дар моҳи декабри соли гузашта Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид,  бо дарназардошти натиҷаҳои Даҳсолаи байналмилалии сипаришудаи “Об барои ҳаёт, солҳои 2005 - 2015”, бо ибтикори Тоҷикистон - бо иттифоқи оро - қатъномаро роҷеъ ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 - 2028 қабул кард.
Даҳсолаи нав дар роҳи фароҳамсозии шароит барои татбиқи Ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об ва беҳдошт дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қадами муҳим арзёбӣ мегардад. Ин даҳсола, бидуни шак, дар роҳандозии талошҳои муштарак  барои ҳалли мушкилоти вобаста ба мудирияти захираҳои об то соли 2028 нақши назаррас хоҳад бозид.
Дар ин росто, тайи даҳсолаи гузашта мо бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои тахассусии он ҳамкории созанда доштем.
Изҳори умедворӣ менамоем, ки дар раванди татбиқи Даҳсолаи нави байналмилалӣ низ, ки ҳадафу вазифаҳояш ба нафъи тамоми мардуми сайёра мебошанд, аз чунин ҳамкориҳои судманд бархӯрдор хоҳем буд.
Дар интиҳои суханронии хеш мехоҳам бори дигар  ташрифи Шуморо ба Тоҷикистон, ҷаноби Дабири кулл, хайрамақдам гуфта, ба Шумо дар идомаи барномаи кориатон муваффақият орзу намоям.
Ба ширкаткунандагони ҳамоиши имрӯза дар муҳокимарониҳо ва баррасии мавзӯъҳои мизҳои мудаввар комёбӣ мехоҳам.
Итминон дорам, ки натиҷаҳои ҳамоиши имрӯзаи мо ва пешниҳоду тавсияҳои он дар амалӣ шудани иқдомоти минбаъда ҷиҳати вусъати тоза бахшидан ба ҳамкориҳо ва расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор мусоидат хоҳанд кард.
Саломату хушрӯз бошед.
Ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.06.2017    №: 123    Мутолиа карданд: 1854

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед