logo

иҷтимоиёт

РИСОЛАТ

Набурда ранҷ ганҷ муяссар намешавад. Ҳамеша дар роҳи расидан ба мақсадҳои олӣ монеаҳои зиёд пеш меоянд.  Соҳибкори ҷавон Фарҳод Хайруллоев аз хурдӣ, бо вуҷуди мушкилиҳо, дар ҷодаи интихобнамудааш устуворона қадам мезад ва кори тиҷоратро аз бозорҳои маҳаллӣ оғоз карда,  тадриҷан ба як соҳибкорӣ сатҳи байналмилалӣ расид.  Ҳоло номбурда раиси Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Италия мебошад.
Таъсиси   Шӯрои соҳибкорони Тоҷикистону Италия яке аз  тадбирҳои судманди Ҳукумати мамлакат буд,  ки  дар доираи  баргузории   Ҷашнвораи байналмилалии соҳибкории Душанбе -  2015 сурат гирифт.  Фаъолияти он ба  тавсеа бахшидани ҳамкории соҳибкорони Тоҷикистону Италия  ва ҷалби  сармоя барои татбиқи барномаҳои фарохдомани иқтисодию  иҷтимоии кишвар равона гардидааст. Номбурда  ҷалби сармояи хориҷӣ ва ба ин васила равнақ бахшидани истеҳсолоти ватаниро рисолати аслии соҳибкори ватанӣ медонад.
- Кишвари мо  дар баробари  захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ,  маъдани кӯҳӣ, оби соф, кишоварзӣ, туризм ва ғайра амният ва суботи сиёсии беҳтар дорад. Фазои хуби сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳоло ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонро барои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷикашон ҳавасманд сохтааст. Шумораи  намояндагии онҳо  дар мамлакат рӯз аз рӯз меафзояд.  Соҳибкорони итолиёвӣ ба амнияту суботи Тоҷикистон баҳои баланд медиҳанд ва аллакай сармоягузорони зиёди ин кишвар  омодаанд барои  амалисозии лоиҳаю барномаҳо дар ҷумҳурӣ маблағгузорӣ намоянд. Шӯрои номбурда   аз замони таъсис то имрӯз бо  30 ширкати Италия дар соҳаҳои гуногун ҳамкориҳоро  ба роҳ мондааст. Айни замон он дар  танзими санадҳои меъёрии ҳуқуқи соҳибкорӣ, додани маълумоти  зарурӣ,  ташкили ҷамъомадҳои машваратӣ, конфронс, бизнес - вохӯриҳо ва  баррасии мушкилоти дигар ба соҳибкорони ҳар ду мамлакат ёрӣ мерасонад. Ҳоло ширкатҳои  «Паниний» - дар самти истеҳсоли макарон, «Соларинг» - тавлиди батареяҳои офтобӣ,  «Галеле Коҳструзионий» - роҳсозӣ мехоҳанд бо ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкорӣ намоянд. Дар заминаи густариши ҳамкорӣ ва дастгирии роҳбарияти шаҳри Душанбе иқдом гирифтем, ки  дар самти навсозии қуттиҳои партов,  сохтмони боғи ҳайвонот  бо тарҳи муосир,  бунёди «Шаҳраки ҷавонон» ва муассисаҳои таълимии аврупоӣ дар пойтахти кишвар   лоиҳаю барномаҳоро якҷо бо соҳибкорону сармоягузорони итолиёвӣ  амалӣ намоем.  Тавассути бунёди шаҳраки зебои маҷмаавӣ,  пеш аз ҳама  мехоҳам олимону мутахассисони ҷавони тоҷик, ки дар хориҷи кишвар фаъолият доранд, ба кор ҷалб гарданд ва  малакаю истеъдоди онҳо барои рушди иқтисоди миллӣ  истифода шавад. Шаҳраки мазкур баҳри кору зиндагии   муҳаққиқони ҷавон имконияти васеъ фароҳам оварда,  ба рушди ояндадори Тоҷикистон мусоидат хоҳад намуд, - изҳор дошт номбурда. 
Фарҳод Хайруллоев дар самти рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таҷрибаи зиёд  андухтааст. Ҳоло бо истифода аз захираҳои таббиии кишвар мехоҳад барномаҳои гуногунсамтро  амалӣ намуда,  дар ободию шукуфоии Ватани худ саҳми арзанда гузорад. 
-  Азбаски аз хурдӣ ба ин пеша шавқу ҳаваси  зиёд   доштам, баъди маълумоти олӣ гирифтан ба тиҷорат машғул шудам. Барои пешбурди тиҷоратам  заҳмати бисёр  кашида, лаҳзае аз омӯзиш фароғ надоштам. Баробари кори тиҷорат ва савдо дар ин вилоят дар Донишгоҳи давлатии муносибатҳои байналмилалии Новосибирск дар риштаи иқтисоди ҷаҳон таҳсил кардам. Ҳамин омӯзиши пайваста буд, ки маро директори генералии ширкати бонуфузи «ИстНов» - и вилояти Новосибирск таъйин намуданд. 8 сол  ин вазифаро бар уҳда доштам. Агарчи дар ин ҷо домани фаъолиятам хеле  фарох гардида буд ҳамеша ёди Ватан мекардам ва ба худ мегуфтам: «Дар ин ҷо барои кӣ мекунам?» .  Аз ҷониби дигар, фазои мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ дар Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ водорам намуд, ки фаъолиятамро дар диёри худ ба роҳ монам ва ба ҳадди тавонам баҳри рушду нумӯи истеҳсолоти ватанӣ  саҳм гузорам, - гуфт Фарҳод Хайруллоев.
Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2017    №: 124    Мутолиа карданд: 375

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед