logo

иҷтимоиёт

РАШТ. АНДЕШАҲО ДАР АТРОФИ ТАНЗИМ

8 июни соли равон аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол пур шуд. Вақт довари ҳақиқист ва чуноне ҳама шоҳидем аввалин қонуни миллӣ дар боло бурдани сатҳи зиндагии мардум нақши созгор ва муассир гузошт. Аммо табиист, ки бо гузашти солҳо ва дарназардошти рушду тараққиёти ҷомеа масъалаи  бознигариву такмили ҳар қонун ба миён меояд. Дар иртибот ба ин, чанде аз сокинони ноҳияи Рашт таклифоту пешниҳодҳои хешро баён доштанд. 
Раҳима Исоева, сармутахассиси бахши ҳифзи иҷтимоӣ:
- Мутаассифона,  дар баъзе маҳаллаҳои ноҳия то ба ҳол гузарондани маъракаҳое, аз қабили номгузории тифл, маҳронабарӣ ва монанди инҳо ба чашм мерасанд, ки дар қонун нисбат ба тартиби баргузории онҳо чизе гуфта нашудааст. Аммо ҳанӯз ҳам мардум аз чунин расму оинҳое, ки харҷи беҳудаву зиёдатиро тақозо мекунанд, даст кашиданӣ нестанд. Аз ин лиҳоз, барои аз байн бурдани ин одатҳо хуб мешуд нисбат ба қонуншиканон ҷазои сахттар татбиқ мегардид. Яъне, онҳоро метавон  бо маблағҳои калон ҷарима баст. Гумон мекунам,  ин метавонад дар амри коҳиш додани шумораи чунин маъракаҳо нақши босазо гузорад.

Нодири Абдуназар, зиёӣ:
- Тӯли ин солҳо  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум нақши калон бозид.  Бо вуҷуди ин, вориди тағйиру иловаҳо ба ин ин қонун аз манфиат холӣ нахоҳад буд. Масалан, вақти гузарондани маъракаҳо, ки дар қонун муқаррар карда шудааст, таҷдиди назарро мехоҳад. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соати гузарондани маъракаҳо дар ноҳияҳои аграрӣ вобаста ба фаслҳои сол муайян карда шавад.

Абубакр Шарипов, ҳамоҳангсози Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Рашт:
- Боиси таассуф аст, ки дар баъзе манотиқи кишвар  бонувон дар пайравӣ ба фарҳанги бегона ба пӯшидани либоси ғайр, хусусан сатру ҳиҷоб, майл доранд. Дар давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо либосҳои миллии худ ифтихор менамоянд, вале мо бошем ба тақлидкорӣ даст мезанем. Ба андешаам либоси миллиамон дар ҷаҳон назир надорад ва мо бояд ба он эҳтиром гузорем. Бинобар ин, хуб мебуд дар қонун масъалаи либоспӯшӣ низ ба танзим оварда мешуд.                   
Таҳияи Худодод ЗАЙНИДДИН, «Ҷумҳурият»   


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2017    №: 124    Мутолиа карданд: 527

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед