logo

сиёсат

ВАҲДАТ ДАЪВАТЕСТ БАРОИ ҲАМА

Мафҳуми “ваҳдат” дар адабиёти мо аслан ба ду маъно мусталаҳ гардидааст, ки яке ҷанбаи мазҳабию эътиқодӣ дорад ва дигаре ҷанбаи иҷтимоӣ, миллӣ ва башарӣ. Аммо ин ду ҷанба дар ниҳоят ба якдигар беиртибот нестанд. Ваҳдати вуҷуд ва тавҳиде, ки дар адабиёти ирфонии мо мавзӯи аслӣ ва меҳвариро ташкил медиҳад, ба эътибори бисёре аз далелҳо дар мухолифат ва муқовимат бо ихтилофоти зиёди мазҳабӣ, ки боиси фитнаҳои азим, хунрезиҳо ва харобкориҳо гардида буд, ба миён гузошта шуд. Аммо мафҳуми ваҳдат ва иттиҳод ба асоси паймони миллию меҳанӣ низ дар адабиёти ҳазоронсолаи мо собиқаи дерину дурахшон дорад.

Ормони ваҳдати миллӣ ва таҷассуми бадеии он дар солҳои 90 – уми асри гузашта, яъне қабл аз истиқлол, мазаммати ихтилоф, тафриқаҷӯӣ ва парокандагӣ аз мавзӯъҳои аслии шеъри рӯз гардида буд ва гӯё шоирон пешомади мусибатбореро эҳсос мекарданд. Мусибатеро, ки ҳосили низоъ, ихтилоф ва парокандагии миллӣ мебошад. Зеро дар ин давра дахолати неруҳои бегонаи ҷудоихоҳ ва тафриқаангез то ҷое ошкор гардида буд.
Адибони  тоҷик ҳам ба таври мустақиму бевосита ва ҳам ба воситаи нигоҳи таҳлилӣ ва ибратомӯз ба таърихи миллӣ ва бар зарурати маърифат ва худшиносии миллӣ ва ваҳдати миллӣ дар рӯбарӯи ҳодисаҳои тафриқаафкан таъкид намудаанд.
Баъд аз барқарории оромиши нисбӣ ва ба тадриҷ фаъол гардидани ниҳодҳои давлатӣ яке аз нахустин иқдомҳои муҳими давлати тозатаъсис ташкили Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон таҳти раёсати бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон буд, ки аз ин замон эҷоди ваҳдати воқеии миллӣ ба яке аз асоситарин барномаҳои давлатӣ ва миллӣ табдил гардид.
 Адибони мо на танҳо ба воситаи шеъру достону осори мансури худ, балки бо машварату ширкати бевосита дар маросим ва тадобири махсус ба таҳкими ваҳдати миллӣ ширкат намуда, ба маҳалҳои гуногуни ҷумҳурӣ сафар карда, аз тариқи расонаҳо дар ин кори шариф ва иқдоми бузург саҳм мегирифтанд.
Намояндагони наслҳои гуногуни адабиёти тоҷик сароишу ситоиши ваҳдатро бо эҳсоси бесобиқаи самимият ва умедворӣ анҷом медоданд, зеро дар таърихи ҳазоронсолаи миллати тоҷик, ки борҳову борҳо ба сабаби парокандагӣ ва низоъҳои дохилӣ зарбаҳои муҳлик хӯрда буд, бори аввал буд, ки дар чунин сатҳ, бо барномаи хос ва ҳадафи мушаххас иқдом ба ваҳдати саросарии миллӣ мешуд.
Дар партави мавзӯи ваҳдат мавзӯи худшиносии миллӣ дар адабиёт ва на танҳо дар адабиёт, балки дар ҳама бахшҳои илму фарҳанг рушд мекунад. Ситоиши ҳувияти миллии тоҷикӣ ривоҷи тоза касб менамояд, зеро бидуни шинохти воқеии ҳувияти миллӣ он ба эътиқод табдил намешавад ва бидуни эътиқод ба ҳувияти миллӣ ваҳдати миллӣ низ муяссар намегардад. Дар ҳамин давра як силсила таҳқиқоти илмию пажӯҳишӣ перомуни таърих ва ҳувияти миллии тоҷикон ба табъ расид. Дар адабиёт ҳам ин раванд идомаи шоистаи худро пайдо кард. Силсилаи романҳои таърихии дар ин чанд соли охир ба майдон омада, бештар аз теъдоди романҳои таърихии дар даврони шӯравӣ эҷодшуда буд. Дар назм ин ҷараён боз ҳам туғёни бештар дошт. Тақрибан ҳеҷ як шоири тоҷик аз васфу ситоиши ҳувияти миллӣ дар  канор намондааст.
Таъбир ва тафсири оқилона ва созандаи мафҳуми «ваҳдат» яке аз мавзӯъҳои муҳимтарини адабиёти муосири мо мебошад. Барои анҷоми ин амри муҳим нависандагони мо таҷрибаҳо ва анъанаҳои деринеро аз адабиёти гаронмояи миллӣ дар ихтиёр доранд ва бо таваҷҷуҳ ба хусусиятҳои дунёи муосир метавонанд ҳаллу фасли ин мавзӯи ҷовидониро ба тавре анҷом бидиҳанд, ки ҷавобгӯи муҳимтарин масъалаҳои рӯз бошад. Аз он чи то кунун аз паёмҳои раҳнамоёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар офаридаҳои табъи адибони мо бо таҳқиқи бадеӣ ва маънавии ин мавзӯъ ба даст омадааст, ин чанд нуктаи меҳвариро метавон хулоса кард:
- Ваҳдат даъватест барои ҳама. Ҳар касе онро мепазирад, аз ҳамон соате, ки мепазирад, дорои шахсияти нави миллӣ ва эътиқодӣ мешавад.
- Ваҳдат муқаддас аст. Такаббур, бартариҷӯӣ, гурӯҳбандӣ, имтиёзоти вижа, кинаварзӣ, таъну миннатгузорӣ аз ҳеҷ тарафро намепазирад.
- Ваҳдат мисли тамомияти арзӣ ва ихтиёри миллӣ дахолати бегонаро роҳ намедиҳад. Он марҳалаи комилест, ки ба худкифоии маънавӣ ва сиёсӣ расидани миллат мебошад.
- Ваҳдат асли асосие мебошад, ки ташаккул ва такомули ояндаи фарҳанги миллӣ, ормони миллӣ, иқтисоди миллӣ ва ҳар навъ барномаҳои дигари миллиро таъйин менамояд. Яъне, он ҳамагӣ бояд тобеи ваҳдати миллӣ буда, набояд дар таркиби худ унсуреро дошта бошад, ки ба ваҳдати миллӣ халал ворид созад.
- Ваҳдат фазоест, ки ҳар нафари пазирандаи он эҳсоси ҳайсият ва эҳтиром, эҳсоси озодии маънавиро доро мегардад. Меъёри воқеият ёфтани ваҳдат эҷоди муҳите мебошад, ки ҳар як толиби шоиста ва сазовори он ба мизони шоистагии шахсии худ аз он бархӯрдор гардад.
- Ваҳдат, дар умум, паймони қарордодӣ байни ду ё чанд гурӯҳ нест, балки мафҳуми мутлақе аст, ки саросари ҷомеаи кишварро фаро мегирад ва ниёз ба ҳеҷ навъ қайду шарти иҷборӣ надорад.
- Ваҳдат чун як мафҳуми муқаддас, танз, ҳаҷв, киноя, тамасхур ва ҳеҷ гуна бархӯрди таҳқиромез ва таҳриккунандаро намепазирад ва ин навъ муносибат дар баробари мафҳуми «ваҳдат» ҳадди ақал аз нигоҳи маънавӣ ҷиноят дониста мешавад.
- Ваҳдат ҳосили пирӯзии миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон бар ноогоҳӣ, фитна ва дахолати нохайрхоҳони дохиливу хориҷӣ, пирӯзӣ бар хостаҳои норавои худ, бар нодонӣ, такаббур, худхоҳӣ, бар эҳсоси адовати бесабаб мебошад ва барои расидан ба ин пирӯзӣ халқи тоҷик қурбониҳои зиёди моливу ҷонӣ дода, бо сабр ва хирадварзӣ ба он ноил гардидааст.
- Ваҳдат мафҳуми муваққат ва марҳилавӣ нест, балки он яке аз аслҳои ҷовидонии ормони миллӣ буда, ҳамеша дар ҳоли такмил шудан мебошад.
Шинохтан ва шиносондани моҳияти ваҳдат, ҷамъбасти бадеӣ ва фалсафии ин падидаи маънавӣ ва таърихӣ дар матни фарҳанги решадори миллӣ, дар сатҳ ва пояи нави фикрӣ, эътиқодӣ ва ҷаҳоншиносӣ аз муҳимтарин вазифаҳои суханварони муосири мо мебошад. Зеро эҳсос мешавад, ки имрӯз ба шарофати оромиши пояндаи зиндагии иҷтимоӣ, даврони баёния ва хитобаҳои шиоргуна сипарӣ гардида ва таҳлилҳову мубодилаи фаъоли афкор бар сари чунин мафҳумҳо дар сатҳи шинохти фалсафии онҳо ба майдон омадааст.                      
Рустам ВАҲҲОБЗОДА


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2017    №: 124    Мутолиа карданд: 505

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед