logo

иҷтимоиёт

ДОРУ. БЕЭЪТИНОӢ ХАТАР ДОРАД!

Тавре маълум аст, назорат ва санҷиши сифат,  судмандӣ ва бехавфии маводи доруворӣ ва таҷҳизоти тиббӣ ҷузъи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сиҳатии аҳолии кишвар маҳсуб меёбад. Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ дар вилояти Хатлон аз ҷумлаи сохторҳоест, ки назорати истифодаи мақсадноки доруворӣ ва фаъолияти муассисаҳои фармасевтиро, ки ба истеҳсол, воридоту содироти маводи доруворӣ машғуланд, мақсади асосии фаъолияти худ қарор додааст.
Маҳмадҷон Абдуқодирзода, сардори раёсати мазкур дар суҳбат бо хабарнигори мо аз бурду бохт ва мушкилоти мавҷудаи ин самти муҳими иҷтимоӣ чунин ибрози назар дошт:
-  Соли равон 65 муассисаи фармасевтӣ, 8 муассисаи соҳаи тандурустӣ ва 39 нуқтаи фурӯши маводи ороишию гигиенӣ, ғизои кӯдакон ва иловагиҳои фаъоли биологии вилоят мавриди санҷишу назорат қарор гирифт. Натиҷаи санҷишҳо маълум кард, ки то ҳол дар фаъолияти объектҳои санҷидашуда мушкилот ва норасоиҳо зиёданд.
Сатҳу сифати хизматрасонӣ на дар ҳамаи  муассисаҳои  табобатӣ,  нуқтаҳои савдои маводи доруворӣ ва ороишию гигиенӣ ба талаботи муосир мувофиқ аст. Ҳолати риояи «Қоидаҳои барасмият даровардани дорухат ва талабот нисбати он» низ ташвишовар мебошад. Баъзе аз табибон таъйиноти маводи дорувориро, новобаста аз он ки муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бо варақаҳои стандартӣ ва ягона таъминанд, дар варақаҳои ғайристандартии гуногун сабт мекунанд. Гарчанде доир ба ин масъала корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам гузаронда шаванд ҳам, аммо беэътиноӣ аз тарафи баъзе табибон ҷой дорад. Мушкили дигар саҳлангории мудирони баъзе дорухонаҳо ва фурӯшандаҳои маводҳои ороишию гигиенӣ нисбат ба тарзи нигоҳдории дору ва муҳлати он мебошад.
Ба танзим даровардани соҳаи фармасевтии вилоят, пешгирии воридот, ҳамлу нақл ва ба муомилот роҳ ёфтани маводи дорувории пастсифат, қалбакӣ ва ба талаботи меъёрҳои муқарраргардида номувофиқ вазифаи аслии мо мебошанд.
Шаҳбоз АБРОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.06.2017    №: 124    Мутолиа карданд: 464

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед