logo

иҷтимоиёт

ШОГИРДИ ТЕАТР

Отахон Саидов, муовини роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа, Аълочии фарҳанги Тоҷикистон, аз зумраи ҷавононест, ки бо истеъдод ва ҳунари волои хеш  тавонистааст дар дили ҳаводорони санъати театрӣ ҷой гирад. 

Мавсуф фаъолияти эҷодиашро соли 2009, пас аз хатми Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, дар ҳамин театр оғоз бахшид. Ҳунарманди театр будан мушкил аст, аммо меҳру муҳаббат ба касби худ ва заҳматҳои шабонарӯзӣ ӯро дар ин ҷода муваффақу комёб гардонданд. Тӯли ин солҳо Отахон Саидов бо иҷрои нақшҳои  Имоми Аъзам («Тавҳид»-и Садрӣ Умар), Тоҳир («Тоҳир ва Зуҳро»-и Абдувадуд Файзиев), Усмон («Кафшҳои Абулқосим»-и Нур Табаров ва Тӯрахон Аҳмадхонов), Расул («Моҷарои имтиҳон»-и Абдусалом Атобоев) ва Леандр («Найрангҳои Скапен»-и Жан Батист Молйер), ки аз ҳунарпеша маҳорати волоро тақозо менамоянд, чи дар миёни тамошобинон ва чи дар миёни театршиносон маҳбубияти хоса касб намуд.
Лоиқи зикр аст, ки Отахон Саидов шогирди ҳунарвари мумтоз ва маҳбуби тоҷик, роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Аловуддин Абдуллоев мебошад ва маҳз заҳматҳои шабонарӯзии ин ду чеҳраи фарҳангпарвар буд, ки имрӯзҳо ин кохи ҳунар миёни тамошобинон ва, умуман, дӯстдорони санъати воло нуфузу эътибори хоса дорад. Намоишҳои ба саҳна гузоштаи онҳо на танҳо дар кишвар, балки берун аз он соҳиби ҷоизаҳо ва мукофотҳои зиёд гардидаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии аҳли театр мебошад.
Имрӯз аҳли театр барои ба саҳна гузоштани намоишномаи «Духтари бебисот» аз рӯи асари драматурги машҳури рус  А.Островский, ки бахшида ба Соли ҷавонон таҳия мегардад, омодагӣ мебинанд.
Музаффар МУРОДОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2017    №: 125    Мутолиа карданд: 389

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед