logo

сиёсат

АЗ САРГАҲИ ОБИ ТОЗА ТО САРГАҲИ ТАШАББУСҲОИ БАШАРДӮСТОНА

20 сол боз аз файзу баракати Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон фазои амну осудагӣ ҳукмрон аст. Тайи ин муддат Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна ва ҳамкорӣ бо ҳамаи кишварҳои сулҳхоҳ – «дарҳои кушода» - ро пеш гирифта, на танҳо ба рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ ноил гардид, балки тавонист тавассути тақвияти ҳамкорӣ бо давлатҳо ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, хусусан ниҳоди боэътибортарини дунё – Созмони Милали Муттаҳид, дар ҳалли мушкилоти минтақавию ҷаҳонӣ пешоҳанг бошад. Таҷрибаи Тоҷикистон дар ҷодаи бо роҳи мусолиҳа ҳал намудани муноқишаи миллӣ ҳоло аз ҷониби СММ барои кишварҳои даргир ҳамчун сабақи таърихӣ тавсия шудааст. Сарвари Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбарҳои баланди байналмилалӣ кишварҳои муқтадири ҷаҳонро ба ҳар чи зудтар хомӯш намудани ҷанги Афғонистон ва барқарор намудани иқтисоди харобгаштаи ин мамлакат даъват намудаанд. Тоҷикистон дар конфронсҳои байналмилалӣ оид ба Афғонистон иштирок мекунад ва борҳо макони баргузории чунин ҳамоишҳо интихоб шудааст. Дар мамлакат барои фаъолияти пурсамари ниҳодҳои соҳавии СММ тамоми шароит муҳайёст.
Ҳоло яке аз масъалаҳои доғи мардуми сайёра мушкилоти дастрасӣ ба об аст, ки мутаассифона, дар пайи тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалии обу ҳавои сайёра ҳамвора шиддат меёбад. Ҳарчанд аз чор се ҳиссаи сайёраи моро об ташкил медиҳад, ҳамагӣ як дарсади он ошомиданист. Ҳамин аст, ки Сарвари давлати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббусҳои байналмилалӣ ҷиҳати осон намудани мушкили миллиардҳо сокини сайёра - шароит фароҳам  овардан барои дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, ҳамкории кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои  марбут ба об баромад намуда, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳалли ин мушкилоти печида ҷалб намуданд. Иқдомҳои шоистаи башардӯстонаи Президенти Тоҷикистон, аз ҷумла оид ба эълом доштани «Соли 2003 – Соли оби тоза», Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» (солҳои 2005 – 2015), Соли байналмилалии ҳамкориҳо дар соҳаи об – 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 – 2028), ба орзую армони мардуми ҷаҳон, Ҳадафҳои рушди ҳазорсола ва Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид мувофиқат мекунанд ва аз ҷониби Маҷмаи кулли СММ ва аксари кулли кишварҳои ҷаҳон пазируфта шуданд.
Хушбахтона, Тоҷикистони биҳиштосои мо дар саргаҳи оби тоза қарор дорад. Дабири кулли тозаинтихоби Созмони Милали Муттаҳид муҳтарам Антониу Гутерриш, ки барои ширкат дар Ҳамоиши байналмилалӣ оид ба рушди устувор, вохӯрӣ бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва боздид аз кишвари «намуна дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ» (баҳои худи Антониу Гутерриш) ба Тоҷикистон омад, изҳор дошт: «Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред».
Дабири кулли СММ аз тамошои табиати зебои Тоҷикистон, кӯҳҳои сарбафалак, обҳои мусаффо, хусусан тамошои кӯли зебои Сарез, ба ваҷд омад. Аз обшавии босуръати пиряхҳо мутаассир гардида, иброз дошт, ки барои дастгирии пешниҳодҳои Сарвари Тоҷикистон дар бораи истифодаи оқилонаи оби мусаффои кӯли Сарез, инчунин, андешидани тадбирҳои муассир барои пешгирии таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим бояд иқдомҳои зарурӣ роҳандозӣ шаванд. Созмон додани Хазинаи байналмилалии мусоидат ба пешгирии обшавии пиряхҳо яке аз ин тадбирҳо буда метавонад.
Антониу Гутерриш ба талошҳои Тоҷикистон ва Сарвари он дар ҷодаи истифодаи босамари об ва ҳалли мушкилоти дигари вобаста ба он баҳои баланду арзанда дод, ки ин боиси ифтихору сарфарозии ҳар фарди Тоҷикистон  аст.
Ташрифи Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ба Тоҷикистон, баҳои арзандаи ӯ ба сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба, талошҳои кишвар дар ҳалли мушкилоти умдатарини сокинони сайёра ва хусусан ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълом доштани Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 – 2028), боз як гувоҳи равшани афзудани нуфузу эътибори кишвари биҳиштосои мо ва Сарвари хирадманди он дар арсаи ҷаҳон аст.
С. АЗИЗӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2017    №: 125    Мутолиа карданд: 564

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед