logo

сиёсат

АНТОНИУ ГУТЕРРИШ: “ТОҶИКИСТОН БО ТАБИАТИ ДИЛФИРЕБАШ ДИЛИ ҲАР БИНАНДАРО ТАСХИР МЕКУНАД”

12 июни соли равон Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш, коршиносону донишмандон ва дигар намояндагони ниҳодҳои ин созмони бонуфузи ҷаҳонӣ баъди иштирок дар Ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир» аз мавзеи зебоманзар – кӯли Сарез, ки дар он захираҳои бузурги оби тозаи ошомиданӣ  мавҷуд аст, дидан карданд. Дар ин сафар ҳайати баландпояро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Аслов, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшед ва дигар  намояндагони ниҳодҳои давлативу  байналмилалӣ ҳамроҳӣ намуданд.
Дар ин ҷо пешниҳод ва ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи муштараки захираҳои оби мусаффои кӯли Сарез барои кишварҳои минтақа муаррифӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки барои таъмини қисми зиёди аҳолии давлатҳои минтақа бо оби ошомиданӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буданд, ки аз кӯли Сарез оби тозаи ошомиданӣ ба эҳтиёҷмандони давлатҳои поёноб интиқол дода шавад. Амалӣ шудани ин пешниҳод метавонад шиддати норасоии оби нӯшокиро барои миллионҳо нафар сокини давлатҳои поёноб аз байн барад. Ин кӯли дар тамоми дунё машҳур, ки дар маркази ВМКБ дар баландии 3261 метр аз сатҳи баҳр воқеъ  аст, 17 километри мукааб оби тозаи ошомиданӣ дорад.
Ҳангоми боздид аз табиати нотакрори кӯли Сарез, шиносоӣ аз имконоти васеи захираҳои об ва таърихи пайдоиши он Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш Тоҷикистонро кишвари зеботарини ҷаҳон маънидод карда, аз ҷумла таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбаафлок, қуллаҳои барфпӯш, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Аз ин лиҳоз, ӯ иброз дошт, ки шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред.
Ба андешаи Дабири кулли СММ зимни боздид аз кӯли Сарез ӯ барои худ ду сабақ бардоштааст. Аввалан, обшавии пиряхҳо мушоҳида мешавад. Бинобар ин, ниҳоят муҳим аст, ки барои  пешгирии зуҳуроту таъсири тағйирёбии иқлим аз ҷониби ҷомеаи байналмилалӣ тадбирҳои муассир андешида шуда, баҳри татбиқи  Созишномаи Париж оид ба тағйирёбии иқлим иқдомҳои зарурӣ амалӣ гарданд.
Силсилаи чораҳое андешида шаванд, ки мо тавонем ояндаи сайёраи худ ва инсониятро аз гирдоби хавфу падидаҳои хатарзои тағйирёбии иқлим раҳоӣ бахшем. Аз дигар ҷиҳат, ҳангоме ки ба ин кӯли нодир назар меафканем, мо, пеш аз ҳама, неъмати гаронбаҳои табиат – обро мебинем. Кӯли Сарез мисоли хубест, ки чӣ гуна бояд захираҳои обиро нигоҳ дорем. Мо бояд обро самаранок, бо шеваи устувор мавриди истифода ва истеъмоли худ қарор бидиҳем, зеро он барои истеҳсоли неруи барқ сарвати муҳим ба ҳисоб меравад.
Аз ин рӯ, мо бояд онро дар саросари ҷаҳон оқилона истифода барем ва ба арзиш донем, то ки ин сарвати бебаҳои табиӣ ба нафъи мардуми кураи Замин хидмат намояд. Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмилалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ намуда, шоистаи таҳсину қадр медонад. Бартар аз ин, кишвари шумо дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна аст. Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин шеваву усул сабақ биомӯзад ва онро пайравиву пуштибонӣ намояд.
Ин ҷабҳаи ниҳоят муҳим буда, моро водор месозад, ки барои боз ҳам беҳтар намудани мудирияти захираҳои об кӯшишҳои муштарак ба харҷ диҳем. Худи далели он ки Тоҷикистон ташаббуси Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» - ро манзур намуд, гувоҳӣ медиҳад, ки то чи андоза роҳбарияти олии кишвар, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи ҷаҳонии об аҳамияти хоса зоҳир менамоянд. Дар ин радиф, барои ташвиқу татбиқи ин ибтикор муҳим аст, ки дар муттаҳидӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ шаванд.
Ба ин хотир, мо муваззафем, ки дар ин ҷода тамоми корҳои заруриро анҷом диҳем. Зимни сафарҳои худ ман қиёс меорам. Масалан, зодгоҳи ман Португалия барои бунёди сарбандҳо маблағҳои ҳангуфт, миллионҳо сарф намуд, аммо Худованд ба кишвари дилписандатон сарбандҳои табиӣ ато кардааст ва ин шаҳодати ҳикматест, ки шумо мардуми назаркарда мебошед.
Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об баҳои баланд дода, иқдоми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар мавриди эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор”, 2018 - 2028  муҳиму башардӯстона арзёбӣ кард. Ӯ бори дигар кишварҳои ҷаҳонро ба тақвият додани мубориза ба муқобили тағйирёбии иқлим даъват намуд. Ба гуфтаи ӯ, инсоният дигар ҳаққи аз даст додани ин фурсатро надорад.
Дар доираи ин сафар, Антониу Гутерриш ва ҳайати ҳамроҳонаш  ба мавзеи Паткнови ноҳияи Дарвоз ташриф оварда, аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ба мисли оҳангарӣ, табақтарошӣ ва кулолгарӣ дидан намуданд. Дар ин ҷо ба Дабири кулли СММ расми дар қолин наққошишудаи ӯ, ки бо ороишоти миллӣ зинат бахшида шудааст, ҳамчун хотира тақдим гардид.
Ҳамчунин, дар ин мавзеъ фаъолияти зиддимухаддиротии кишвар муаррифӣ шуд. Таъкид гашт, ки Тоҷикистон дар самти пешгирӣ аз хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир, аз ҷумла пешгирии паҳншавии маводи мухаддир, фаъолияти пурсамар дошта, барои муборизаи муштарак ҷиҳати аз байн бурдани чунин хатарҳо кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро ба ҳамкорӣ даъват менамояд.
АМИТ «Ховар»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2017    №: 125    Мутолиа карданд: 634

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед