logo

сиёсат

ИДЕЯИ МИЛЛӢ ВА ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Дар марҳалаи ниҳоии ҷанги сард пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравии абарқудрат боис гардид, ки марзҳои геосиёсӣ якҷо бо идеологияи собиқ аз байн раванд. Ин сабаби зуҳури раванди ҷаҳонишавӣ ва бо суръати бесобиқа густариш ёфтани он гардид.
Дар чунин шароит таълиму тарбияи насли наврас дар рӯҳияи худшиносию худогоҳӣ мавқеъ ва нақши муҳим мебозанд. Зеро ҳувияти фарҳангии қисме аз ҷавонон дар вазъияти ҳассоси ҷаҳонишавӣ зери таъсири идеяи бегона қарор гирифта, бо ин далел гирифтори хурофотпарастӣ, костагии эътиқод мегарданд. Фурӯпошии бунёдҳои ахлоқӣ, арзишҳои миллӣ барои ҳар ҷомеа хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Мо бояд ба умқи суханони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расем, ки таъкид кардаанд: «Агар мо имрӯз насли дорои ахлоқи ҳамида ба камол нарасонем, фардо ҷомеа ба  мушкилоти сангини иҷтимоию фарҳангӣ дучор меояд».
Аз ин хотир, масъалаи тарбияи ҷавонону наврасон дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон шуд, ки тадбири муҳим дар баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқию фарҳангии ҷавонон арзёбӣ мешавад. Дар ин раванд аз беҳтарин арзишҳои ниёгонамон, чун таҳаммулпазирӣ истифода бояд бурд. Он аз тадбирҳои озмудашудаи миллат ба ҳисоб рафта, усули давлатдорӣ низ аз таҳаммулпазирӣ сарчашма мегирад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  зимни суханронии худ дар  конфронси ҷумҳуриявӣ бахшида ба 1310 - солагии Имоми Аъзам (26 феврали соли 2009) иброз доштанд: «Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир, ки ихтилоф ва бархӯрди тамаддунҳо ҳар рӯз бо тобиши нав зуҳур мекунад, эҳё ва баҳрабардорӣ аз арзишҳои маънавии таълимоти таҳаммулгарои Имоми Аъзам, бешубҳа, ба густаришу тақвияти ҳамаҷонибаи гуфтугӯи тамаддунҳо мусоидат хоҳад кард».
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки арзишу ғановати суннатии халқҳоро ба нестӣ бурдан мехоҳанд, идеяи миллӣ нақши калидӣ бозида метавонад. Он дорои қудрату тавоноиест, ки ҳокимияти  давлатиро бо мардум пайванд месозад. Идеяи миллӣ дар дохили давлат танҳо мансуб ба як халқ нест. Он бояд манфиат, ормонҳои кулли мардуми кишварро дар худ таҷассум карда тавонад.
Идеяи миллӣ афкори  дастаҷамъӣ ва мароми якҷояи миллат буда, он дар ҳамзистии халқҳои гуногун давлатро ташаккул медиҳад. Ин василаи муҳимест, ки халқро муттаҳид ва барои иҷрои мақсаду мароми худ ба самти муайян равона менамояд. Дар ин маврид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маҷлиси Шӯрои ҷамъиятӣ (27 январи соли 2017) хотиррасон карданд: «Зимнан, ваҳдату ҳамзистӣ ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми ҳамдигар пояи боэътимоди истиқлолият, тавоноӣ ва  шикастнопазирии давлатро ташкил медиҳад ва риояи он, хусусан, дар шароити кунунӣ амри зарурӣ ба ҳисоб меравад». Дар иртибот ба ин мавзӯъ, Пешвои миллат борҳо хотирнишон карданд, ки идеяи миллии тоҷикон сулҳ аст. Аз ин хотир,  бо итминон гуфта метавонем, ки  мо идеяи миллӣ дорем ва он дар қавлу амали Пешвои миллат таҷассум ёфтааст. Хишти аввалро дар эъмори  бинои сулҳу ваҳдати миллӣ маҳз Сарвари муаззами давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гузоштаанд.
Аъзам МӮСОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 14.06.2017    №: 125    Мутолиа карданд: 497

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед