logo

иҷтимоиёт

САДОҚАТ БА ВАТАН. АРЗИШЕ, КИ НУСРАТУЛЛО МАХСУМРО ЗАФАР БАХШИД

Таҷрибаи таърихии миллати мо борҳо собит намудааст, ки халқи тоҷикро хатари парокандашавию нобудӣ дар пайраҳаҳои зиндагӣ доим домангир буд.  Аммо дар ҳамаи ин марҳалаҳои ҳассосу ҷонгудоз миллати тоҷик, бо хиради баланду хислати созандаи хеш ва бо фарзандони далеру шуҷои худ тавонистаанд аз худу ҳувияти миллиашон дифоъ намоянд.
Дар ин росто номи яке аз абармардони фидоии миллат, арбоби сиёсию ҷамъиятӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсумро зикр намудан бамаврид аст. Ӯ ва як зумра ҳаммаслаконаш дар як марҳалаи хеле мушкил ва нозук барои бунёди давлатдории тоҷикон, ташкил ва рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлати навбунёди Тоҷикистон, ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати дохилию берунӣ, бартараф намудани низоъҳои дохилӣ ва таъмини ҳаёти осоишта талошҳои зиёд намуда, дар ин самт корнамоиҳои бемисл нишон додаанд.
Дар ҷараёни татбиқи иқдомҳои зикршуда мушкилӣ ва монеаҳои зиёд садди роҳ мешуданд. Яке аз қазияҳои асосӣ ин бартараф намудани ҳаракатҳои зиддишӯравӣ ё ба истилоҳ босмачигарӣ буд. Аслан Нусратулло Махсум бо ҳама саркардагони босмачиҳо мушкилӣ дошт, аммо дар миёни онҳо Фузайл Махсум бо дидгоҳи манфиаш нисбат ба ӯ мақоми ҷудогонаро соҳиб буд. Ҳукумати шӯравӣ чораҳои заруриро дар бораи ба корҳои давлатӣ ҷалб намудани тарафдорони ҳаракатҳои зиддишӯравиро роҳандозӣ намуд. Бо вуҷуди ин, саркардагони онҳо бо чунин тарз зиндагӣ карданро қабул надошта, нисбат ба ҳамаи онҳое, ки аз ҳисоби мардуми маҳаллӣ бо русҳо ҳамкорӣ доштанд, душманӣ меварзиданд. Ин гурӯҳ, ки аз мансабу мақоми қаблии худ барканор шуда буданд, бо мақсади дубора қудратро ба даст гирифтан бо ҳар роҳу усул мубориза мебурданд. Яке аз ингуна шахсон Фузайл Махсум буд, ки дар водии Қаротегин ҳаракатҳои зиддишӯравиро сарварӣ менамуд. Ӯ дар симои Нусратулло Махсум рақиби деринаи худро медид. Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва ба корҳои давлатӣ ҷалб шудани Нусратулло Махсум ҳисси бадбинии Фузайл боз ҳам авҷ гирифт.
Ин ду нафар, ки худ зодагони собиқ бекигарии Қаротегин буданд, яке дар роҳи созандагии Ватан талош мекарду дигаре барои ҳифзи ҷону ҷалоли хеш. Аз ин рӯ, иқдому амалкардашон низ ба ҳам муқобил буд.
Нусратулло Махсум ҳамчун корманди масъули давлатӣ ҳамроҳи аскарони сурх дар торумори дастаҳои босмачиҳо саҳми назаррас дошт. Аз ҷумла, дар шикасти дастаҳои Фузайл Махсум августи соли 1923 фаъолона иштирок намудааст. Пас аз фирори Фузайл ва бародараш Саъдон ба Афғонистон Нусратулло  Махсум бо боқимондаи дастаҳои Фузайл гуфтушунид намуда, онҳоро ба таслимшавӣ моил кунонд. Натиҷа ин шуд, ки яке аз саркардаҳои дастаҳои мусаллаҳ Сатторпонсад бо як гурӯҳ ҷонибдоронаш таслим шуд. Тавре ки муаррих Э. Муҳиддинов менависад: «Гуфтушунид тӯл накашид. Соате гузашту аз роҳи байни деҳа галаи савораҳо поён фуромаданд. Пешопеш Нусратулло Махсум ва Сатторпонсад бари ҳам асп меронданд…».  
Пас аз таъсисёбии ҶМШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ҳамчун раиси КИМ-и ин давлати навбунёд ба хубӣ дарк намуда буд, ки дар натиҷаи нодуруст ба роҳ мондани ташвиқоти зиддишӯравӣ як қишри ҷомеа гумроҳ шудаю ба доми фиреби онҳо афтидаанд. Аз чунин ранг гирифтани кор Нусратулло Махсум ба ташвиш омада, миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботиро пурзӯртар намуд.
Бо мақсади бо роҳи осоишта ҳал шудани мушкилоти мавҷуда ва минбаъд нарехтани хуни одамони бегуноҳ  тасмим гирифт, ки авфи умумӣ эълон намояд. Ҳамин тавр, 5 феврали соли 1925 КИМ ҶМШС Тоҷикистон ба қувваҳои  зиддишӯравӣ муроҷиат намуда, онҳоро даъват кард, ки фавран аз  мубориза даст кашанд. Ба онҳое, ки то 18 июни соли 1926  ихтиёран ба тарафи Ҳокимияти  шӯравӣ мегузаранд,  авф эълон карда шуд. Ба мардуми муҳтоҷ ва бенаво ваъда доданд, ки онҳоро аз ҷиҳати иҷтимоӣ дастгирӣ менамоянд. Ҳукумати Иттиҳоди Шӯравӣ чунин ҳолати Ҷумҳурии Мухтории Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, илова ба буҷети муайяншуда, 980 ҳазор сӯм ҷудо кард. Гузашта аз ин, деҳқононро барои ду сол аз супурдани андози  кишоварзӣ озод намуда, қарзҳои  пештараро бахшид. Бо вуҷуди душвориҳо, ба мардум ба қадри имкон гандум ва тухмӣ, инчунин, қарзи пулӣ дода шуд.
Ин дастгириҳо бадхоҳону душманони сохти навро ба андешидани тадбирҳои ҷавобӣ ва амалӣ сохтани ҳадафҳои нопоки худ водор намуд. 12 апрели соли 1929 Фузайл Махсум бо як дастаи мусаллаҳ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ҳуҷум карда, Тавилдара, Қалъаи Лаби Об (ҳозира Тоҷикобод), Ҳоит ва шаҳраки Ғармро зери тасарруфи худ даровард. Барои шикасти қувваҳои Фузайл дар Ғарм аз ҳисоби кормандони масъули давлатию омӯзгорони ҷавон таҳти роҳбарии Ф. Гутовский ва Ф. Мокритский ду даста дар ҳайати 18 ва 9 нафарӣ ташкил шуд. Дар рафти ҷанг Гутовский ба ҳалокат расида, дастаи Мокритский ба муҳосира афтод. Ҳамон рӯз аз Душанбе ба воситаи самолётҳо қувваҳои имдодӣ таҳти роҳбарии фармондеҳи округи ҳарбии Туркистон П. Е. Дибенко, командири бригада Т. Г. Шапкин ва комиссари он А. Т. Федин фиристода шуданд.  Нусратулло Махсум низ ҳамроҳи онҳо буд ва дар торуморсозии дастаҳои Фузайл саҳм гузошт. Профессор Мақсуд Шукуров менависад: «Аз садоқати бепоёни Нусратулло Махсум ба халқу диёри худ, ғайрату фидокории ӯ он чиз гувоҳӣ медиҳад, ки ҳангоми дар вилояти Ғарм сар бардоштани дастаҳои навбатии ғоратгари босмачиёни Фузайл Махсум (соли 1929) қатъи назар аз норозигии роҳбарияти Ӯзбекистон ва анҷумани дуюми шӯроҳои Тоҷикистон, ҳамроҳи чанд вакили анҷуман бо тайёраи мусаллаҳ фавран ба он ҷо парвоз кард».
Мардум ӯро дӯст медоштанду дар атрофаш муттаҳид шуданд. Ҳамин буд, ки Фузайл боз шикаст хӯрду ба Афғонистон фирор кард. Аммо бадбахтиҳое, ки ҳамон сол ӯ ва ҳамроҳонаш ба сари мардуми ин водӣ оварда буданд, хеле дардноканд. Махсусан ба дор овехтани се муаллима ва қатли 15  муаллими пешқадам доғест дар дили мардум. 
Давлатшоҳ МАҲМУДОВ,
омӯзгори факултети таърихи
Донишгоҳи давлатии  омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2017    №: 126-127    Мутолиа карданд: 421

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед