logo

иқтисод

БУНЁДИ КОРХОНАҲОИ НАВ ДАР ВАНҶ

Тибқи иттилои Салимҷон Сурхов, мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ,   солҳои аввали соҳибистиқлолӣ шумораи соҳибкорони ноҳия ҳамагӣ   30 нафар буд. Ҳоло бошад, қариб  280 нафар сокинони ноҳия ба соҳибкории хурду миёна машғуланд. Бо дастгирии  мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  соҳибкорони муваффақ ва ташаббускор Муфарраҳ Муҳаббатов, Васила Ғафурова, Калон Дамдоров, Воҳид Искандаров,  Алифбек Шарифов, Розиқ Гиёев, Сардор Қувватов ва дигарон корхонаҳои зиёди коркарди маҳсулот, марказҳои хизматрасонӣ, меҳмонхона ва иншооти дигари зарурӣ бунёд намудаанд, ки ҳоло мавриди баҳрабардорӣ қарор доранд. 

Ба истиқболи Ҷашни Ваҳдати миллӣ ҷараёни корҳои ободонӣ,   бунёдкорӣ ва созандагӣ дар ноҳия вусъати тоза пайдо кардааст. Дар асоси барномаи таҳиянамудаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соҳибкорон, қабл аз ҳама, ба хотири  бо ҷои кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин намудани сокинони ноҳия  ба сохтмони корхонаҳои коркарди маҳсулот, маҷмааҳои истироҳатӣ - фароғатӣ барои ҷаҳонгардони хориҷӣ, ки ба тамошои пиряхҳои Федченко,  Хирсон ва дигар маконҳои хушманзараи ноҳия меоянд, инчунин, марказҳои дигари хизматрасонӣ  диққати аввалиндараҷа медиҳанд. Дар ноҳия тайи 20  соли ваҳдати миллӣ аз ҷониби соҳибкорон корхонаҳои асфалтбарорӣ дар мавзеи Сурхсангов, коркарди чӯбу тахта ва коргоҳҳои дӯзандагӣ дар маркази ноҳия, фермаи чорво ва мурғпарварӣ, сехи истеҳсоли равғани ангат дар деҳаҳои Ғуҷоваст ва Вишхарваки водии Ванҷи Боло бунёд гаштанд.
Ноҳияи  Ванҷ, ба гуфтаи  геолог Назруддин Асоев, аз ҷиҳати захираи маъданҳои кӯҳӣ ва сангҳои қиматбаҳо яке аз минтақаҳои сарватманди Бадахшон аст. Дар ин ҷо аз мармару сангҳои қиматбаҳо сар карда, то никелу оҳан, ашёи хом баҳри истеҳсол кардани семент ва дигар масолеҳи  бинокорӣ хеле фаровонанд. Аммо то солҳои охир танҳо санги мармари сафеди  мавзеи Лугади Ҷамоати деҳоти Вотхуд каму беш дар шакли ашёи хом истифода бурда мешуду халос. Баъди аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чораҳои мушаххас сармоядорони хориҷӣ ба ин ганҷҳои зери замини Ванҷ ва саросари Бадахшон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карданд. Ҳоло соҳибкорони тоҷик  дар ҳамдастӣ бо ширкатҳои хориҷӣ мармари сафед, сиёҳ, кабуду  сурх ва дигар маъданҳои пурқимати  мавзеъҳои  Пойи Мазор, Сумгаду Ванвани водии Ванҷи Болоро таҳқиқ ва коркарди саноатиашонро роҳандозӣ намудаанд. Ҳамзамон, тахтасангҳои мармари сафеди  мавзеи Лугадро ба корхонаҳои шаҳри Душанбе кашонда, аз он чандин намуди   маводи сохтмонӣ тайёр мекунанд.
Дар ояндаи наздиктарин дар деҳоти водии Ванҷи Боло  корхонаи нави саноатии коркарди  сангҳои қиматбаҳо арзи вуҷуд хоҳад кард. Аз ин иқдом пеш аз ҳама сокинони ҷамоатҳои деҳоти Рованд ва Техарву Ҷовидон бурд мекунанд.  Зеро  садҳо  нафар ҷавонон дигар ба муҳоҷирати меҳнатӣ нарафта, дар зодгоҳи худ бо ҷои кори доимӣ таъмин мегарданд.
Ба гуфтаи Одинашо Мардов, муовини аввали раиси ноҳия, кашшофон дар ноҳия захираи хеле калони сарватҳои табииро  муайян кардаанд.  Дар ин минтақаи пурфайзу баракати Бадахшон  шароит ва имкониятҳои васеъ баҳри ҳамкории зичи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шарикони хориҷии рушд  ва соҳибкорон ба хотири  бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ  мавҷуданд.
Сироншоҳи ДИЛОВАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2017    №: 126-127    Мутолиа карданд: 462

10.12.2018


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Томас Гремингер

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба таъсиси воҳидҳои таъйиноти махсуси ВКД

Ба ифтихори солгарди Сайидои Насафӣ Конфронси байналмилалӣ доир мегардад

Вориси Ангела Меркел дар мақоми сарвари ҲНД Аннегрет Крамп-Карренбауэр шуд

Дар ОПЕК+доир ба маҳдудсозии истихроҷи нафт ба мувофиқа расиданд

Боздошти беш аз 1700 нафар дар намоишҳои эътирозӣ дар Фаронса

Беш аз нисфи аҳолии сайёра ба интернет дастрасӣ ёфт

Ҷаҳон дар як сатр

МАСТЧОҲ. Деҳаҳо симои нав мегиранд

Путин: «Дар ИИАО бозори ягонаи газ, нафт ва маҳсулоти нафтӣ мешавад»

Нахустин ҳамоиши сарони манотиқи кишварҳои СҲШ дар Челябинск гузашт

Медведев: «Россия мушкили амнияти озуқавориро ҳал намуд»

Дар Олмон кӣ Ангела Меркелро иваз мекунад?

Нақлиёти ройгони ҷамъиятӣ дар Люксембург

Ҷаҳон дар як сатр

Кишоварзӣ бахши муҳим дар ноҳияи Деваштич

06.12.2018


74 варзишгар ба Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд

Иштироки муовини вазири рушди иқтисод ва савдо дар мулоқоти сатҳи баланд

Баррасии масъалаи содироти маҳсулот ба бозорҳои Аврупо

ПАНҶАКЕНТ. Ифтитоҳи 63 иншоот

Бунёди роҳи танобӣ дар шаҳри Хуҷанд

“ГАНҶИ ҲИЛОЛ”. Тадбирҳо самар медиҳанд

05.12.2018


Баррасии масоили сиёсати хориҷии кишвар

Мулоқоти Шамсиддин Орумбекзода бо Мерилин Йосефсон

Баргузории конференсияи «Нақши сайёҳӣ дар ташаккули тарзи ҳаёти солим»

Путин ва Назарбоев ҳамкориро дар доираи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё баррасӣ карданд

Куртс ҳамкорӣ бо Россияро шарти сулҳу субот дар Аврупо номид

Вашингтон дар Покистон муколамаи Кобул бо "Толибон"-ро муҳокима мекунад

Трамп дар фикри баррасии мушкили мусаллаҳшавии бошитоб бо Путин ва Си Ҷинпин шуд

Ҳонконгро матлубтарин кишвари дидании сайёҳон дар соли равон хонданд

Ҷаҳон дар як сатр

ЛУКА МОДРИЧ - барандаи "Тӯби тиллоӣ"

5 медали теннисбозони тоҷик

04.12.2018


Ҳамоиш оид ба татбиқи самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистон


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед