logo

иҷтимоиёт

ИСТИҚЛОЛИЯТ. ДАСТОВАРДҲОИ ИҚТИСОДӢ ВА САҲМИ ҶАВОНОН

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои сиёсати дохилию хориҷӣ ва дастовардҳои беназири давлати ҷавони моро, ки дар замони истиқлолият ва ваҳдати миллӣ ба даст омадаанд, мавриди таҳлили амиқ қарор дод.
Ҳамчун як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихор аз ин Ватану ин миллат мекунам, ки дар даврони истиқлолият ва  фазои орому осоишта умр ба сар бурда, аз неъматҳои бузурги Ватан истифода мебарам.
Истиқлолият барои мо имкон фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.
Мардуми сарбаланди тоҷик дар зарфи 25 соли соҳибистиқлолӣ ба дастовардҳои беназири иқтисодӣ комёб гардид. Баъди ба даст овардани сулҳ ва ризояти миллӣ, новобаста аз мушкилот, дар натиҷаи чораҳои андешидаи ҳукумат мамлакат ба марҳилаи рушд ворид шуд ва дар натиҷаи суръат бахшидани корҳои бунёдкориву созандагӣ ва татбиқи ислоҳоти фарогир дар ҳамаи соҳаҳо пешрафти босуботи иқтисодиёт ба даст омада, сатҳи зиндагии мардум боло рафт. Маҳз аз ҳамин давра сар карда, Ҳукумати кишвар тамоми захираву имкониятҳо ва саъю талоши худро ба иҷрои се ҳадафи стратегии давлат - таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ равона сохт.
Нишондодҳои иқтисодии кишварамон дар зарфи 25 сол назаррас мебошанд. Дар ин муддат маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ҳар сол ба ҳисоби миёна беш аз 7 дарсад афзуда, то чор баробар зиёд шуд. Танҳо дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд.
Беш аз 2000 километр роҳи мошингард, 190 километр роҳи оҳан ва зиёда аз 30 километр нақбҳои мошингузар ба маблағи умумии 11,4 миллиард сомонӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Дар соҳаи маорифу тандурустӣ бошад, зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду аз навсозӣ гардиданд.
Барои пешравии иқтисодиёти кишвар нақши соҳибкории хурд ва миёна беандоза бузург аст. Ҳукумати кишвар пайваста барои дастгири намудани ин бахш аҳамияти ҷиддӣ зоҳир менамояд. Дастгирӣ ва муҳайё сохтани шароитҳои хуб барои соҳибкорон ва махсусан соҳибкорони хурду миёна дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.
Дар зарфи 5 соли минбаъда рушди иқтисодии Тоҷикистон бояд 35 дарсадро ташкил кунад, ки дар натиҷаи он маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ду баробар афзоиш меёбад. Мусаллам аст, ки иҷрои барномаҳои инкишофи иқтисодии кишвар  ба фаъолияти мо, ҷавонон, вобастагии муҳим дорад. Бо назардошти ин, моро зарур аст, ки ҳамеша гуфтаҳои Сарвари давлатро нақшаи кори ҳаррӯзаи худ қарор дода, дар пайи иҷрои он бошем.
Қ. МИРЗОЕВ,
докторанти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2017    №: 126-127    Мутолиа карданд: 536

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед