logo

фарҳанг

ЗАБОН. МАҚОМИ ОНРО НОДИДА НАГИРЕМ!

Дороиҳои забони тоҷикӣ дар забони мардуми тоҷик ва адабиёти чандасрааш чунон доман густардааст, ки, бешубҳа, барои ояндаи рӯшан ва умри дарозаш мусоидат мекунанд. Аммо масъалаи муҳим дар ин маврид дуруст омӯзишу пажӯҳиш шудани вожаҳои аз истеъмол бозмонда ва ё камистеъмоли забони тоҷикӣ ва аз нав ба истифодаи умум баровардани онҳост, ки ҳиммати айниёна мехоҳад.

Аслан, ин матлаб ба рағми даъвогароне, ки бунмояи забони моро бо зикри факту рақам ва нишон додани шасту ҳафтод дарсадҳои ҳавоии забони арабӣ медонанд, иншо шуд. Ҳол он ки бештари чунин даъвогарон калимаҳои арабиву туркиро аз тоҷикӣ (форсиву дарӣ) ҷудо карда, дуруст ташхис карда наметавонанду боз ба сари забони модарии худ таънаи туркзадагиву арабзадагӣ мезананд.
Бо вуҷуди ин, имрӯзҳо аз баъзе сардаргумиҳои забонӣ, ки бештарашон дар фазои садову симо ва интернет мушоҳида мешаванд, бетафовут гузашта наметавонем. Масалан, ҳар касе, ки қаламбадаст аст, одат кардааст, ки ҳангоми расондани хабари нохуш бигӯяд: вазъ дар фалон минтақа муташанниҷ аст. Чаро ба ҷои «муташанниҷ» вожаи «ноором»-ро истифода набарем? Ё худ менависанд: чунин мулоқотҳо  мутассил гузаронда мешавад. «Чунин вохӯриҳо пайваста гузаронда мешаванд» гӯем, магар авлотар нест?
Боз ҳам бо ифтихор менигорад: «Тоҷикистон ба мамлакати мутараққӣ табдил меёбад». Чаро «Тоҷикистон кишвари пешрафта мешавад» нагӯем? Барандаи радио мегӯяд: «Салом, сомеони азиз». Чаро ӯ салом (дуруд) шунавандагони гиромӣ нагӯяд?
Аз ин «мушт намунаи хирвор» дарк кардан осон аст, ки соҳиби забон хоҳад, забони ӯ метавонад дар ҳама ҳол асолату беолоишии худро нигоҳ дорад. Ба андешаи мо, забони арабиро, бавижа, вожаву ибораҳои мушкилфаҳми онро бояд дар мавридҳое истифода барем, ки меъёрҳои забонамон тақозо менамоянд. Яъне, сабаби асосии кор гирифтанамон аз дигар забон, бавижа арабӣ, бояд такрор наёфтани як вожа дар чанд маврид ва ё назокати забон бошаду бас. Ба ҳавову ҳаваси доноиву сухангустарӣ дилбаста шуда, шарт нест, ки аз забони мушкилу аз омма фарсахҳо дурбуда кор бигирем ва бо ин роҳ худро ба атрофиён бартарӣ диҳем. Албатта, такрори ин гуфтаҳо зарур нест, дар ҳоле, ки устод Айнӣ ва адибони дигари мо доир ба ин масъалаи забони тоҷикӣ басо гуфтаҳову навиштаҳо доранд.
Бавижа, устод Айнӣ айнан ҳамин мавзӯъро ҳанӯз соли 1928 пайгирӣ намуда, бо изтироб навистанд: «Ман шахсан ба кор фармудани баъзе суханҳои арабӣ, ки имрӯз дар забони форсу тоҷикӣ ҳазм шудааст, муқобил нестам. Ва, инчунин, кор фармудани истилоҳҳои илмӣ - арабиро, ки аз имрӯза форсӣ ё тоҷикӣ ба ҷои онҳо сухани қобиле ёфт намешавад, лозим медонам. Лекин на ба он дараҷа, ки аз забони форсӣ танҳо «адот» боқӣ монад ё баъзе суханҳои дар форсӣ ҳазмшудаи арабиро ба қоидаи араб ҷамъ карда хонандагонро ба кофтукови луғат ва сарфу наҳви арабӣ маҷбур кунанд». Рустам Ваҳҳобзода, номзади илмҳои филология, дар такя ба андешаҳои устод Айнӣ менависад: «Назари устод Айнӣ дар ниҳоят ин аст, ки нигориши китобҳо ва матбуоти тоҷик бар асли забони зиндаи мардуми Тоҷикистон дар сурати татбиқи он ба қоидаҳо ва меъёрҳои забони адабиёти қадимиамон, воситае мешавад барои эҷоди як забони намуна на танҳо барои тоҷикҳо, балки тамоми порсизабонони ҷаҳон».
Таълифу тадвини вожаномаҳо метавонад дар ин самт корсоз бошад. Аз ҷумла, «Фарҳанги Доро» - и Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон, бо фарогирии беш аз 5000 вожа, истилоҳ, таркиб ва ибораи тоҷикӣ (форсиву дарӣ) аз намунаи беҳтарини чунин корҳост. Бавижа, гурӯҳи калимаҳое, ки ӯ аз забони зиндаи мардум ҷамъоварӣ кардааст (бо мисол овардан аз осори шоирону нависандагони муосир), бояд истифодаи бештар дошта бошанд. Аз ҷумла, тиреза, каҳгил, шинам, шабдарав, дуҷон, пичинг, говгум, чакман, зарҳал, корам, кафшер, одмиёна, шалпар, шиннӣ, ярч, чакан, парсинг ва ғайраҳо.
Назаре кардан ба баъзе вожаву ибораҳои маъмул (бо овардани далелҳо) кофӣ аст, то хонанда муроди моро рӯшантар бифаҳмад.
Ташкилот - созмон, идора (ҳуҷраи кор) - коргоҳ, қалам - хома (килк), мактуб (хат) - нома, шеър - чакома, сарвода, либос - ҷома, чайқӣ (чайқа) - обгардон, мунтахаб - баргузида, мухтасар - ихчам, таҳният (табрикот) - шодбошӣ, қасам - савганд, аскар - сарбоз, сомеъ - шунаванда, оила – хонавода, тасанно - офарин, муҳокима – баррасӣ, васл - пайванд, кумак - ёрӣ (ёрмандӣ), судя - довар, вазорат - девон, муваффақ - комрон (пирӯз), соҳибони хона - катбонуву катхудо, қаймоқ - саршир (саришир), ғолиб - дастболо, тими мунтахаб - дастаи яккачин (гурӯҳи баргузида), ҷиҳоз - коло, машҳур (маъруф) - номвар (овозадор), қадим - бостон, таҳқиқ - пажӯҳиш  (муҳаққиқ - пажӯҳанда).
Аз ин рӯйхати мухтасар, ки нахуст калимаву ибораҳои арабиву туркӣ оварда шуданду сипас муродифи тоҷикии онҳо, метавон хулоса кард, ки мо садҳо ё шояд ҳазорон вожаҳои тоҷикии бостониро ба гӯшаи фаромӯшӣ супурдаем ва ё камтар ёдашон мекунем.
Дар ин бора, ки воқеан ҳам баъзе калимаҳои арабӣ ва дигар забонҳо дар таркиби забони мо яккатозанду муродиф надоранд ва ё ҳаммаънои мувофиқи худро наёфтаанд, ҷои баҳс нест. Аммо барои ҷогузин кардани ин қабил калимаҳо дар забони тоҷикӣ бузургону абармардони суханпардози мо ҳуқуқи пурраи маънавӣ доштанду мо низ дорем. Зеро, то замоне ки онҳоро ба унвони калимаи худӣ пазиро бошему ба орият бигирем, дар миқёси на танҳо Тоҷикистону Осиёи Миёна, балки берун аз он низ дар тарғибу ташвиқи забонҳои арабию туркӣ ва рушди маънавияти соҳибони забонҳои ёдшуда басо ранҷҳои бедареғи фарҳангӣ кашидаем.
Як сайри таърихӣ кофист, то бидонем, ки Рӯдакӣ «Калила ва Димна» - ро аз забони арабӣ ба форсӣ баргардонд, Қатрон аз Носири Хусрав дар Қафқоз хоҳиш кард, ки шеърҳои шоирони Аҷамро бихонад, Мавлоно Қунияро аз вожаҳои тоҷикӣ лабрез намуд.
Ин ҳама додугирифт ва гуфтушунидҳои маданӣ, албатта, забони моро фаротар бурду як силсила вожаҳои дигарро бо худ овард. Ва, хулоса, ҳаргиз ниёгони мо калимаву ибораҳои забони дигарро беиҷозату бедареғ вом нагирифтаанд.
Аксари касоне, ки аз нофаҳмову дурушт будани забони баъзе аз садову симои тоҷик ҷор мезананд, ду ҷиҳати масъаларо дарк кардан намехоҳанд. Аввал, забонашро касе мефаҳмад, ки бо ин забон ҳадди ақал сад китоби бадеиву илмиву оммавӣ хонда бошад. Дувум, ба ислоҳи камбуди роҳёфта кӯшише накарда, бо интиқоди хушку холӣ «дили худро холӣ» мекунанд.
Дар ин маврид назари пажӯҳишгарони хориҷӣ бисёр муҳим аст. Зеро назару мулоҳизаҳои беруна аксар вақт бетарафона сурат гирифта, ба ҳақиқат бештар наздиканд. Аз ҷумла, устод Садриддин Айнӣ низ соли 1928 дар маҷаллаи «Раҳбари дониш» (шумораи  4 - 5) мақолае дар ин мавзӯъ чоп карда, суханони худро бо хулосаи шарқшиноси маҷорӣ Ҳерман Вамберӣ қувват медиҳад: «Лаҳҷаи форсии Осиёи Миёна, ки бо вай тоҷикон гап мезананд, то имрӯз аз тарафи донишмандони забони форсӣ тафтиш нашудааст. Дар ин лаҳҷа аз ҷиҳати луғат ва аз ҷиҳати эъроб бисёр хосиятҳо ҳастанд, ки услуби Фирдавсиро ба ёд меоранд, дар ин лаҳҷа замирҳо ва феълҳо назар ба лаҳҷаи ҳозираи Эрон ба таъсири забони бегона камтар дода шудаанд...»
Ҳанӯз соли 2012 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд: «Мо ҳеҷ гоҳ иқтидору имконоти забонамонро дар мақоми забони илм набояд нодида гирем ва онро камарзиш шуморем. Забони миллии мо чун омили тавоноии забони илм, чунонки дар аҳди Сомониён ва минбаъд дошта буд, ҳоло низ аз чунин имконот бархӯрдор мебошад».
Чунин ибтикороту изҳороти қатъии бузургони миллат, агар бовару эътимоди мо – соҳибзабононро ба забони давлатӣ нишон диҳад, аз ҷониби дигар водор месозад, ки омӯзиши ростини забони тоҷикиро аз муҳити хонаводагӣ оғоз намоем. Дар дили насли ҷавон танҳо ҳисси камбудиҷӯӣ ва парҳез аз чизи номафҳуму мураккабро не, балки ҳисси кунҷковӣ ва масъулияти пажӯҳишу ҷустуҷӯро низ ташаккул диҳем. Насли огоҳ дар баробари гуфтани «Масъала чунин аст», инчунин саволи «Барои чӣ» - ро низ ба миён гузошта, ҷавоби, саҳеҳи онро пайдо карда тавонад ва ноогоҳона ба хулосаҳои нодуруст наояд. Зеро на танҳо забон, балки тамоми арзишҳои милливу фарҳангӣ ҳар давру замон ниёзҳои соҳибону омӯзандагони ин забонро қонеъ карда метавонад.
Бузургмеҳри БАҲОДУР, 
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2017    №: 126-127    Мутолиа карданд: 743

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед