logo

сиёсат

ИЗҲОРОТИ МАТБУОТИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АЗ РӮИ НАТИҶАҲОИ МУЗОКИРОТИ ТОҶИКИСТОНУ АРМАНИСТОН, ЕРЕВАН, 14 ИЮНИ СОЛИ 2017

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма!
Хонумон ва ҷанобон!
Пеш аз ҳама, мехостам ба муҳтарам Серж Азатович Саргсян, Ҳукумат ва мардуми дӯсти Ҷумҳурии Арманистон барои меҳрубонӣ ва меҳмоннавозӣ изҳори миннатдорӣ намоям.
Рамзист, ки сафари расмии кунунӣ дар соли биступанҷумин солгарди барпо гардидани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат сурат мегирад. Аз ин нуқтаи назар, мо сафар ва натиҷаҳои онро ҳамчун идомаи самти таҳким бахшидани муносибатҳои байнидавлатии Тоҷикистону Арманистон мепиндорем, ки дар давраи истиқлолият мунтазам рушд менамоянд.
Мулоқотҳои имрӯзаро мо ҳамчун марҳалаи нави муколамаи сиёсии доимии байни ду давлат, аз ҷумла дар сатҳи олӣ меҳисобем. Зимни музокирот мо маҷмӯи васеи масоили ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ кардем.
Мо рушди минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Арманистонро дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника, фарҳанг, гуманитарӣ ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ҷонибдорӣ намудем.
Ҷонибҳо ҳамфикр буданд, ки ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо то ҳол ба имконоте, ки дар кишварҳои мо мавҷуданд, ҷавобгӯ нест. Ҷонибҳо дар доираи баррасии самтҳои муҳими ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ муҳимияти густариши ҳамкориро миёни субъектҳои хоҷагидорӣ ва бахши хусусии ду давлат зикр намуданд.
Мо тасмим гирифтем, ки имконоти мавҷударо пурратар истифода барем, то ҳаҷми гардиши молро ба таври назаррас зиёд ва лоиҳаҳои муштараки иқтисодиро татбиқ намоем. Ба пурра гардондани мазмуни амалии ҳамгироии мо дар бахшҳои воқеии иқтисодӣ изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Мо ширкатҳои Арманистонро даъват намудем, ки бо истифода аз имконоти сармоягузорӣ ва технологияҳои нави худ дар лоиҳаҳои мо, ки аз нуқтаи назари манфиати иқтисодӣ ҷолибанд, ширкат намоянд.
Дар мо чунин лоиҳаҳо ва барномаҳо дар соҳаҳои энергетика, сайёҳӣ, саноати кӯҳӣ, саноати сабук, саноати хӯрокворӣ ва коркард, инфрасохтори нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин, тандурустӣ мавҷуданд. Мо омодаем, ки барои ин шароити мусоид фароҳам орем.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамгироиро дар доираи Комиссияи байниҳукуматии амалкунанда оид ба масоили ҳамкории иқтисодӣ фаъолонатар идома диҳанд.
Зимни мулоқоту музокироти имрӯза мо, инчунин, имконоти назаррасро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва гуманитарӣ муайян кардем. Муҳимияти рушди минбаъдаи робитаҳои байни ду кишвар дар соҳаҳои илму техника, илм, маориф ва фарҳанг таъкид гардид.
Ҷонибҳо ба имзо расидани маҷмӯи нави созишномаҳоро аз рӯйи натиҷаҳои музокирот, ки ба таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба дар самтҳои мушаххаси ҳамкорӣ равона шудаанд, муҳим эътироф карданд.
Мо доир ба як зумра масоили муҳими рӯзномаи байналмилалӣ табодули назар намудем. Дар мадди назари мо масоили таҳкими минбаъдаи субот ва амнияти минтақа буданд. Дар робита ба ин, мо вазъ ва дурнамои ҳамгироиямонро дар доираи СММ, САҲА, ИДМ, СААД ва дигар созмонҳои бисёрҷониба баррасӣ намудем.
Ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди таҳдидҳои глобалӣ - терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар намудҳои ҷиноятҳои муташаккил тасдиқ намуданд.
Зимни баррасии масоили дорои хусусияти минтақавӣ, мо бо Серж Азатович оид ба мушкилоти Афғонистон табодули афкор намуда, вобаста ба бад шудани равандҳое, ки дар давлатҳо ва минтақаҳои ҷудогона рух медиҳанд, изҳори нигаронии ҳамсон намудем.
Бо дарназардошти таҷрибаи сулҳоваронаи худ, мо принсипҳои ҳалли мусолиматомези мухолифатҳо ва низоъҳои мавҷударо дар доираи меъёрҳои байналмилалии эътирофгардида қатъиян ҷонибдорӣ менамоем. Музокирот, ба назари мо, самарабахштарин роҳи ҳалли чунин мушкилоти мураккабест, ба монанди мушкилоти Кӯҳистони Қарабоғ.
Дар фарҷом, мехостам қаноатмандиамонро аз натиҷаҳои музокирот, ки дар фазои дӯстӣ, созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт, таъкид намоям.
Итминон дорам, ки натиҷаҳои мулоқотҳои расмии имрӯза барои таҳким ва рушди ҳамкории байни давлатҳои мо ба манфиати ду халқ уфуқҳои навро боз хоҳанд кард.
Ман муҳтарам Серж Саргсянро даъват намудам, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд. Умедворам, ки идомаи муколамаи мо дар шаҳри Душанбе ба тақвияти ҳамкории мусбати ду давлат мусоидат хоҳад кард.
Ба диққататон ташаккур.


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2017    №: 126-127    Мутолиа карданд: 495

19.11.2019


Тасдиқи Тартиби кори шабакаи иттилоотӣ-телекоммуникатсионии интернет аз рӯи технологияи Wi-Fi

Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо Ҷон Гинкел

Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ матраҳ гардид

Туҳфаи Рустами Эмомалӣ барои сокинони шаҳри Хоруғ

Панкратион. Паҳлавони тоҷик чемпиони ҷаҳон шуд

18.11.2019


Таҷлили Рӯзи Президент дар шаҳри Хоруғ

Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар Тошканд

Масъалаи сармоягузории хориҷӣ ба низоми бонкии Тоҷикистон матраҳ гардид

Путин БРИКС - ро кафили суботи ҷаҳон номид

Чаро ИМА ва Корея машқҳои муштаракро мавқуф гузоштанд?

ХДУ ва СРУ дар вилояти Киев "яке аз сарони ДИ" - ро боздоштанд

Туркия 23 террористро ба Қирғизистон истирдод мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия монд

15.11.2019


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Вохӯрии Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати Фонди қарзии кафолатии Тоҷикистон

Хонандагони тоҷик дар озмуни «Роботтехника» сазовори ҷойи дуюм шуданд

Талаби Си Ҷинпин аз ҳукуматдорони Ҳонконг

Фоҷиа. 90 дарсади Венетсия зери об монд

Дар Франсия таҷдиди Нотр - Дам боиси ҷанҷол шуд

Дар Ӯзбекистон лоиҳаи маърифатии «Як миллион барномасоз» роҳандозӣ мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2019


Мулоқоти Ҷамолиддин Нуралиев бо намояндагони «Moody’s Investors Service»

Оид ба имконоти рушди кӯдакон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Тақвияти робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо музофоти Ҳубэй

Таэквондо. 22 медали варзишгарони тоҷик аз Бухоро

"Тулӯи ҳақиқат" дар Рӯзи Президент

Шумораи сайёҳон дар Россия беш аз 20 дарсад афзудааст

Ашқобод мизбони нишасти зиддитеррористии ниҳодҳои дипломатии кишварҳои ҳамсуд

Сарвазири Ҳиндустон вохӯрияш бо Путинро олиҷаноб номид

Сесад ҷангии «Давлати исломӣ» дар Афғонистон таслим шуд

Коломойский ба Украина рӯ ҷониби Россия оварданро пешниҳод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

13.11.2019


Дар Осетия пайкараи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед