logo

сиёсат

АНТОНИУ ГУТЕРРИШ: "ТОҶИКИСТОН ДАР ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАИ ЗАХИРАҲОИ ОБӢ НАМУНА АСТ"

Боздиди Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, аз мамлакати мо бори дигар ин амрро собит намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минҳайси як кишвари ташаббускор дар ҳалли масоили байналмилалӣ мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.
Ин меҳмони олимақом дар доираи сафари серӯзааш ба Тоҷикистон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуда, рӯзи 12 июн дар ҳамоиши сатҳи баланд таҳти унвони «Таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба рушди устувор дар шароити таҳдиду хатарҳои муосир», ки дар «Кохи Наврӯз»-и пойтахт баргузор шуд, иштирок кард. Дар ин чорабинии муҳими байналмилалӣ, ки бо иштироки Пешвои миллат баргузор шуд, роҳбарону намояндагони воломақоми дигар ташкилоту созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ, корпуси дипломатӣ, коршиносону масъулони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат ҳузур доштанд. Расонаҳои дохиливу хориҷӣ ҷараёни ҳамоишро пайгирӣ намуда, шаҳри Душанберо ба ҳайси мизбони чорабиниҳои сатҳи баланд дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доданд.
Дабири кулли СММ ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, бахусус масъалаҳои марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон баҳои баланд дода, иқдомҳои бузурги байналмилалӣ ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар ин самт муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Антониу Гутерриш зимни боздид аз кӯли Сарез, ки дар водии Бартанги Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷойгир аст, Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар истифодаи самаранок, оқилона ва устувори захираҳои обӣ намуна арзёбӣ карда, гуфт: «Хеле муҳим аст, ки ҷомеаи байналмилалӣ аз ин шеваву усули истифода сабақ биомӯзад ва ба он пайравӣ намояд».
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави сиёсати хирадмандонаву башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз истиқрори сулҳ баробари дастовардҳои рӯзафзуни сиёсати дохилӣ дар самти сиёсати хориҷӣ низ ба муваффақиятҳои беназир мушарраф гардид.
Тавсияи таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон барои кишварҳои даргири сайёра аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид, нақши назаррас дар ҳалли масоили глобалӣ, пазироии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз иқдомоти байналмилалии Пешвои муаззами миллат Тоҷикистони соҳибистиқлолро ҳамчун кишвари ташаббускор дар мазҳари умум қарор дод.
Ахиран дар идомаи истиқбол аз ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, 21 декабри соли 2016 оид ба қабули Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (солҳои 2018 - 2028) қатънома қабул намуд. Мақсади асосии эълон намудани даҳсолаи нав мусоидат ба талошҳои дастаҷамъона ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии марбут ба об буда, дар робита ба ин ва дигар иқдомоти қаблӣ ҷомеаи байналмилалӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳамаи ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.
Бо назардошти аҳамияти ин ташаббус, ки нақши мустақим дар рифоҳи зиндагӣ ва наҷоти аҳли башар аз хатари беобӣ дорад, дар баробари кишварҳои аъзои СММ шахсиятҳои бонуфузи ҷаҳонӣ низ иқдоми Сарвари давлати моро ба ҳайси як амри зарурӣ истиқбол карданд. Аз ҷумла, Пан Ги Мун, собиқ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар робита ба қабули ин санад изҳори бовар намуда буд, ки даҳсолаи нав дар роҳи таҳким ва мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши арзишманд гузошта, дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005 - 2015 - ро тақвият мебахшад.
Зоҳиран таваҷҷуҳи хосаи Антониу Гутерриш низ аз ин дидгоҳ аст, ки ташаббуси пурарзиши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувор ва мудирияти ҳамгироёнаи захираҳои об, татбиқи лоиҳаву барномаҳои хос, таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об нақши бориз хоҳад гузошт. Зеро тибқи маълумоти оморӣ, ҳар сол дар ҷаҳон аз нӯшидани оби ифлос 5 миллион нафар вафот мекунад ва 3 миллиони дигар  ба маризиҳои гуногун гирифтор мешавад. Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки феълан дар ақсои олам 1,2 миллиард нафар ба оби нӯшиданӣ дастрасии дуруст надошта, зиёда аз 3 миллиард аз одитарин шароитҳои санитарӣ маҳрум мебошад.
Фирӯзи РАҲМОНИЁН, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 15.06.2017    №: 126-127    Мутолиа карданд: 475

23.01.2020


ҶОМИ ФФТ. Маросими қуръакашии минтақаи Душанбе доир шуд

Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» доир мегардад

Усулҳои муосири муқовимат ба ифротгароии хушунатомез миёни ҷавонон

Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона

Ба ҶДММ “РСМ Тоҷикистон” иҷозатнома дода шуд

Ӯзбекистон аз харидорони асосии сементи тоҷик аст

Меркел бо Си Ҷинпин натоиҷи конфронси Берлин оид ба Либияро баррасӣ намуд

Солеҳ ва Трамп масъалаи аз Ироқ баровардани сипоҳи хориҷиро мавриди муҳокима қарор доданд

Котиби давлатии ИМА бори аввал ба Минск меояд

Ба сокинони Ухани бинобар хурӯҷи коронавирус тарки шаҳрро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

22.01.2020


Лигаи чемпионҳо. Ғалабаи "Истиқлол" бар "Локомотив"

ОЗМУН БАХШИДА БА РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ

Гутерреш: «Ҷамъомади кумитаи муштарак оид ба Либия мумкин аст 28 январ баргузор гардад»

Трамп бо Лондон созишномаи тиҷоратиро муҳокима кардан мехоҳад

Барои офаридани ваксинаи русӣ бар зидди коронавируси чинӣ ним сол зарур аст

Дар Лубнон бори нахуст зан вазири мудофиа шуд

Дар Чин собиқ сарвари Интерпол барои пора 13,5 сол паси панҷара меравад

Ҷаҳон дар як сатр

Маъюбон. Махзани ягонаи электронӣ таъсис ёфт

21.01.2020


"ҶОМИ РУШД – 2020". Тоҷикистон тими Исландияро шикаст дод

Россия ва Франсия ба музокирот дар чорчӯбаи «2+2» тайёрӣ мебинанд

Баҳои коршиноси Амороти Муттаҳидаи Араб ба конфронси Берлин оид ба қазияи Либия

Салиби сурх: «Ҷанги Яман боиси фирори се миллион нафар гашт»

Шарқи Канада зери барф монд

Соли гузашта дар Италия ҳар ним соат замин ҷунбид

Ҷаҳон дар як сатр

03.01.2020


 БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА АФҒОНИСТОН РОҲИ ОҲАН БУНЁД МЕГАРДАД

 ДАР ХОРУҒ КӮДАКИСТОН МАВРИДИ БАҲРАБАРДОРӢ ҚАРОР ГИРИФТ

 ХОВАЛИНГ. БЕМОРХОНАИ РАҚАМӢ БА ИСТИФОДА ДОДА ШУД

 AIRBUS БОРИ НАХУСТ АЗ СОЛИ 2011 АЗ BOEING ПЕШ ГУЗАШТ

 ОБХЕЗӢ ДАР ИНДОНЕЗИЯ БОИСИ ҲАЛОКАТИ 26 НАФАР ГАШТ

 НИДЕРЛАНД РАСМАН АЗ "ГОЛЛАНДИЯ" ДАСТ КАШИД

 ДАР ҚАЗОҚИСТОН МУСОФИРИ ҲАВОПАЙМОИ СУҚУТКАРДАРО МУКОФОТОНДАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед