logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ҲАСРАТИ ДУХТАРАК
Гулбаҳор дар хараки хиёбони зебоманзари шаҳр ҳамроҳи модараш менишаст. Ногоҳ таваҷҷуҳи ӯро духтараки дигаре, ки ҳамсоли ӯ менамуд, ҷалб кард. Духтарак дар дучархае менишасту камари падарашро сахт дошта, рухсораҳои гулгунашро аз шамоли сарди тирамоҳӣ зуд - зуд дар пушти падар панаҳ мекард. Падараш ҳар боре ба қафо нигаҳ карда, чизе мегуфту духтарак бо завқ механдид…
Модар инро пай бурда гуфт: «Дар хона ду дучарха дорӣ, ҳар рӯз ба мошини падарат нишаста ба мактаб меравӣ, боз чӣ мехоҳӣ?»
- Дар бораи дучарха намегӯям, духтараки дучархасаворро мушоҳида карда истодаам, - оҳиста ва бо ҳасрат гуфт ӯ.
Модараш нашунид магар, ки норозиёна кулоҳи каме каҷшудаи духтарашро дуруст кард ва боз ҳам афзуд: «Падарат бо вуҷуди серкорияш ҳар субҳ туро бо «Мерседес» ба мактаб мебараду шом меорад. Ҳатто пояфзолат гардро намебинад. Чунин шароитро ҳамсинфонат дар хобашон мебинанд. Ту бошӣ, ба кадом як велосипед нигоҳ карда, ҳавасашро мехӯрӣ».
Гулбаҳор дар ҳоле, ки ашкҳои покиза чун булӯр ба рухсораҳояш мерехтанд, зери лаб гуфт: «Дуруст, модарҷон. Ҳар рӯз мошинсавор меояму меравам, аммо мисли он духтарак ҳаргиз падарамро оғӯш гирифта наметавонам. Ӯ низ аз серкорӣ лутфе ба ман намекунаду ҳамеша саргарми суҳбатҳои телефонӣ бо кормандону рафиқон аст…»
Таҳияи Б. БАҲОДУР


ДАЛЕЛҲОИ АҶИБ ОИД БА ЧИН
Новобаста аз он, ки ихтироъкори парашют расман Леонардо Да Винчи (1452 – 1519) эътироф шудааст, вале далелҳои таърихие мавҷуданд, ки дар Чин ҳанӯз қарни 4 – уми милодӣ ба истифодаи морҳои паррон одамон ба фазо парвоз мекарданд. Истифодаи бехатар ва васеи парашют танҳо охири қарни 17 имконпазир шуд.
Хизматчии давлати Чин бо исми Су Сонг аввалин ихтироъкори соати механикӣ дар дунёст. Аз соли 1088 то 1090 ӯ дастгоҳе ихтироъ кард, ки вақтро дақиқ муайян сохта, давраҳои кайҳониро аниқ ҳисоб менамуд.
Чиниҳо аввалин маротиба омочи оҳанинро ихтироъ намуданд. Дар Аврупо бошад, истифодаи омочи оҳанин танҳо аз асри 17 оғоз гардид.
Пойтахти Чин дар замонҳои мухталиф номҳои дигар дошт. Замони пеш шаҳри асосии кишвар ба оламиён ҳамчун Янтсзин, Дайду ва Бэйпин маъруф буд. Имрӯз он Пекин ном дорад, ки маънояш «Пойтахти шимолӣ» аст. Пекин дувумин шаҳри бузурги Чин баъд аз Шанхай мебошад.
Нохунҳои дароз дар Чин нишонаи мақоми баланд буд.  Мардон ва занони воломақом нохунҳояшонро бо тиллову нуқра оро медоданд.
Таҳияи Холназар КАСИРОВ


ПАНДИ ПИРИ ДОНО
Бузург на он аст, ки аслан дар пастӣ наафтодааст, балки касест, ки ҳар бори афтодан бархестааст.
* * *
Аз Конфутсий пурсиданд: «Дуруст аст, ки ба бадӣ бо хубӣ ҷавоб диҳӣ?». Ӯ дар посух гуфт: «Ба хубӣ бо хубӣ бояд ҷавоб дод, ба бадӣ бошад, аз рӯи адолат».
* * *
Агар кори табъи дилатонро ёбед, ба он муваффақ хоҳед шуд, ки тамоми умр ҳатто як рӯз ҳам кор накунед.
Марк ТВЕН
Тарҷумаи Л. РИЗОЕВА


ҶОАН МЮРРЕЙ ХОНУМЕ, КИ МӮРЧАҲО НАҶОТАШ ДОДАНД
Дар бораи он, ки ҳайвонот ҳаёти одамонро наҷот додаанд, бисёр  шунидаем. Одатан нақл мекунанд, ки делфин одами ғарқшударо ба соҳил баровардааст, гурбаҳову сагҳо ҳангоми оташгирӣ ва ё заминларза соҳибони хешро бедор мекардаанд. Вале, ин тавр сурат гирифтани рӯйдодро касе интизор набуд…
Бону Ҷоан Мюррейи амрикоӣ аз баландии 4 километр афтид: парашюти асосиаш  кушода нашуд, эҳтиётиаш ҳам «саркашӣ» кард. Бону  бо суръати  130  километр  дар як соат ба замин наздик шуд. Ба бахташ,  ӯ дар болои мӯрчахонаи калоне, ки мӯрҳои хашмгини оташранг мезистанд,  афтид. Хазандаҳо аз ин «ҳамлаи зӯроварона»  ба ғазаб омада,  парашютбозро  қариб 200 бор неш заданд ва  бо ин роҳ ба ӯ ҳаёти дубора бахшиданд.
Ба туфайли неш задан дар организми Ҷ. Мюррей  партоби (хориҷшавии) басо пуршиддати  адреналин ба вуҷуд омад, ки  қалбро аз сакташавӣ ҷилавгирӣ намуд.
Ҷоан ду ҳафта дар бемористон дар ҳолати ком (беҳушӣ)  қарор дошт, табибон 20 ҷарроҳӣ ва ҳамин қадар хундиҳиро анҷом доданд. Пас аз гузашти 3 сол баъд аз ин ҳодиса  вай боз ҷаҳидан бо парашютро шурӯъ кард. Ин нахуст мавридест дар таърихи инсоният, ки мӯрҳо одамро наҷот додаанд.
Таҳияи Барноз ГАДОАЛИЗОДА


МАҒОЗАИ "БЕСОҲИБ"
Шабакаи супермаркетҳои маъруфи Нидерланд Albert Heijn мағозаҳои худро бо таҷҳизоти махсус муҷаҳҳаз гардонд, ки тамоми кори фурӯшандаҳоро иҷро мекунад. Барои харидан ба назди терминал омада, мустақилона молҳоро аз он гузаронда, бо корти бонкӣ ҳисобро баробар кардан лозим меояд. Агар машруботи спиртӣ ё маҳсулоти тамоку харида шавад, пас автомат нишон додани ҳуҷҷатҳоро талаб мекунад. Терминалҳо бо камераҳо муҷаҳҳазанд, бинобар ин онҳоро фиреб дода, шиносномаи каси дигарро гузошта намешавад.
Ҳоло дар мағозаҳо чанд мушовир кор мекунад, ки барои фаҳмондани система ба харидорон ёрӣ мерасонанд. Вале дар умум эҳтиёҷ ба ҳайати кормандон нест: системаи видеоназорат фаъол аст, ҳамчунин дар ҳолати берун бурдани мол бе гузарондан аз терминал сигнализатсия ба кор медарояд.
Таҳияи Ш. ҚУРБОН


3 ДУХТАР ВА 3 АМАЛ
Модаре се духтар дошт. Ҳар се духтарро як хел дӯст медошт.
Боре модар ба аёдати хеши дураш рафту баъд аз ду рӯз ба хона баргашт.
- Модарҷон ман шуморо хело ёд кардам, мисли замини хушки интизори об мунтазиратон будам, - гӯён ба пешвоз баромад духтари калонӣ.
- Ман ҳам, модарҷон, шуморо ёд кардам, ду шаб фақат ба хобам даромадед, - бо дили нохоҳам модарро ба оғӯш гирифта, гуфт духтари дигарӣ.
Духтари сеюм салом дода, модарашро бӯсид, хам шуда, попӯшии ӯро аз пояш кашид. Рафта оби гарм оварда пойҳои модарро шуст…
Таҳияи Ф. АЛИШЕР


АРАСТУ ВА ЛАҚҚӢ
Ҷавоне ба назди ҳакими машҳури юнонӣ - Арасту омада, хоҳиши ба шогирдӣ қабул карданашро намуд.
Ҳангоми суҳбат ҷавон гаштаю баргашта як гапро такрор мекард, миёни андешаҳои мубҳамаш худро аз даст медод, барои аз ҳолати ногувор баромадан гапро ба дигар сӯ мекашиду боз ба сари мақсад меомад.
Пас аз ду соати ҳарзагӯйӣ ҷавон аз Арасту пурсид:
- Барои таълим аз ман чӣ қадар маблағ мехоҳед?
- Аслан аз шогирдони қобилам пул намегирам, аз ҷавононе, ки хоҳиш доранду замина не, маблағи муайяне меситонам, аз шумо бошад, ҷавони хуб, нисбат ба дигарон ду маротиба бештар талаб хоҳам кард, - посух дод ҳаким. 
- Бубахшед, устод, барои чӣ, - барошуфта суол кард ҷавон.
- Пеш аз он, ки ба шумо дуруст сухан ронданро ёд диҳам, лозим меояд, ҳикмати хомӯширо бароятон биомӯзонам.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


ҶАВОНОН -  БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ НОБЕЛ
Дар фосилаи як аср 20 нафар олимони 25 – 35 - сола дастовардҳои наҷиби хешро ба Ҷоизаи Нобел пешниҳод кардаанд. Ҷолиб аст, ки дар ин шумор физикҳо аз ҳама ҷавонтарин ба шумор мераванд. Аз ҷумла, ҷавонтарин барандаи ҷоиза Уилям Л. Брагг Ҷунио эътироф шудааст. Ӯ соли 1915 дар синни 25 - солагӣ бо падараш муваффақ ба дарёфти ин ҷоизаи бонуфуз гардидааст.
Дар бахши сулҳи ҷоиза низ теъдоде аз ҷоннисорони роҳи зиндагии осоиштаи мардум, аз ҷумла ду тан аз бунёдгузорони Ҷунбиши анҷом ёфтани хушунат дар Ирландияи Шимолӣ Майрид Корриган ва Битти Уиллиамс 32 ва 33 - сола, қосиди сулҳи Амрико аз Гватемала Ригоберта Менчу 33 - сола, ҷомеашиноси машҳури амрикоӣ Мартин Лутер Кинг 35 - сола барои талош ва пиёдасозии фазои сулҳу осоиш дар қаламравҳояшон бо ҷоизаи мазкур қадрдонӣ шудаанд.
Таҳияи С. АЪЗАМЗОД


МОШИНҲОИ ПАРРОН
Аввалин шуда муҳандисони амрикоӣ нусхаи мошинҳои парронро истеҳсол намудаанд. Ин воситаи аҷиби нақлиёт дорои 100 қувваи автомобили муқаррарӣ буда, бе сарнишин парвоз мекунад. Он нақлиёти арзон ва дастрас буда, ба хатҳои махсуси парвоз ниёз надорад. Мошин парвоз ва фуруди хешро мустақилона анҷом медиҳад.
Чанде пеш ширкати олмонии «Е–volo» низ лоиҳаи мошини парвозкунандаро  пешниҳод намуд, ки ҳамагонро ба ҳайрат овард. Ин мошини ғайриодӣ, ки «Волокоптер – 2» ном дорад, дар як вақт ба 2 нафар мусофир хизмат намуда, бо амри онҳо ҳаракат мекунад.  Мошини ғайриодӣ бо муҳарики барқӣ ва 9 аккумулятор кор карда, он ҳам бесарнишин аст. Аввалин озмоиши он бо ёрии сарнишинҳо дар шаҳри Дубай баргузор шуд. Мутахассисон бар он ақидаанд, ки сохта ба истифода додани чунин автомобилҳо беҳтарин  роҳи ҳалли масоили танбашавӣ дар роҳҳо мебошад.
Таҳияи С. ГУЛНИСО


Ҳодисаҳои асроромез, сарбаста, пурмуаммо ҳамеша шавқи инсонҳоро бармеангезанд
АСРОРИ ЯК ВОҚЕА
Аввалҳои моҳи июли соли 1947 даҳмардае рамаашро ба чаро бароварду дар нишебие чашмаш ба шикастапораҳои ҳавопаймое афтод, ки ба ақидаи уфологҳои имрӯза он киштии кайҳоние буд мутааллиқ ба аҳли сайёраи дигар. Дар тӯли 50 сол таърихи «воқеае дар Росуэлл» аз ёдҳо намерафт ва ҳар сол бо далелҳои нав ба нав пурра мегашт, ҳатто нақлҳое мекарданд, ки ба ақли шунаванда намеғунҷид. Оҳиста – оҳиста воқеа ба ривояту афсона мубаддал гардид.
Ҳукумати ИМА ва ҳам ҳарбиён нуқтаи назари расмии худро доир ба ин ҳодисаи пурмуаммо чанд маротиба дигар карданд. Бори нахуст гуфтанд, ки таҷҳизоти обуҳавосанҷӣ буд. Сипас иттилоъ доданд, ки он тайёраи иктишофист, ки ба садама дучор гашт. Вале шарҳу эзоҳи расмӣ мардумро қонеъ насохтанд ва онҳо талқин менамуданд, ки кайҳоннавардон тавассути «табақчаи паррон» аз дигар сайёра омада будаанд. Ҳамин тавр пинҳонкории ҳукуматдорон сабаби ба амал омадани ҳар гуна овозаҳо шуд.
Воқеан, чӣ рӯй дода буд? 
Имрӯз мегӯянд, ки охири моҳи июн – аввали моҳи июли соли 1947 дар канораҳои Росуэлли иолати Ню - Мексикои ИМА воқеаи нодире сар зад. Уилям Брэзел ба тайёраи суқуткардае бархӯрд. Дар ҷое, ки тайёра афтода буд, оҳанпораҳои сабук, ноқилҳои ранга, варақаи калонҳаҷми нуқрагин ва ғайра мехобиданд. Чӯпон ҳарчанд хостааст аз варақа қисмеро бурида гирад, натавонистааст ва ҳам дар оташ насӯхтааст. 6 июли соли 1947 Брэзел якчанд олотро аз ҷои ҳодиса бардошта ба пулиси Росуэлл супурдааст. Рӯзи дигар ду афсар омада бо ёрии Брэзел ҳамаи қисмҳои боқимондаро ғундошта ба мошин бор карда бурдаанд. Яке аз онҳо майор Ҷесси А. Марчел, хизматчии полки бомбаандози 509, ҳангоми бозгашт ба хонааш даромадааст ва ба саволи писараш гуфтааст, ки қисмҳои боқимондаи «табақчаи паррони ношинос» - ро ба қисмашон бурда истодааст. Полковник Уилям Бланшар пас аз муоинаи таҷҳизот гуфтааст, ки он боқимондаи дастгоҳи ношиноси паррон мебошад. Ин хабар дар саҳифаи якуми рӯзномаи «Росуэлл дейли рекорд» 8 июли соли 1947 нашр шуд. 9 июл рӯзнома шарҳи генерал Роҷер М. Раймро чоп кард. Дар он гуфта мешуд, ки ягон хел «НЛО - табақчаи паррони ношинос» ба замин наафтодааст, балки тайёраи ба садама дучоршуда дастгоҳи обуҳавосанҷист. Аммо ин хотимаи таърих набуд, балки оғози ҳар гуна ривояту афсонаву бофтаҳо ва тахайюлотҳо гардид. Садҳо китобҳо навиштаву даҳҳо киноҳо ба навор гирифта шуданд, шумораи мақолаҳо бошад ҳисоб надорад. Олимон низ бетараф наистода тахминҳои худро иброз медоштанд ва оқибат ақидае роиҷ гашт, ки дар Росуэлл киштии кайҳонии сайёраи дигар афтода будааст ва инро ҳарбиёни Амрико то ҳол махфӣ нигоҳ медоранд. Ин далелро касе на инкор менамояду на тасдиқ. Шояд рӯзе парда аз рӯи ин асрор бардошта шавад. Вале муҳимаш ҳамин ки аз ҳамон вақт «эраи НЛО» зуҳур кард.
Қурбон МАДАЛИЕВ, тарҷума аз русӣ


СИГОР
Саҳар аз хоб мехезам, сигор андар даҳон дорам,
Ба ҷои машқ дудашро ба шуши худ равон дорам.
Дами сулфа ду чашм аз косахона мешавад берун,
Аҷаб бошад, кунун ҳам бо чунин аҳвол ҷон дорам…
Ҷумҳур ҶАЪФАР


236 см ҚАДИ БАО
Бао Сишун дар яке аз вилоятҳои Муғулистон зиндагӣ мекунад. Ӯ чӯпон мебошад. Дарозии қади ин мард 236 сантиметрро ташкил медиҳад.
Дар синни 16 - солагӣ қади ӯ якбора 23 сантиметр дароз шуд. Дар 45 - солагӣ Бао дар яке аз тарабхонаҳои Амрико кор карда, ҳамчун одами қадбаландтарин дар дунё ба «Китоби  рекордҳои Гиннес» ворид шуд.
Соли 2006 аз Бао хоҳиш карданд, ки ба ду делфин аз океанариуми «Royal Ocean World»  ёрӣ расонад. Ин делфинҳо пораҳои пластикиро  фурӯ бурда буданд. Аз ин сабаб дар узвҳои ҳозимаашон дардро ҳис мекарданд. Дарозии дасти Бао 106 сантиметрро ташкил медод, ки ин барои аз меъдаи делфинҳо гирифтани пораҳои пластикӣ кифоят мекард.
Дертар ин рекордро Султон Кёсени турктабор тағйир дод. Дарозии қомати ӯ 251 сантиметр буд.
Соли  2007 Бао ба Ся Шухуан оиладор шуд. Дар байни меҳмонон, боз як қаҳрамони «Китоби рекордҳои Гиннес»  Хэ Пинпин қарор дошт, ки ӯ ҳамчун одами қадпасттарини дунё эътироф шудааст.
Таҳияи Л. ШАРИФӢ


МОРИ ТАШНА АЗ ДАСТИ ИНСОН ОБ НӮШИД
Ин воқеаи нодир ва боварнокарданӣ дар яке аз биёбонҳои Арабистони Саудӣ рух додааст. Дар даштҳои ин кишвар ҳарорати ҳаво ба ҳисоби миёна мувофиқи ҷадвали Селтсий 40 – 50 дараҷа гармиро ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳолат шахсе ба мори бемадор як каф об дароз мекунад. Мори ташна ҳарисона обро нӯшида, дур мешавад.
Қаблан,  дар Ҳиндустон низ чунин воқеа ба вуқӯъ пайваста буд. Мори айнакдори аз ташнагӣ азияткашида дар ҷустуҷӯи об ба маҳали аҳолинишин меояд. Сокинони деҳа аз ин ҳолат воқиф гардида, морро бо об «меҳмондорӣ» менамоянд.
Таҳияи М. ПАЙК


БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ ДАР ЮНОНИ ҚАДИМ
Оғози бозиҳои олимпӣ
Дар қарни IV тағйири характер ва моҳияти Бозиҳои  олимпӣ ба мушоҳида мерасад. Аз ҳама бештар таваҷҷуҳ ба мароқангез ва шавқоварии зӯрозмоиҳо зоҳир мегардад. Бесарусомонии сиёсӣ ва ҷангҳои  ҳамешагӣ, алалхус ҷанги Пелопоннеск (солҳои  431 – 404 – и то милод) ба дурушт гардидани завқи юнониҳо  оварда расонд. Зебоии гармонии бадан ба ваҷдоварии қаблии худро гум карда буд. Тамошобинонро бештар гӯштигирӣ, муштзанӣ ва панкратион, ки саршор аз лаҳзаҳои драмавию тезутунд буд, ҷалб менамуд.

Кӯшиши ба ҳар роҳе, ки бошад, пирӯзӣ  ба даст овардан, боиси вайрон кардани қоидаҳо ва меъёрҳои муқарраргардида шуд. Аввалин бор дар зӯрозмоиҳои  олимпӣ ҳолатҳои харид,  бераҳмӣ ва вайрон  кардани системаи тайёрӣ ба бозиҳо ба қайд гирифта шуд.
Дар Юнон Бозиҳои олимпӣ ва баъзе бозиҳои дигар дар ҳифзи худогоҳии миллӣ, таърихӣ ва анъаноти фарҳангӣ моҳияти  муҳимтарине доштанд. Ба ин хотир, ба аз байн рафтани бисёр арзишҳо ва лаҳзаҳои созмондиҳӣ нигоҳ накарда, юнониҳо анъанаи баргузории Бозиҳои олимпиро  муқаддасан ҳифз мекарданд. Тағйироте, ки дар созмондиҳии бозиҳо  ба амал омад то  андозае  таназзули  системаи антиқаи тарбияи ҷисмонӣ ва буҳрони сохти ғуломдориро инъикос менамуд.
Қатъи баргузории Бозиҳои олимпии антиқа марбут аст ба  ивазшавии дини ҳукмрон ва якҷо бо он мавқеи ҷаҳонбинии мавҷуда. Дар шароити  пурқувватгардии буҳрони сохти  ғуломдорӣ дар империяи Рум дини нав – масеҳӣ арзи вуҷуд намуд.
Дар он муҳит муборизае байни олами рӯҳонии қадимаи юнонию румӣ ва ҷаҳонбинии масеҳӣ ба вуҷуд омад,  ки он фарҳанги  ҷисмонӣ ба шумор  мерафт.
Манъи баргузории Бозиҳои олимпиро таърихнигорон бо номи император Феодосия – 1 мансуб медонанд, ки як қатор қонунҳоро дар мубориза алайҳи бутпарастӣ (кодекси Феодосия) қабул намуд.  Соли 392 Феодосий қонунеро қабул намуд, ки тамоми маросимҳои диниро  новобаста аз хусусияту характерашон  манъ кард.
Қонуни мазкур мумкин буд ба Бозиҳои олимпӣ ва дигар зӯрозмоиҳои  атлетҳо ҳам дахл кунад.
Иншоот ва маъбадҳои Олимп хароб карда шуданд. Заминларза ва замони бераҳм  ин равандро ба итмом расонданд. Олимп ва ҷашни бузург, ки дар ин ҷо доир мегардид, барои  қарнҳои қарн ба гӯшаи фаромӯшӣ супурда шуд.
(Идома дорад)
Таҳияи Раҷабалӣ ИСМАТУЛЛОЕВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2017    №: 128    Мутолиа карданд: 444

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед