logo

порлумон

ИМТИЁЗ БА ВОРИДОТИ НАҚЛИЁТ, ЗАХИРАИ ОЗУҚА ВА ТАҶҲИЗОТИ ТИББӢ

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2017» баррасӣ ва ба тасвиб расид.
Тибқи он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои  захираи маҳсулоти озуқа ва воридоти нақлиёти мусофирбар ба пойтахт аз имтиёзҳои андозию гумрукӣ  бархӯрдор мегарданд.
Меҳринамо Ҷонмаҳмадова, муовини вазири молия, зимни ташреҳи лоиҳа  иброз дошт, ки он дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  шаҳри Душанбе ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ манзур гардидааст. Иловаҳои аз ҷониби ин ниҳодҳо пешниҳодгардида, ба мақсади пурра намудани парки автобусҳои мусофирбар, баланд бардоштани сатҳи хидматрасонии нақлиётӣ ва бо ин васила ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои шаҳри Душанбе нигаронда шудааст. Мавсуф  зикр кард, ки дар соли равон бо қарорҳои  раиси шаҳри  Душанбе аз 18 март ва 5 майи соли 2017 воридоти 64 адад воситаи нақлиёти мусофирбар ба маблағи умумии 51,4 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки меъёри андоз ва пардохти гумрукӣ ба андозаи 23 дарсад, яъне  маблағи 12, 3 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз миқдори ба нақшагирифташуда 40 адад воситаи нақлиёти мусофирбар ба маблағи 30 миллион сомонӣ ворид шудааст, ки пардохтҳои гумрукии он ба 7, 2 миллион сомонӣ мерасад.
Ҳамчунин, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешгирии тамоили баландшавии нархи маҳсулоти кишоварзӣ дар бозорҳои пойтахт дар фаслҳои тирамоҳу зимистони солҳои 2017 – 2018 захира намудани 90 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар назар дошта шудааст. Бинобар ин, дар лоиҳаи қонун озод намудани Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба истеҳсол, харид ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе аз андоз аз арзиши иловашуда пешбинӣ шудааст.
Муовини вазири молия зикр кард, ки ҷиҳати баланд бардоштани сифати хидматрасонии тиббӣ ба аҳолии кишвар, бахусус сокинони вилояти Хатлон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қонуни мазкур илова пешниҳод шудааст. Тибқи он Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара ҷиҳати ворид намудани дастгоҳи универсалии ангиографии истеҳсоли ширкати ҷопонии «Тошиба» аз андоз ва пардохти гумрукӣ озод карда мешавад. Насби таҷҳизоти мавҷуда имкон фароҳам меорад, ки сокинони вилоят минбаъд барои гузарондани амалиёти ҷарроҳии душвору гаронарзиш, аз қабили иваз намудани гурда ва ҷигар дар ҳамин ҷо фарогир бошанд. Зикр гардид, ки арзиши ин дастгоҳи ҳозиразамони тиббӣ 5,5 миллион сомонӣ буда, маблағи андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ 1,3 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2017    №: 128    Мутолиа карданд: 2074

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед