logo

сиёсат

НЕЪМАТИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

Таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба ҷаҳониён собит сохт, ки миллати тоҷик дорои фарҳангу тамаддун ва таърихи бою рангин буда, бо такя  ба хиради азалии халқ ба даргириҳои дохилӣ хотима бахшид, кишварро аз харобӣ, миллатро аз парокандагӣ, Ватанро аз нобудӣ наҷот дод ва бо ҳамин намунаи беназири таҷрибаи сулҳофариро барои мамлакатҳои дигар эҳдо намуд.
Агар ба гузашта ба чашми хирад бингарем, мебинем, ки ҳамаи ин дастовардҳо, пеш аз ҳама, ҳосили талошҳои шабонарӯзии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Ёдрас мешавем, ки дар ибтидои солҳои 90-уми  асри гузашта бо фурӯпошии низоми сиёсӣ ва давлати абарқудрати шӯравӣ дар баъзе ҷумҳуриҳои собиқи он ба қадри бузургтарин неъмат-истиқлолият нарасиданд. Зеро дар ҷомеае, ки ҳафтод сол таҳти таъсири низоми ягонаи коммунистӣ қарор дошт, мардум раванди худшиносӣ ва худогоҳиро ба таври худ фаҳмид ва ин омил ба парокандагии ҷомеа мусоидат намуд. Табиист, ки чунин таҳаввулот ба ҷумҳурии тозаистиқлоли мо  таъсири манфии худро расонд. Сабаби асосии он сатҳи пасти маърифати ҳуқуқию фарҳангӣ, мафкураи маҳдуди мардум ва боло гузоштани манфиатҳои шахсиву гурӯҳӣ аз манофеи давлату миллат буд.
Дар давоми беш аз се сол ҳашт даври музокироти сулҳи тоҷикон, бисту як мулоқоти расмиву даҳҳо вохӯриҳои ғайрирасмӣ анҷом дода шуданд, ки ҳадафи асосӣ таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, ҳар чи зудтар ба Ватан баргардондани гурезаҳо ва сарҷамъ намудани миллати парешонгаштаи тоҷик буд. Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бори дигар ба ҷаҳониён собит намуданд, ки тоҷикон дар ҳақиқат яке аз миллатҳои куҳанбунёд, мутамаддину хирадманд ва сулҳпарвару фарҳангдӯст мебошанд.
Дар ду даҳсолаи охир мо-тоҷикистониён марҳалаҳои пурпечутоби таърихи навини худро паси сар намуда, дар ин раванд бо санҷишҳои зиёде рӯ ба рӯ гаштем. Аз кишвари ҷангзадаву пойбанди ҷудоихоҳиҳо ва буҳрони шадиди иқтисодии солҳои навадуми қарни гузашта раҳоӣ ёфта, ба кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ рушдёбанда табдил гардидем. Ҳамзамон, бо рушди иқтисодию  иҷтимоӣ мавқеи байналмилалии Тоҷикистон дар ин давра хеле мустаҳкам шуда, нуфуз ва ҷойгоҳи он дар равандҳои муосири ҷаҳонӣ баланд гашт, ки ҳамаи ин аз файзу баракати ваҳдати миллист.
Айни замон эҳсос мешавад, ки  тӯли бист соли сипаригардида барои миллати сарбаланду  фарҳангпарвари  мо марҳалаи бобарор ва пурифтихор буд. Ин намунаи олии ҳамбастагии мардуми шарифу сарбаланди тоҷик мебошад, ки соли 1997  сулҳи пойдор дар кишвар барқарор шуд. Дар заминаи боэътимоди сулҳу оштии миллӣ ва меҳнати пурмаҳсули сокинони мамлакат ҳазорҳо иншооти таъйиноти иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию варзишӣ ба истифода дода шуд ва садҳо бинои истеҳсолию маишии дигар дар ҳоли бунёд қарор дорад, ки инро неъмати истиқлолият ва файзи ваҳдат мегӯянд.
С. ҚОДИРЗОДА,
сармутахассиси шуъбаи дин,
танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2017    №: 128    Мутолиа карданд: 417

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед