logo

сиёсат

ТОҶИКОБОД. ҚОНУНИ МИЛЛӢ ДАР МУҲОКИМАИ УМУМ

Вохӯриҳои аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ  вобаста ба мазмуну моҳияти қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастовардҳои ин санади меъёрии ҳуқуқӣ идома доранд.

Аз ҷумла, чанде пеш вохӯрии Лоиқзода Қаноатшо, узви Маҷлиси миллӣ, раиси ноҳияи Рашт, бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод баргузор гашт.
Зимни баромади худ Лоиқзода Қаноатшо иброз дошт, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси арзишҳои милливу динии халқи тоҷик бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, ки  дар таърихи қонунгузории кишвар воқеаи нодир ба ҳисоб меравад.
Чуноне ҳамагон хуб медонем, то қабули қонун вазъи гузарондани маросимҳои мардумӣ бисёр ташвишовар буд. Расму оинҳои азодорӣ, ки бояд дар доираи хонавода ва наздикон сурат мегирифтанд, ба маъракаҳои калони пурдабдаба табдил ёфта буданд.
Ашхоси камбизоат низ аз рӯи худнамоӣ ба гузарондани маъракаҳои серхарҷ даст зада, буҷети оилавии худро хароб мекарданд. Инчунин, маросимҳои гусели зоирин ва зиёрати ҳоҷиён низ аз ҷумлаи маъракаҳое буданд, ки сарфи маблағи зиёдро тақозо мекарданд.
Аз таҷрибаи солҳои охир метавон ба хулоса омад, ки ҳанӯз қисме аз мардум ба моҳияти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» чандон дуруст сарфаҳм нарафтаанд. Ҳанӯз дарк накардаанд, ки он барои беҳбудии ҳар хонадон нигаронда шудааст. Ба ин хотир, хуб мебуд онҳое, ки сармоя доранд ба ҷойи харҷи беҳуда, як ҳиссаи дороии худро ба манфиати мардуми диёр, ободонии шаҳраку деҳот сарф менамуданд. Аминем, ки бо риояи талаботҳои ин қонун сатҳи зиндагии мардуми минтақа боло мераваду аз пештара дида бештар ба корҳои ободонию созандагӣ даст мезананд.
Дар анҷом бо мақсади такмили қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз ҷониби сокинони ноҳия як қатор дархосту пешниҳодот ироа гаштанд.
Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2017    №: 128    Мутолиа карданд: 363

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед