logo

сиёсат

АНТОНИУ ГУТЕРРИШ БА НАҚШИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ МАРБУТ БА ОБ БАҲОИ БАЛАНД ДОД

Дар доираи сафари худ ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Ҷумҳурии  Тоҷикистон омад. Президенти мамлакат аз имкони мулоқот ва мубодилаи афкори судманд бо Антониу Гутерриш, ки ба ҳайси Дабири кулли СММ бори нахуст ба Тоҷикистон омадааст, изҳори хушҳолӣ намуда, ҳамкории кишвари моро бо ин созмон барои таҳкими низоми давлатдорӣ, ислоҳоти иқтисоди миллӣ ва таъмини рушди устувор пурарзиш ва муҳим шумориданд. Ҳамчунин, иброз доштанд, ки Тоҷикистон дар роҳандозии рӯзномаи марбут ба масъалаҳои об  фаъолона ширкат варзида, минбаъд низ ҳамчун ташаббускори баррасии масъалаҳои марбут ба об дар сатҳи байналмилалӣ дар татбиқи тадбирҳои мушаххас ҷиҳати истифодаи пойдори ин неъмати ҳаётан муҳим саҳми фаъол мегузорад. Изҳори боварӣ карда шуд, ки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 - 2028, ки дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об – 22 марти соли 2018 амали он оғоз мегардад, қадами устуворе дар раванди татбиқи ҳадафи рушди устувори марбут ба захираҳои об дар минтақа ва ҷаҳон хоҳад гашт.
Антониу Гутерриш ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон ва иқдомҳои бузурги байналмилалии фарогири масъалаҳои обу экология баҳои баланд дода, ташаббусҳои ҷаҳонии кишвари моро дар ин самт муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Дар ин мулоқот миёни ҷонибҳо барои идома додани ҳамкориҳои судманд дар таъмини амнияту субот дар минтақа ва ҷаҳон, мубориза алайҳи терроризму экстремизм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва иштироки фаъол дар ба эътидол овардани вазъи мураккаби сиёсию низомии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Пешвои миллат ташрифи Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон ва баргузории ҳамоишро имконияти бузург барои шиносоии бештар ва воқеӣ бо Тоҷикистон, ҳамчунин, бо талошҳои Ҳукумати кишвар дар масири рушди устувор ва мавқеи қотеонаи он дар арсаи мубориза бо мушкилоту хатарҳои муосир арзёбӣ намуданд.
Таъкид шуд, ки қабул гардидани Рӯзномаи ҷаҳонии рушди устувор то соли 2030 ба шароите рост омад, ки дар нуқоти гуногуни сайёра миллионҳо нафар мардуми осоишта ба хавфу таҳдид ва оташи ҷангу низоъҳои мазҳабиву геосиёсӣ дучор шудаанд ва яке аз ҳадафҳои аслии баргузории ҳамоиш таҳкиму тавсеаи ҳамкориву шарикии бардавом ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои рушди устувор ва пешгирии иқдомҳои муштарак ба хотири рафъи таҳдидҳои муосир ва таъмини сулҳу суботи пойдор мебошад.
Пешвои миллат таъкид намуданд: «Имрӯз пайомадҳои буҳронҳои молиявиву иқтисодӣ, энергетикӣ ва ғизоӣ, инчунин, оқибатҳои тағйирёбии иқлим барои ҷаҳду талошҳои аксари кишварҳои ҷаҳон, бахусус кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур бо хушкӣ дар роҳи расидан ба рушди устувори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамоянд. Барои кишварҳои минтақаи мо мушкилоту масоили умумие вуҷуд доранд, ки ҳаллу фасли онҳо андешидани чораҳои саривақтиро дар сатҳҳои милливу минтақавӣ тақозо менамояд».
Дар доираи ин сафар Антониу Гутерриш аз кӯли Сарез дидан кард ва дар баробари тааҷҷубаш аз зебоиҳои табиати Тоҷикистон мушоҳидаи манзараҳое, ки аз тағйироти иқлим ва обшавии пиряхҳо ба майдон омадааст, ӯро ҳайратзада намуд.
Аз суханрониҳо ва дидор аз кӯли Сарез метавон хулосагирӣ намуд, ки дар баробари масоили амниятиву маҳкум кардани терроризму экстримизм меҳвари боздиди Дабири куллро аз Тоҷикистон масъалаҳои марбут ба энергияи сабз ва тағйироти иқлиму обшавии бемайлони пиряхҳо дар кишвар ташкил медиҳад.
Сафари навбатии Дабири кулли СММ ба Тоҷикистон бори дигар аз ҷойгоҳи воло ва ташаббускориҳои саривақтии Ҳукумати кишвар дар сатҳи байналмилалӣ шаҳодат дода, таъйидкунандаи ин нуктааст, ки Тоҷикистон узви ҷудонашвандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, ҳама гуна талоши худро ҷиҳати саҳм гузоштан дар сулҳу осоиштагии сартосарӣ дар олам ва аз байн бурдани тамоми таҳдидҳову ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба харҷ медиҳад.
Абдусалом МИРАЛИЕВ,  профессор, муовини
аввали ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 16.06.2017    №: 128    Мутолиа карданд: 390

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед