logo

ҳуқуқ

ҶИНОЯТ ва ҶАЗО

Мудири бонк ба корманди агентӣ пора пешниҳод кард
Маъруфхӯҷа Насриддинзода, мудири филиали № 15 Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон  «Амонатбонк» дар шаҳри Турсунзода барои пешниҳоди пора ба корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия муттаҳам мешавад.
Бино ба иттилои сомонаи агентӣ, зимни санҷиши молиявӣ-хоҷагидорӣ аз сӯи кормандони ин ниҳод дар  филиали «Амонатбонк» ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба шаҳрвандон додани қарз дар ҳаҷми зиёда аз 147 000 сомонӣ ошкор шудааст.
25 майи соли ҷорӣ мудири филиали № 15 Маъруфхӯҷа Насриддинзода барои ғайриқонунӣ рӯйпӯш намудани камбудиҳои ошкоршуда ва ба таври мусбат ҷамъбаст намудани натиҷаи санҷиши молиявӣ ба корманди агентӣ ба сифати пора 120 000 сомонӣ пешниҳод намуд. Ба қавли манбаъ, корманди агентӣ қабули пораро рад карда бошад ҳам, номбурда мунтазам маблағи мазкурро ба ӯ пешниҳод намудааст. Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ, 30 май, М. Насриддинзода дар шаҳри Турсунзода, баъди ба корманди агентӣ додани 120 000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи зикршуда ҳамчун далели шайъӣ ёфта гирифта шудааст.
Вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Маъруфхӯҷа Насриддинзода бо аломатҳои моддаи 320 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Одамфурӯш дар назди қонун ҷавоб мегӯяд
Вазорати корҳои дохилӣ ба гумони харидуфурӯши одамон нисбат ба як зани 30 - сола, ки сокини шаҳри Душанбе гуфта мешавад, тибқи моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти вазорат, ин зан дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ - ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия боздошт гардидааст. Дар натиҷа муайян шудааст, ки гумонбаршуда бо роҳи фиреб ва ваъдаи таъмини ҷойи кори муносиб зани 23-солаи сокини шаҳри Душанберо 15 июли соли 2015 ба шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Араб бурдааст.
Сипас, дар ин шаҳр ӯро ба истисмор гирифтор намуда, қасдан қарздор карда, бо ин роҳ маблағҳои аз ҷабрдида гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Тафтиши ин қазия давом дорад.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2017    №: 129    Мутолиа карданд: 404

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед