logo

иқтисод

ЗАФАРОБОД. ҲОСИЛРО ЧӢ ГУНА ҲИФЗ КУНЕМ?

Ҳадафи асосии мубориза бар зидди ҳашароти зараррасони пахта ин бевосита пешгирӣ кардан аз паҳншавии онҳо мебошад. Дар давраи аввали нумуи пахта малах, шира, трипси тамоку, тортанаккана ва кирми ғӯза пайдо мешаванд. Роҳҳои мубориза бо ин ҳашарот дар давраи аввал инҳоанд: то 25 апрел анҷом додани кишти чигит ва дар 10 – 15 рӯзи оянда ноил шудан ба сабзиши саросари он, анҷом додани ягона то пайдошавии 1 - 2 барг, нармсозии бехи ниҳолҳои пахта ва аз алафҳои бегона тоза намудан, дар асоси талаботи илмӣ ва амалӣ бо истифодаи нуриҳои азотӣ, фосфорӣ ва калийгӣ ба роҳ мондани ғизодиҳии ниҳолҳо.
Мутахассисон бояд ҳашароти зараррасон ва фоидаоварро дар пахтазор ҳар 3 - 5 рӯз мушоҳида намуда, аз рӯйи шумори пайдошудаи онҳо тавсияҳои лозимӣ диҳанд. Мушоҳидаҳои то ин дам дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Зафаробод гузаронда собит сохтанд, ки дар қитъаҳо миқдори ҳашароти зараррасон, аз қабили шира, трипси тамоку,  тортанаккана ва малах зиёд аст. Ба пахтакорон барои мубориза заҳрхимикатҳои вертимек (ба миқдори  0,3 литр дар як гектар), поло 0,5, каратэ 0,5, БИ - 58 (нав) тавсия дода шуд. Ҳамчунин, мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар нимаи аввали моҳи июн миқдори ҳашароти фоидаовар низ дар пахтазор зиёд шудааст. Кишоварзон бояд  инро ба инобат гирифта, аз биолабораторияҳо ҳашароти фоидаовари тиллочашмак дастрас намуда, дар қитъаҳои пахта истифода баранд.
Соли ҷорӣ ошкор гардид, ки дар паҳлуи қитъаҳои пахта мазраъҳои гандуму юнучқа ва дигар зироатҳои хӯроки чорво зиёд ҷойгиранд ва ин киштаҳо манбаи асосии пайдошавии ҳашароти зараррасон мебошанд. Дар ин ҳолат бояд пахтазор аз алафи бегона тоза карда шуда, дарави ғалла ва зироатҳои хӯроки чорво дар муҳлати кӯтоҳ анҷом ёбад. Ҳангоми озуқадиҳии ниҳолҳои пахта ва обёрӣ гирду атрофи қитъа бо заҳрхимикати поло дар як гектар 0,5 литр коркард шавад. Ин  амалро пеш аз  обёрии вегетатсионӣ оғоз намудан ба мақсад мувофиқ мебошад.
Таҷрибаҳои бисёрсолаи олимон собит намудаанд, ки вақти шонабандии ниҳолҳои пахта чанголуд намудани пахтазор бо сулфур (олтингӯгирди кӯфта) ба як гектар 20 - 30 кг манфиатовар аст.
Дар пахтазори ноҳия шурӯъ аз 10 июн шонабандӣ оғоз ёфтааст ва ҳифзи шонаҳои ниҳолҳо аз кирми ғӯза яке аз омилҳои фаровон шудани ҳосил мебошад, Барои аз кирми ғӯза ҳифз намудан бояд аз ҳашароти фоидаовари трихограмма, бракон ва домҳои феромонӣ истифода баранд.
Инъом ҚОБИЛБЕКОВ, 
ходими калони илмии филиали
Институти зироаткории АИКТ дар вилояти Суғд,  номзади илми кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2017    №: 129    Мутолиа карданд: 606
07.04.2020


ДУШАНБЕ. ҶАМЪБАСТИ ОЗМУНИ «САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА»

БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ. ТОҶИКИСТОН ЛИБОСИ ЯГОНААШРО ИНТИХОБ КАРД

НАМОИШИ КИТОБИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

АМРИ ДИЛ. ҶАВОНОНИ СУҒД ИХТИЁРАН БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ РАФТАНД

ДОРУИ КОРОНАВИРУС ДАР РОССИЯ ҲАФТАИ ОЯНДА ПАЙДО МЕШАВАД

ДАР ТОҶИКИСТОН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС СУРАТҲИСОБ КУШОДАНД

ҲАВОИ ГАРМ МЕТАВОНАД ПАНДЕМИЯРО АЗ БАЙН БАРАД?

РОССИЯ БА ЧИН 80 МИЛЛИОН НИҚОБ ФАРМОИШ ДОД

БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС ОБНӮШИИ ЗИЁД ТАВСИЯ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

06.04.2020


ЧЕМПИОНАТИ ТОҶИКИСТОН – 2020. ДАСТАИ «ХАТЛОН» ОНРО БО ПИРӮЗӢ ОҒОЗ КАРД

ВМКБ. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

НУРОБОД. АЗ «ЧАКОМАИ ГЕСУ» ТО “ЗАН ВА ТОЗАГӢ”

03.04.2020


ВАРЗОБ. ТАВАҶҶУҲ БА ВАРЗИШ МЕАФЗОЯД

«ЮВЕНТУС» РОНАЛДУРО БА 70 МИЛЛИОН ЕВРО ФУРӮХТАНИСТ

ТЕЪДОДИ АШХОСИ АЗ КОРОНАВИРУС ШИФОЁФТА АЗ 200 ҲАЗОР НАФАР ГУЗАШТ

ТОҶИКИСТОН БА ИСТЕҲСОЛИ НИҚОБИ ТИББӢ ВА ЛИБОСИ МАХСУС ШУРӮЪ НАМУД

СУТ: «БЕШ АЗ 95 ДАРСАДИ ҚУРБОНИЁНИ COVID-19 ДАР АВРУПО АШХОСИ КАЛОНСОЛАНД»

ПУТИН ТО ОХИРИ АПРЕЛ ИСТИРОҲАТ ЭЪЛОН КАРД

ДАР ЭРОН БЕШ АЗ 15 ҲАЗОР МУБТАЛОИ КОРОНАВИРУС СИҲАТ ШУД

Ҷаҳон дар як сатр

02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед