logo

фарҳанг

ДУРРНИСО Ё ГАНҶИ БЕЗАВОЛИ ГУЛЗОР

Дар минтақаи Кӯлоб сокинони ноҳияи Ховалинг, бахусус  деҳаи Гулзор, бо ҳунару истеъдоди худ миёни мардум эътибори хоса доранд. Ҳолдонҳо истеъдоди фитрии бошандагони ин маҳалро аз таъсири муҳити зист мегӯянд. Ба қавли эшон обу ҳавои форами ин куҳандиёр ба кас рӯҳу илҳоми тоза мебахшад. Чун дигар минтақаҳои кишвар дар Гулзор низ гулдухтарон дар ин самт пештозанд. Аксаран аз самараи дастранҷи худ зиндагии мустақилу хуб ҳам доранд. Дар ин ҷо беҳтарин бонуҳои ҳунармандро «дуррнисо» мегӯянд, ки ин хеле аҷиб аст. Аҷиб ба ин хотир, ки дурр санги нодире пинҳон дар қаъри баҳру уқёнусҳост ва  дарёфташ амрест маҳол. Яъне «дуррнисо» - ҳои Гулзор  ганҷзан ва ё занҳои нодири ганҷофаранд.
Аз ҳамин ҷумла Парвинаро метавон ном бурд, ки чун бонуи панҷ ангушташ ҳунар миёни мардуми таҳҷоӣ соҳибобрӯву эътибор аст, Ӯ аз хурдӣ дилбохтаи касби кандакорӣ буд. Ҳанӯз дар замони шӯравӣ дар озмунҳои ноҳиявию вилоятӣ сазовори ҷойҳои намоён шуда, обрӯю нуфузи мардуми деҳа ва ноҳияро низ боло мебурд. Ҷаҳду талошҳои доимияш самар медоданду сафи муштариёнаш рӯз ба рӯз меафзуд. Кор то ҷое расид, ки   дар шароити хона барои иҷрои фармоишҳои  зиёд дигар имконият намонд. Бинобар ин,  вай ба хулосае омад, ки дар деҳааш  коргоҳи кандакорӣ кушода, ҳунармандонро  ба кор ҷалб кунад.
Парвина Муҳаммадиева бо дастгирии масъулони Ҷамоати  деҳоти  Гулзори ноҳияи Ховалинг ва мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар назди хонааш коргоҳи кандакории «Нисо» - ро ба истифода дод.  Нахуст 15 нафарро аз қабили ҷавондухтарону писарон ба кандакорӣ ҷалб карда, дар тӯли се моҳ нозукиҳои ин касбро ба онҳо ёд дод.
- «Кандакорӣ ба монанди пешаҳои дигар нозукиҳои касбии худро дорад. Маҳсулоте, ки мо омода мекунем: кат, тиреза, дар, сутун, табақу чумча, кафш,  созҳои мусиқӣ муштариёни зиёд доранд. Чӯби дарахтони маҳаллӣ: бед, сафедор, чанор, чормағз, тут, зардолу ва ғайра ҳамчун ашёи хом истифода бурда мешавад, - изҳор медорад қаҳрамони мо.
Парвинаро дар зодгоҳаш «Дурри ноёб» гуфта ном мебаранд, ки ҷуръае муболиға нест. Ӯ дар оилаи кандакор ва дуредгари маъруфи ноҳия усто  Саркори Муҳаммадӣ ба дунё омадааст. Шаҷараи Муҳаммадиҳо ин ҳунарро аз насл ба насл мерос гузошта, то ба имрӯз овардаанд. Парвина нахустбонуи ин авлод аст, ки ҳунари бобову падарашро аз бар кардааст. Волидонаш аз он мефахранд, ки духтарашон нозуку нармдил, вале матину қавиирода ба воя расидааст.
Самимият ба зиндагӣ, дилбохтагӣ ба ҳунар, ҷаҳду талош дар иҷрои кор ва ниҳоят сидқан ба дигарон омӯзондани касби хеш Парвинабонуро дар ҷомеа соҳибэҳтиром кардааст. Ӯ ният дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои бадастовардааш коргоҳро васеътар кунад ва ҳунармандони зиёдеро ба кору фаъолият ҷалб созад. Хизмати аз ин бузургтари қаҳрамони мо ин аст, ки ҳунарҳои мардумиро чун ганҷинаи безавол ҳифз намуда, ба ояндагон интиқол медиҳад.
Сарвиноз ШОДМОНОВА,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2017    №: 129    Мутолиа карданд: 631
04.06.2020


ОБОДКОРИҲОИ БЕҚИЁС ДАР ТОҶИКОБОД

ЁРИИ ХАЙРИЯВӢ БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС

ФУТБОЛ. ҶАЛИЛОВҲО МЕХОҲАНД ҲАМЕША ДАР САФИ ПЕШ БОШАНД

КОРОНАВИРУС ДАР ИТАЛИЯ: БЕШ АЗ ЯК МОҲ ИНҶОНИБ СИРОЯТЁБӢ КАМ МЕШАВАД

ДАР КРЕМЛ БА ХОҲИШИ БО РОССИЯ СОЗИШНОМАИ ЯДРОӢ БАСТАНИ ТРАМП БАҲО ДОДАНД

ТРАМП ҶОНИБДОРИ ҲУЗУРИ ПУТИН ДАР G7

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

02.06.2020


ХАБАРИ ФАВРӢ. БОЗ БЕШ АЗ 200 БЕМОР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

МУБОРИЗА БО COVID-19. КОРМАНДОНИ АНМН БА СУРАТҲИСОБИ МАХСУС 50 000 ГУЗАРОНДАНД

ХУҶАНД. ТАШХИСГОҲИ НАВИ ВИРУСОЛОГӢ БУНЁД ГАРДИД

ХАТЛОН. СОҲИБКОРОН ТАДБИРҲОИ МУҲИМРО ТАТБИҚ МЕСОЗАНД

ВАРЗОБ. 112 ИНШООТИ ҶАШНӢ МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ГИРИФТ

КФО АВВАЛИН ОНЛАЙН-КОНФРОНСРО ДОИР МЕКУНАД

ДОРУИ ЗИДДИ COVID-19 ДАР БЕМОРХОНАҲОИ РОССИЯ 11 ИЮН ПАЙДО МЕШАВАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.06.2020


ХУШХАБАР. ДАР ТОҶИКИСТОН БЕШ АЗ 2000 СИРОЯТЁФТА ШИФО ЁФТ

РОҶЕР ФЕДЕРЕР. ГАРОНАРЗИШТАРИН ВАРЗИШГАРИ САЙЁРА

29.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID - 19 БОЗ 423 НАФАРИ ДИГАР ШИФО ЁФТ

28.05.2020


ТОҶИКИСТОН. БОЗ 385 НАФАР АЗ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

ВМКБ. ҲАМОВОЗӢ БА ИҚДОМИ НЕКИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ

ХИЗМАТИ ҲАРБӢ. НАҚШАИ ДАЪВАТ ПЕШ АЗ МУҲЛАТ ИҶРО ШУД

ВАРЗОБ. ҶОЙҲОИ КОРӢ БЕШТАР МЕГАРДАНД

БУНДЕСЛИГА. РАҚОБАТИ "БАВАРИЯ" БО "БОРУССИЯ" БАРОИ ПОЙГАИ ҚАҲРАМОНӢ

ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОН БО ПАРВОЗИ МАХСУС АЗ ДЕҲЛӢ ВА ДУБАЙ БА ВАТАН БАРМЕГАРДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

27.05.2020


436 НАФАРИ ДИГАР АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 ШИФО ЁФТ

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ВАЗИРОНИ КОРҲОИ ХОРИҶИИ СААД

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ДАР МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID – 19

ДАР РӮИ ҒИЗО ЗАРРАҲОИ COVID-19 НЕСТ!

НОҲИЯИ САНГВОР. МУБОРИЗА АЛАЙҲИ COVID-19 БО УСУЛИ “ХОНА БА ХОНА”

ТАШВИҚОТИ ҲИЗБИ ПЕШОҲАНГ ДАР ПАРТАВИ ҲИДОЯТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ЛИГАИ ЧЕМПИОНҲО. МУАЛЛИФИ БЕҲТАРИН ГОЛ БЕҲТАРИН МУРАББӢ ШИНОХТА ШУД

ГАРМО МЕТАВОНАД СИРОЯТИ COVID-19-РО ДАР ӮЗБЕКИСТОН КОҲИШ ДИҲАД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

26.05.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ БЕМОРИИ COVID – 19 1395 НАФАР ШИФО ЁФТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед