logo

фарҳанг

УБАЙДУЛЛО РАҶАБ. ГУФТАНИҲОИ НОГУФТА

Барҳақ, вуҷуди Убайдулло Раҷабов,  Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдулло Рӯдакӣ ва дорандаи ордени «Ситораи Президенти Тоҷикистон»,  ҳама ҳунар мебошад. Чунин шахсияти бузург ва шинохтаро новобаста  аз синну сол,  миллат, мансабу вазифа ҳама дӯст ва гиромӣ медорад.
Банда аз он ифтихормандам, ки бо ин ҳунарпешаи асил шиносоии наздик дорам.  Борҳо ҳамроҳаш ҳамсуҳбат шудаам ва аз суханони дилнишин ва хотирмонаш як ҷаҳон лаззату маънӣ бардоштаам. Шояд бинандагони телевизион ё мухлисони театр ҳунари ӯро дар намоишҳои телевизионӣ ё театрӣ дида, ба ин ҳунарпеша ҳамчун як актёри болаёқат баҳо диҳанд. Агар ҳамин тавр аст, хато хоҳанд кард. Вай, қабл аз ҳама, инсони комилу тарбиятгар, мушкилнописанд, хирадманд, ҳақҷӯ, ҳақгӯ ва дар радифи ин одами одӣ ва хоксору фурӯтан мебошад. Худ иқрор аст, ки дар умри ҳафтоду панҷсолааш ягон кору комёбиҳои ҳунарии ӯ саҳлу осон ба даст наомадааст. Бидуни шубҳа, бори гарони ҳунарро ин қадар сол фидокорона бардошта омадан кори ҳар кас нест.
Ёд дорам, соли 1982 фестивали ҷумҳуриявии «Бӯстон - 2» баргузор гардид. Дар он мебоист ҳар шаҳру ноҳия тайёрии мукаммал дида, дараҷаи фарҳангу санъати худро дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе намоиш медод. Чун қоида назорат ва пешбурди чунин корҳо  ба истилоҳи ҳамонвақтаи «маданӣ – равшаннамоӣ» ба зимаи шуъбаи маънавиёт вогузор буд. Аз ин рӯ, котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳияамон Асадулло Одинаев маро ба наздаш даъват намуда, бо қатъият гуфт:
- Дар ҳамин фестивал ё ҷои якумро мегирӣ (гӯё, ки фестивал танҳо аз они ман  бошад) ё билети партиявиатро оварда,  дар болои мизи кории ман мегузорӣ. То оғози фестивал дуюним моҳ вақт аст. Дар ин муддат ба бинои райком надаро. Акнун тамом, бирав ва аз пайи кор шав!
Убайдулло Раҷабовро ба ноҳияамон овардем. Дар ҳамин ҷо ман аввалин маротиба бо ӯ шинос шудам ва минбаъд дӯстию ҳамкориамон идома ёфт. Дар аввал  мисли бисёр мухлисонаш ман ҳам ӯро ҳамчун як санъаткори ҳаҷвнигор мепиндоштам. Баъд, дар ҷараёни ҳамкориамон фаҳмидам, ки не, одами басе ҷиддӣ будааст.
Алқисса, ноҳияи мо дар фестивал - озмуни ҷумҳуриявии «Бӯстон - 2» ҷои аввалро гирифт ва билети партиявии ман дар кисаам монд…
Як лаҳзаи бароям гуворо ҳеҷ аз лавҳи хотирам намеравад. Убайдулло Раҷабов бо котиби якуми ҳизби коммунисти ноҳия Асадулло Одинаев бисёр монандӣ дошт. Як саҳар бо Убайдулло Раҷабов дар саҳни бинои райком суҳбат доштем. Дар ин ҳол як зани деҳотӣ наздамон омаду ғавғо бардошт ва рост ба Убайдулло Раҷабов муроҷиат намуд:
- Медонам, ки Шумо калони ноҳияи моед, - хитоб намуд ӯ, - аз ин, рӯ ба Шумо шикоят мекунам.
- Хуб - хуб, - гуфт ӯ, - чӣ шикоят доред?
- Раисамон (номашро гирифт, вале дар хотирам намондааст), чанд боре, ки  наздаш рафтам, ҳеҷ не, ки корамро буд кунад. Ҳар дафъа ваъда медиҳаду халос. Маҷбур шудам пеши Шумо биёям.
- Хуб кардед, ки омадед, - гуфт Убайдулло Раҷабов  бо ҷиддияти том, ҳатто бо ғазаб. – Ба фикрам, вақтҳои охир он раис аз худ рафта истодааст. Аз пушти ӯ якчанд каси дигар ҳам ба ман шикоят карда буд. Ҳозир ӯро  ба райком даъват мекунему муҳокимааш менамоему ҷазояшро медиҳем. Масъалаи шуморо ҳам дар ҷояш ҳал мекунем. Шумо баҳузур аз пайи коратон рафтан гиред!
Зан бо миннатдории зиёд аз наздамон рафт. Бо рафтани ӯ Асадулло Одинаев омад.
- Рафиқ котиб, – ногаҳон ба Асадулло Қодирович хитоб намуд Убайдулло Раҷабов, ваҷоҳати актёриашро тағйир надода (ман ҳам, ки мунтазири ин ҳолат набудам, як қадар даступохӯрда шудам), - дар куҷо мегардед? То кай ба ноҳияатон ба ҷои Шумо ман роҳбарӣ кунам?
- Чӣ гап шудааст? - бо ҳайрат пурсид Асадулло Одинаев.
Ҳар дуямон воқеаи нав рухдодаро ба ӯ нақл кардем ва Асадулло Одинаев ҳам ба хандаи мо шарик шуд.
- Мақоми ҳунарро ҳунарманди асил боло мебарад, - ақида дорад Убайдулло Раҷабов. – Ҳамон шахсе дар касбу ҳунараш тавфиқ меёбад ва миёни мардум маҳбуб мегардад, ки онро баробари ҷони ширинаш дӯст бидорад. Вагарна ҳар кас касбеву ҳунаре дорад. Ман чандин ҳунарпешагонро дидаам ва медонам, ки онҳо хоҳ мард бошанд, хоҳ зан, дар солҳои барои ҳамаи мо вазнин бинобар камии маош гирифтори ҷанҷолу хархашаҳои дуру дарози оилавӣ шудаанд. Ва оқибат аз оилаҳояшон  ҷудо шудаанду аз касбу ҳунарашон не. Яъне, гуфтаниам, ки мақоли маъмули «санъат қурбониро металабад» то ҷое дуруст аст.
Убайдулло Раҷабов на танҳо актёри хушсалиқа, коргардони хуб ҳам ҳаст. Медонам, ки ҳар намоишномаеро, ки ӯ рӯи саҳна овардааст, аз ҷониби ҳаводорони санъати театрӣ басе гарм пазироӣ ёфтааст. Ӯ ба ин кор ҳам ниҳоят ҷиддӣ муносибат мекунад. Аввалан, ӯ нисбати худ сахтгир аст, пас аз он нисбати ҳамкорону ҳамкасбони ҷавонаш. Ин тадбирро ӯ дар ҳаққи ҳамкорони ҷавони худ як навъ тарбияи касбӣ меҳисобад.
- Маро ихлосмандони ҳунарам ҳамчун ҳаҷвнигор эътироф кардаанд, - баъзан гилаомез иброз медорад Убайдулло Раҷабов ва илова мекунад, - бовар кунед, дӯстон, ман ҳаҷвнигор нестам. Одами ҷиддиам, бениҳоят ҷиддӣ. Зиндагиро аз тариқи саҳна, фақат чӣ тавре ки ҳаст, ҳамон тавр нишон медиҳам.
Тошмат ТЕМИРОВ,
Аълочии фарҳанг ва матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2017    №: 129    Мутолиа карданд: 571

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед