logo

иҷтимоиёт

ТАНЗИМ. АЗ МАНФИАТ ТО ПЕШНИҲОДҲОИ НАВ

Имрӯзҳо тариқи  расонаҳои  хабарӣ аз минтақаҳои мухталифи кишвар намояндагони табақаҳои гуногуни аҳолӣ  фикру ақидаҳои худро бобати қабул ва амали қонуни мазкур баён менамоянд. Тавре ба  мушоҳида  мерасад, аксаран  аҳамияти  таърихии  онро  таъкид  менамоянд. Аз андешаҳои мардум бармеояд, ки қонуни мазкур пуштибони манфиатҳои халқ буда, он дар болоравии сатҳи зиндагии мардум, дигар шудани мафкураи халқ нақши муҳим гузоштааст. 

Дар  баробари  ин,  мавриди  зикр   аст, ки  дар  давоми  даҳ  соли  амали  қонун  зиндагии  мардуми  кишвар  хеле  пеш  рафт. Ба  назарам,  мавриди   он  фаро  расидааст, ки  вобаста  ба  пешрафти  ҳаёти  мардум, рушди  ҷомеа  ба  қонун  баъзе  тағйирот  ворид  шаванд. Масалан, тибқи  қонуни  амалкунанда  иҷозат  нест, ки  барои  таваллуди  кӯдак маърака ороста  шавад. Вале  дар  мардуми  мо - ноҳияҳои   Бадахшон  аз  қадим  чунин  русум  ҷорӣ  буд, ки ҷиҳати  таваллуди  кӯдак  хешу  табор  ва  ёру  дӯст  барои  муборакбодии  ин  хонавода  меомаданд  ва  мувофиқи  имкон  базм  меоростанд. Ин  маърака,  албатта,  бе  додани  таъом  намегузашт. Вале  дар  замони  шӯравӣ  ин маъракаро  ба  як тӯи  калон  табдил  доданд, ки  боиси  сарфи  зиёд  барои  хонаводаи  соҳибмаърака  гардид. Даҳ  сол  пеш  инро   ба  инобат гирифта, маъракаи  ба  ном “муборакбод”  тибқи  қонуни  мазкур  манъ  шуд. Инро  мардум он замон воқеан нағз  истиқбол    карданд. Вале  имрӯз  мардум  бештар таклиф  доранд, ки  ин   маросим  тибқи  қонун  иҷозат  дода  шавад, вале иштироки  меҳмонон  дар  он  аз  100  нафар  зиёд  ва додани  таом  низ  дар он  аз  як  намуд  бештар  набошад.
Ҳамчунин,   дар  мардуми мо  роиҷ буд, ки пеш  аз  тӯи  арӯсӣ  маъракаи   “хешичид”  (хешӣ кардан)   гузарад. Дар  ин  маросим  аз  ҷониби  домод 10 - 12  нафар барои  маслиҳати  вақту  замони  тӯй  ва  дигар  масъалаҳои  вобаста  ба  бунёди  оилаи  нав  ба  хонаи  хонаводаи  арӯсшаванда  мераванд. Дар  он  ҷо  бо  маслиҳати  пешакӣ  бо  ҳамин  мақсад 10 - 12  нафар  хешовандони  арӯс  ҷамъ  меоянд. Ин  маърака  ҳам  бо   додани таом  мегузашт. Вале  мувофиқи  қонуни  мазкур  ин  маросим  мамнӯъ  гардид.   Тавре  аз  суҳбатҳо бо  мардум  бамеояд, имрӯз  аҳли  ҷомеа  мехоҳанд, ки ин  маросим  ҳам бо  хароҷоти  кам  ва  иштирокчиёни  маҳдуд иҷозат дода  шавад.
Дар  баробари  ин, мардум  хоҳони  он  аст, ки он   маҳдудиятҳое, ки  қонун  нисбат  ба шумораи  иштирокдорони  тӯю  маъракаҳо,  нақлиёт, муҳлати  чорабинӣ,  додани  таом  ва манъи  дигар  маъракаҳои  бебунёд  ҷорӣ  карда,  пеши  роҳи  ҳар  гуна  исрофи  барзиёдро  гирифт, ҳамон  тавр  нигоҳ  дошта  шаванд.
С. РАҲМОНҚУЛОВ,
корманди раёсати  маорифи  ВМКБ,
Аълочии  маорифи  Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2017    №: 129    Мутолиа карданд: 331

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед