logo

сиёсат

ДАР ҚАЛАМРАВИ САОДАТ

Баъд аз панҷ соли даргирҳои хонасӯз ва интизориҳои лаҳза ба лаҳза муждаи сулҳ ва имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ басо гуворову умедворкунанда ба рӯзу рӯзгори хуш буд. Паёми сулҳ барои мардуми тоҷик он қадар  фараҳафзову гаронарзиш буд, ки онро баъзеҳо дар зеҳни худ бо пирӯзии бобову падаронамон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қиёс мекарданд…

27 июн барои миллати тоҷик санаи муҳиму хотирмон, ҳодисаи тақдирсозу таьрихӣ аст. Бо гузашти моҳҳову солҳо мо  бештар ба дарки он мерасем, ки воқеан ин санаи муборак рӯзи наҷоти миллату давлат будааст. Кунун мо дар партави сиёсати ваҳдатоину созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 20 сол боз дар роҳи рушду тараққиёти бонизоми Ватани азизамон қарор дорем.
Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ намешавад ҳаводиси хунини солҳои аввали Истиқлолияти давлатиро фаромӯш кард. Мо бояд аз ин сабақи таърихӣ хулосаҳои зарурӣ бароварда, ба хидматҳои мондагору ҷовидонаи Пешвои муаззами миллат дар роҳи расидан ба сулҳу саодати миллӣ ҳамеша арҷгузор бошем. Зеро баъд аз сафари таърихии Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи Хустдеҳи Афғонистони гирифтори ҷангу ноамнӣ дар моҳи декабри соли 1996 мардум ба умқи ҳарфҳои таърихии Сарвари давлат  расиданд, ки гуфта буд: «Ман тайёрам ҷонамро барои осоиш ва ободии Ватани азизам қурбон намоям». Чунин ҷасорати бемисл ва иродаи қавӣ буд, ки кишвари мо аз доми ҷангу хунрезиҳо раҳо шуда, ба қаламрави саодат қадам гузошт.
Дар партави ҳамин сиёсати хирадмандона кишвари азизи мо сол ба сол рушду тараққиёти нав касб намуда, дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ навгониҳо ба амал омаданд. Гулгашту хиёбонҳои нав, иншооти дорои тайъиноти гуногун, биноҳои маъмуриву истиқоматии наве, ки то кунун бунёд гардиданд, симои шаҳру ноҳияҳои мамлакатро қабои тоза бахшидаанд. Албатта, ин ҳама саодати рӯзгор ва пешрафтҳои азими иқтисодиву иҷтимоӣ танҳо баъд аз истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар ҷумҳурӣ ба даст омаданд. Роҳбарияти олии кишвар дар пиёда намудани аҳдофи сиёсати хориҷӣ муваффақ гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускор шинохта шуд.
Ҳоло ки мо дар фазои сулҳу суботи комил ба сар мебарем, бояд аз вазъи ҷаҳони ноором ғофил набошем. Ба умқи бозиҳои геосиёсӣ сарфаҳм рафта, нагузорем ки ба ин неъмати бебаҳо - ваҳдати миллӣ халал ворид шавад. Бо нигоҳе ба ҳаводиси сангини кишварҳои арабӣ, назири Сурия, Либия, Ироқ, Яман ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистону дигар кишварҳои ноамни сайёра ба қадри ваҳдати миллӣ, ки муҷиби пешрафтҳои рӯзафзуни мост бирасем ва ин арзиши зиндагисозро беш аз ҳар вақти дигар ҳифзу гиромӣ дорем. Зеро неъмате беҳтар аз сулҳ ва ҳеч коре муҳимтар аз ҳифзи сулҳу оромиву амнияти миллӣ нест.
Мирзозода МУҲАММАД, муовини раиси суди вилояти Суғд,
Қурбониён САФАРАЛӢ, судяи суди вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2017    №: 129    Мутолиа карданд: 486

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед