logo

иқтисод

СӮЗОНДАНИ БАРГУ ПОЯ. ЧАНД ПАҲЛУИ ЯК ПРОБЛЕМА

Ҳосилнокии хок боигарии миллӣ буда, онро давлат назорат ва ҳимоя менамояд. Олимони иқтисодшинос даромади изофаи заминро ба ҳосилнокии хоки он вобаста медонанд. Сӯзондани боқимондаи зироатҳо, хусусан баргу поя ва қисман решаи  гандум, ҷав ва шолӣ, дар минтақаҳои  ҷумҳурӣ омилҳои асосии паст гардидани сатҳи ҳосилнокии заминанд. Соҳибони ҳуқуқии замин ё иҷоракорон сӯзондани хасу пахоли зироатҳои кишоварзиро ба зиёд гардидани алафҳои бегона дар майдони кишти зироатҳои ғалладона рабт медиҳанд. Вале деҳқонони асил, ки аз ҳисоби ҳосилхезии замин даромад мегиранд, ин амалро зиёновар медонанд.
Бар асоси таҳлилҳо, солҳои охир соҳибкорони зиёд соҳиби сертификати ҳуқуқи истифодаи замин гардидаанд, вале даромади асосии онҳо аз деҳқонӣ нест. Истифодаи  замин ҳамагӣ 5 - 10 дарсади даромади онҳо буда,  танҳо барои банд намудани замин зироатҳои ғалладона мекоранд. Онҳо бар зидди алафҳои бегона муборизаи дуруст намебаранд. Сӯзондани баргу хаси зироатҳоро, ки сарчашмаи ҳосилхезии заминанд, роҳи ягонаи поксозии киштзор аз алафҳои бегона медонанд.
Истифодабарандагони замин бояд бидонанд, ки биомассаи боқимондаи рустаниҳо манбаи баланд бардоштани ҳосилхезии хок ва баргардондани моддаҳои ғизоӣ ба хок маҳсуб меёбад. Аксаран пору ва нуриҳои дигари органикӣ дар деҳаҳо  ҳамчун сӯзишворӣ истифода мешаванд.  Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки баъзеҳо аҳамияти истифодаи поруро дар киштзор дарк намекунанд.
Сӯзондани пахолу хаси зироат боиси ифлосшавии ҳаво ва нобудшавии миқдори муайяни карбон дар таркиби хок мегардад.  Дар натиҷаи сӯзондани боқимондаи рустаниҳо миқдори нитрогени умумии хок - сарчашмаи ҳосили зироатҳо кам мешавад. Нитроген дар шароити хокҳои Тоҷикистон яке аз элементҳои камчин буда, миқдори он сатҳи ҳосилнокиро муайян менамояд. Бо сабаби сӯзондани хас миқдори сулфур низ дар хок кам шуда, ба нашъунамои зироатҳо таъсири манфӣ мерасонад.
Дар қабати ҳосилхези хок дар як гектар то ҳашт тонна микроорганизм мавҷуд аст. Ғизое, ки мо ба воситаи нуриҳои органикӣ ва ҳатто минералӣ ба хок ворид месозем, танҳо дар натиҷаи таҷзияи онҳо тавассути микроорганизмҳо барои ҳазми рустанӣ дастрас мегардад. Дар ҳолати нобудшавии хасу боқимондаи рустанӣ нисфи микроорганизмҳои муҳим ва аз ҷиҳати агрономӣ манфиатнок аз байн мераванд.
Олимон муайян намудаанд, ки дар таркиби як тонна коҳи гандум 826 кг карбон, 22 кг нитроген, 6,2 кг ангидриди фосфор ва 3,5 кг оксиди калий мавҷуд мебошад. Ҳангоми хокистар гардидани он 98 - 100 фоизи нитроген, 70 – 90 фоизи сулфур ва тақрибан 20 - 40 фоизи фосфор ва калий талаф меёбад.
Дар иёлати Калифорнияи ИМА баъди соли 1991 бар асоси қабули қонун сӯзондани пахол дар майдони кишти шолӣ манъ гардид ва онро заминистифодабарандагон имрӯз майда намуда, ба хок ворид месозанд. Дар натиҷаи воридсозии пахоли шолӣ миқдори моддаҳои органикии хок, қобилияти обнигоҳдорӣ ва ҷаббиши ғизои он зиёд мегардад, ки ин  ҳосилхезии хокро беҳтар  месозад.
Аз ин рӯ, мо низ бояд ба сӯзондани боқимондаи рустаниҳо дар киштзор хотима диҳем. Нисбат ба хоҷагиҳои деҳқоние, ки ба ин амали зараровар даст зада, боиси талафи моддаҳои ғизоии хок мегарданд, идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ бояд чораҳои қатъӣ андешанд.
С. САНГИНОВ,
корманди Институти хокшиносии
Академияи илмҳои кишоварзӣ, доктори илмҳои кишоварзӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2017    №: 129    Мутолиа карданд: 560

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд

11.07.2019


Шиносоии Қоҳир Расулзода бо сохтмон ва навсозии шоҳроҳи Душанбе – Бохтар

10.07.2019


Нодиртарин "Девон" - и Навоӣ дар Хуҷанд

Бунёди нахустин пойгоҳи ҷаҳонии шабакаи атмосферии Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ

Иттиҳоди Аврупо барои кишварҳои Осиёи Марказӣ 72 миллион евро ҷудо мекунад

Матвиенко: "Дар бозори Россия қариб тамоми об қалбакӣ будааст"

Ҷаҳон дар як сатр

08.07.2019


Баррасии ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон

"Душанбе - қалби Тоҷикистон"

Ҳамоиш оид ба таҳияи маҳсулоти сайёҳӣ

Россия нахусткайҳоннаварди арабро бо ғизои махсус таъмин месозад

Зиёни иқтисодии Гурҷистон аз коҳиши сайёҳони рус беш аз $700 миллион хоҳад шуд

Дар Қазоқистон то соли 2021 нияти ифтитоҳи 20 мактаби олӣ ва 180 коллеҷро доранд

СММ: "Қирғизистон нахустин кишварест, ки мушкили бешаҳрвандиро ҳал кард"

Зеленский пурра иҷро кардани созишномаи Минскро ваъда дод

Ҷаҳон дар як сатр

04.07.2019


Ҷаласаи Комиссияи муштараки ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Покистон

Масъалаи татбиқи ҳамгироии сиёсати давлатии ҷавонон баррасӣ гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед