logo

сиёсат

БАҲОРИ ЗИНДАГӢ

Таҳаввулоти бунёдӣ дар умури сиёсиву иҷтимоӣ ва давлатдории миллӣ ҳамеша бо номи шахсиятҳое пайванд мегирад, ки бо корномаҳои бузургу мондагор ормонҳои мардумиро дар худ таҷассум намудаанд. Дар замони Истиқлолияти давлатӣ ё таърихи давлатдории навини тоҷикон чунин абармард дар симои Эмомалӣ Раҳмон ба саҳнаи сиёсӣ омад, ки халқи вомондаву парешонгаштаро ба ҳам оварда, рукнҳои давлатдориро аз сифр оғоз ва истеҳком бахшид.
Хонандаи нозукбин муроди моро аз ин матлаб хуб дарк хоҳад кард, зеро гап дар сари ҳаводиси хунини солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ меравад, ки паёмадҳои даҳшатбори он барои наслҳои минбаъда сабақомӯз хоҳад буд.
Ҷанги таҳмилии  шаҳрвандӣ, нооромию низоъҳои мусаллаҳона, қатлу куштори бераҳмона хавфи аз байн рафтани Тоҷикистони тозаистиқлолро ба миён оварданд. Маъюсию ноумедӣ ҳамаи қишрҳои ҷомеаро фаро гирифта буд. Бисёриҳо ба ояндаи нек умед надоштанд. Зеро гурӯҳҳои силоҳбадаст дар минтақаҳои даргир ба қатлу куштори мардуми бегуноҳ даст зада, ҳар чи дар бисоташон буд, бо худ мебурданд. 
Дар ноҳияи Шаҳритуз низ чунин бедодгариҳо ҳар рӯз ба чашм мерасиданд.  Сокинони деҳаҳои алоҳида, ки ҳар лаҳза ба ҷони онҳо ва фарзандонашон марг таҳдид мекард, ноилоҷ хонаву кошонаи худро тарк намуда,  пиёдаву савора рӯ ҷониби сарҳад меоварданд. Дар муддати кӯтоҳ зиёда аз ҳаштод ҳазор нафар сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур намуда, дар он сӯи Ому ҷон ба саломат бурд. 
Дурӣ аз Ватан, зиндагӣ дар кишваре, ки ҳар лаҳза марг таҳдид мекард, азоби гуруснагию бехонаӣ, беморию бемадорӣ гурезаҳои тоҷикро рӯҳан азоб медод.  Онҳо дуо мекарданд дар Тоҷикистон ҳар чи зудтар сулҳу субот барқарор шавад.
Дуои мардуми азияткашида мустаҷоб гардид. Бо талошҳои хастанопазири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба имзо расид. Ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, имкон фароҳам овард, ки гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷборӣ ба Ватан баргарданд. Он барои таъмини соҳибистиқлолию ваҳдати миллӣ ва ба минтақаи сулҳ табдил ёфтани Осиёи Марказӣ такони ҷиддӣ бахшид.
Дар ин раванд, сокинони ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритуз аз шаҳри Мазори Шариф ва вилояти Кундузи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ба манзили доимии зисташон баргаштанд. Ин дар ҳоле сурат гирифт, ки Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони гурезаҳо номае оид ба авфи ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлати ҳамсоя - Афғонистонро ирсол намуд. Ин нома, ки баъдтар мактуби тиллоӣ ном гирифт, дар дили мардуми дар ғурбат қарордошта эҳсоси боварӣ ба ояндаи некро бедор намуд. Дар ин муддат гурӯҳҳои кории муштарак  аз ҳисоби шахсоне, ки нуфузашон дар байни мардум зиёд буд, таъсис дода, ба ноҳияҳои Шаҳритузу Қубодиён ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фиристода шуданд. Мақсад бахшидани гуноҳҳои якдигар ва ҳар чи зудтар ба Тоҷикистон баргаштану обод намудани Ватани аҷдодӣ буд.
Дар он шабу рӯзҳое, ки гурезаҳо ба Ватан бармегаштанд, хонаю дарашон сӯхтаю валангор гашта буданд. Вале мардум рӯҳафтода нашуда, дар Ватани хеш қарор доштанро беҳтар аз ҳама дороию неъмати дунё медонистанд. Шукрона мекарданд, ки бо ташаббусу дастгирии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон манзили зисташон обод гардиду дар фазои сулҳу субот зиндагиашонро пеш мебаранд.
Мардуми меҳнатқарини ноҳияи бостонии Шаҳритуз имрӯз татбиқи сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои миллатро сармашқи кору зиндагии худ қарор дода, баҳри гулгулшукуфии Ватани маҳбуб заҳмат кашида истодаанд, то ҷашни 20-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро дар сатҳи баланду хотирмон истиқбол гиранд. Зеро таҷлили ин ҷашни муборак дар шароите, ки Ватан ободу мардум шоданд, боиси ифтихору сарбаландии ҳар як фарди бедордил буда, аҳамият ва арзиши ин неъмати бебаҳоро боз ҳам афзун менамояд.
Холмурод ЗУҲУРИЁН, раиси суди ноҳияи Шаҳритуз


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 19.06.2017    №: 129    Мутолиа карданд: 408

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед