logo

фарҳанг

ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ. ВОСИТАЕ БАРОИ ТАЪСИСИ ҶОЙҲОИ НАВИ КОРӢ

Ҷиҳати фароҳам сохтани ҷойҳои кори доимӣ барои сокинони кишвар, хусусан занону духтарони хонашин, тайи солҳои охир садҳо корхонаҳои инфиродию дастҷамъӣ ва марказҳои таълимию истеҳсолии қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ, сӯзанию зардӯзӣ ва ҳунарҳои дигари миллӣ таъсис ёфта, сафи онҳо рӯз то рӯз зиёд гашта истодааст.
ҶСК «Суман» дар заминаи филиали корхонаи истеҳсолии «Гулдаст» ташкил шуда, айни ҳол дар ин коргоҳ 44 номгӯи маҳсулот, аз ҷумла гулдӯзӣ, зардӯзӣ, сӯзанӣ, либосҳои корӣ, ҷиҳози бистарӣ, кӯрпаю кӯрпача, матрас, болишт, парчам, сумкаҳои гуногун ва либосҳои занона истеҳсол мешавад.
Тамоми кормандон зану духтарони ҳунарманди маҳаллианд. Соли гузашта корхона ба андозаи 514,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол  намудааст, ки нисбат ба соли пешӣ 162 ҳазор сомонӣ зиёд буда, суръати афзоиш 145,9 дарсадро ташкил медиҳад.   
 - Соли 2015 истеҳсоли матоъҳои миллӣ – атласу адрасро  ба роҳ мондем. Бо ин мақсад 3 дастгоҳи атласу адрасбофии дастӣ сохта, бо ҷалби мутахассисони соҳа ба кор даровардем. Бо ин дастгоҳҳо ҳоло бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ 15 навъи адрас истеҳсол менамоем, – гуфт зимни суҳбат Файзимоҳ Иброҳимова, директори корхона.
«Суман» дар ҷумҳурӣ ягона корхонаест, ки истеҳсоли Парчами давлатии ҷумҳуриро ба роҳ мондааст. Соли гузашта корхона мувофиқи фармоиши вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, корхонаю муассиса ва ташкилотҳои гуногун дар ҳаҷми 107,1 ҳазор сомонӣ парчам (андозаҳои гуногун) истеҳсол намудааст, ки нисбат ба як сол пеш  6,4 маротиба зиёд мебошад.
Лозим ба ёдоварист, ки  маҳсулоти корхона ду маротиба – солҳои 2014 ва 2016 аз рӯи сифат дар озмуни «Маҳсулоти беҳтарини сол» - и Агентии «Тоҷикстандарт»  сазовори ҷойи аввал, инчунин, дар хориҷи кишвар - дар Франсия соҳиби 2 медали тилло, диплом, дар Англия сазовори ҷоизаи  байналмилалӣ ва медали тилло гаштааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2017    №: 130    Мутолиа карданд: 380

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед