logo

фарҳанг

ДАР ВУҶУДИ МИЛЛАТИ ЯКТОПАРАСТ...

Инъикоси мавзӯи Ваҳдати миллӣ яке аз мавзӯъҳои асосии аҳли қалам ва нигорандагон, минҷумла шоирону нависандагон гардидааст. Воқеан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як суханрониашон таъкид доштанд: «Вақти он расидааст, ки адибон бештар ба таҳияи мақолаҳои публисистӣ ва очеркҳои проблемавӣ даст зада, мардумро аз рӯйдодҳои кишвар, дастовардҳои диёри азизамон, масъалаҳои рӯз ва хатарҳои даҳшатбори замони ноором огоҳ бисозанд».
Шоири халқии Тоҷикистон Назри Яздонӣ ҳам дар ашъори назмӣ ва ҳам насрии хеш мавзӯи ваҳдат, сулҳ ва истиқлолиятро бо чашми меҳрбор, андешаҳои фалсафӣ, тасвирҳои ноб, мазмуну мундариҷаи амиқ назарандозӣ мекунад. Дар мақолаи «Пешвои маърифату ваҳдати миллӣ» Назри Яздонӣ симои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо тамоми паҳлуҳояш чун эъмори сулҳу ваҳдати миллӣ, ташаббускори арсаи кору пайкори бузург, сиёсатмадори дунёшинохта тасвир мекунад. Меҳвари мақоларо ваҳдати миллӣ ва асосгузори он, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таҷассумгар аст. Ба андешаи муаллиф расидан ба ваҳдати миллӣ хеле душвор аст. Аммо ӯ аз ин мушкилот намеҳаросад ва мегӯяд: «…аммо расидан ба ягонагии ақида, ваҳдати имону андеша кори мушкил аст» ё «Расидан ба ваҳдати андешаҳо, ормонҳо бояд замина дошта бошад…». Ана, ҳамин заминаҳо аз баромадҳо, маърӯзаҳо, навиштаҳо, ҳидоятҳои ҳамарӯзаи Пешвои миллат сарчашма гирифта  майдони сабзу хуррами ваҳдати миллӣ сафо ва қабои нав мегирад.
Донишманд  ва шоири хушбаён  Рустами Ваҳҳоб аз зумраи он эҷодкорон аст, ки навиштаҳояш, шеъру мақолаҳояш, асарҳои публисистиаш ҳамеша рӯйи рӯзномаву маҷаллаҳост. Ҳам дар наср ва ҳам дар шеъраш, ки ҷанбаи пурқуввати фалсафӣ - мантиқӣ мушоҳида мешавад, суханаш нишонрасу пуртаъсир аст. Ӯ дар силсилаи шеърҳои «Салом ҳуҷҷати инсонии ман - истиқлол» дар ҳошияи «Салом» Ватан ва фарзандони барӯманди он, истиқлоли комил, марзу буми аҷдодӣ ҷойи асосӣ дошта бошад, дар шеъри «Ваҳдат» шоир ваҳдатро дар «андешаҳо», «дар афкори мо» ҷуста, пойдории миллатро аз ваҳдат медонад:
Чист миллат? – Ваҳдати дунёи мост,
Дӯши мо, имрӯзи мо, фардои мост…

Ё дар ҷойи дигар менигорад:
Дар вуҷуди миллати яктопараст,
Ваҳдату мақсуд чун ду шаҳпар аст.

Таъкид ба ёдоварист, ки ҳамаи шеърҳои оид ба ваҳдат, миллат, истиқлолият бахшидаи адибони мо чун адибони солҳои бистум ва сиюм оҳанги публисистӣ дошта, мазмуну мундариҷааш ҷавобгӯйи талаби замон аст ва рӯҳияи воқеӣ дорад. Дар даврони истиқлолият ваҳдати миллӣ падидаи нодир буда, аз ҳарвақта дида аҳамияташ, муҳимияташ дучанд  гардидааст.
Силсилаи рубоиҳои М. Ғоиб «Мо кохи  муҳаббати Ватан сохтаем», Г. Келдӣ «Наҷвои зарди хазонрез», «Таронаи истиқлол», А. Хуҷаста «Чакомаи Ваҳдат», Шаҳрия «Муҳаббатномаи истиқлол», Н. Ниёзӣ «Дар пояи ҳайкали озодӣ», С. Султон «Ман истиқлолам», К. Насрулло «Тоҷикистон аст ин ҷо!», Озарахш «Кишвари хуршедҳо» ва дигарон дар ашъори хеш ваҳдати миллиро тараннум кардаанд.
Нигоштаҳои А. Самад «Заҳри носозӣ ва шаҳди ошноӣ», А. Сайфуллоев «Шодона», А. Раҳмонзода «Бозтоби симои пешвои миллат дар адабиёти тоҷик», К. Насрулло «Наврӯзи Президент – Наврӯзи наҷот», З. Атоӣ «Роҳи ҳаёт, роҳи наҷот», М. Суруш «Мунзим ва андешаи миллӣ», М. Ҳотам «25 соли истиқлолият ва тамоми таърих», Б. Муртазо «Садди сойи оби шӯр», Ш. Мӯсо «Саодати рӯ ба гардун», А. Ҳамдам ва Л. Чигрин «Корномаи Эмомалӣ Раҳмон», Х. Муҳаббатов «Истиқлолият ва рушди туризму сайёҳӣ дар Тоҷикистон», Р. Аҳмад «Иншооти тақдирсоз», Маҷид Салим «Боми ҷаҳони Президент», Р. Махсумзод «Роҳи дуру дилҳои наздик», Д. Сафар «Навои Ваҳдат омад аз Бадахшон» гувоҳи ҳамқадаму ҳамзамон будани онҳоро ифода мекунад ва  воқеан аз рӯҳияи баланди миллии онҳо гувоҳӣ  медиҳад. Адиби ҷавон Баҳманёр Муродӣ дар мақолаи худ «Насли мо мадюни ғамхориҳои Пешвои миллат аст» аз ваҳдати миллӣ ифтихор намуда «…Ваҳдати миллат ба кӯдакии ман қабои тоза пӯшонид» гуфтани ӯву аз эҷоди ватандӯстонаи Давлат Сафар ёд кардани Камол Насрулло дар мақолаи  «Дар қабулгоҳи дили шоир» қобили таваҷҷуҳ аст.
Доктори илми фалсафа А. Самиев дар мақолаи хеш «Бақои истиқлолият худшиносии миллӣ» «…ин арзишҳо миллатро муттаҳид намуда, ба сӯи сулҳу ваҳдат, шукуфоӣ, осоиштагӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоӣ мебарад» гӯён андеша ронад, академик А. Раҳмонзода дар мақолаи таҳлилии худ «Бозтоби симои Пешвои миллат дар адабиёти тоҷик», ба нигоштаҳои се маҷмӯаи адибони тоҷик андешаҳои ҷолиб баён намуда, таҳқиқу таҳлили хубе кардааст. Ӯ менависад: «…адибони тоҷик барои халқ муҳим будани сулҳу субот, ваҳдату ризоияти миллиро махсус таъкид намуда, бо ин роҳ мардумро ба таҳкими давлатдорӣ даъват мекунанд». Воқеан, ба ин андешаҳо розӣ шуда, хизматҳои адибони моро дар назди ҷомеа арзёбӣ намуда, метавон гуфт, ки ба ин васила расидан ба ваҳдати миллии воқеӣ орзуи онҳост.
Мавриди зикр аст, ки адибони мо дар як давраи муайяни таърихӣ рӯ ба мардуму миллати хеш оварда, ҳидоятҳои Сарвари давлатро сармашқи кори эҷодии  ҳаррӯзаи худ дониста, ҳар гуфтаву ташаббусҳои ватандӯстонаи ӯро ба назму наср кашида, эҳсоси гарму самимияти беандозаашонро нисбат ба ваҳдати миллӣ, якпорчагии Тоҷикистони азиз ифшо кардаву ба ҷомеаи Тоҷикистон пешкаш кардаанд. Меарзад, ки андешаҳои мо бо суханони худи Ваҳдатофарини миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни мақта ёбад.  «Итминони  комил дорам, ки ваҳдату ҳамдигарфаҳмии мардуми мо ҳамчун сарчашмаи бахту иқболи тоҷикон ва пешрафту ташаккули давлатдории миллатамон ҳамеша бегазанду ҷовидон боқӣ мемонад ва роҳи моро сӯи амалисозии нақшаву ҳадафҳои олиамон равшан нигоҳ медорад».
Маҳмадюсуф ИМОМЗОДА, академик,
Аъзамҷон  АЗИМОВ,   профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2017    №: 130    Мутолиа карданд: 442

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед