logo

иҷтимоиёт

ҲУВИЯТСОЗӢ ВА МАНФИАТИ МИЛЛӢ

Ташаккули идеяи миллӣ ҳамчун ғояи марказии давлатдорӣ ва давлатсозӣ яке аз рукнҳои ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Иқдом ва ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина хеле муҳим буда, фаъолияти давлатро ҷиҳати муайян кардани ҳувияти он ифода менамояд.
 
Аз ҷумла, бахшида ба 20 - солагии Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси идеяи миллӣ эълон гардидани ғояи «Тоҷикистони соҳибихтиёр – Ватани ягонаи мо» воқеияти инфиродии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро фаро гирифта, аз матни воҳиди истиқололу озодӣ сарчашма мегирад. Ҳадафи асосии он таҳкими ваҳдату якпорчагӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ, истиқлолияти сиёсӣ ва соҳибихтиёрии давлатӣ мебошад.
Эҳсоси ҳувият, раванди маънобахшӣ ва маъносозӣ дар зиндагӣ аст. Ҳувият сарчашмаи маъно ва таҷрибаи афрод мебошад. Воқеияти таърихӣ ва илми сиёсатшиносӣ исбот менамояд, ки ҳувиятҳои иҷтимоӣ - миллӣ, динӣ, қавмӣ ва ғайра, аз тарафи афроди ҷомеа сохта мешаванд ва кулли ҷомеа онро ба худ касб мекунанд. Ин раванд маҳз дар замони зудтағйири имрӯза ба вуҷуд меояд, ки дар он тағйирот - нишонаи боризи пештозӣ ва рушд аст.
Феълан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми инфрасохтори як давлати соҳибихтиёр офарида шуда, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва амният дар кишвар ҳукмфармост, низоми фалаҷгаштаи ҳокимияти давлатӣ барқарор ва механизми ҳадафмандонаи фаъолияти он пурра таҳия шудааст. Яъне, яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувиятсозӣ - фазои умумии воҳид офарида шудааст. Тоҷикистон дар соҳаи иқтисод ва иҷтимоёт ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сатҳи камбизоатиро дар муддати кӯтоҳ аз 80 дарсад ба 31 дарсад поён фаровард, модели худии бунёди давлатдории миллиро таҳия ва татбиқ намуда истодааст, ки заминае дар татбиқи Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Таҷрибаи худии рушди миллӣ дар асоси қабул ва татбиқи як қатор нақшаву барномаҳои дарозмуҳлат инкишофи давлат ва давлатдориро имконпазир гардонид, ки дар асоси дастовардҳои он ҳадафмандона будани сиёсати дохилии кишвар ва аз рӯи барномаи мушаххас пеш рафтани онро мушоҳида менамоем, ки худ яке аз нишонаҳои асосии давлати собит ва бунёдгузории ҳувияти нави миллӣ мебошад.
Дар раванди ҳувиятсозии кишвари мо чанд омили муҳиме вуҷуд дорад, ки онҳо метавонанд ҳамчун бунёди иттиҳоду баҳамоии миллат дар заминаи дарки манфиати миллӣ хизмат намоянд. Аз ҷумлаи онҳо вуҷуди давлат, марзу буми ягонаи таърихӣ, ки дар он шумораи муайяни одамони дорои таърих, фарҳанг, этнопсихология, забони ягона мавҷуданд, ба ҳисоб меравад.
Дар арсаи байналмилалӣ устувор шудани мавқеи кишвари мо давлати собит будани Тоҷикистонро нишон медиҳад, зеро онро 147 давлати дунё ҳамчун давлати соҳибистиқлол мешиносанд ва 128 давлат бо мо робитаҳои дипломатӣ барқарор намудаанд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат, дар сиёсати байналмилалӣ бо як силсила ташаббусҳо баромад намуд, ки ба муҳимтарин мушкилоти курраи замин бахшида шудааст. Хусусан, пешниҳодҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об фарогир буда, 15 соли охир дар сиёсати умумиҷаҳонӣ аз нуктаҳои муҳим ба шумор меравад.
Шинохти моҳияти истиқлол аз тарафи ҳар як сокини кишвар муҳим ба шумор меравад, зеро истифодаи амалии дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ аз дарки дурусти моҳияти он оғоз мешавад. Дар шароити кунунӣ, аз масъалаҳои усулии давлатӣ рушди ҷанбавии истиқлол ва дарки мазмуну муҳтавои он аст. Истиқлол ҳамчун унсури арзишии шаҳрвандони кишвар барои таҳкими ҳувияти давлатӣ мусоидат намуда, онро устувор менамояд, зинаҳои рушди инсонро дарбар мегирад ва барои расидан ба саодат замина фароҳам меорад.
Худшиносии миллӣ дар шакли таҳаввулпазируф-таи худ нишонаҳои зиёди худшиносии этникӣ, пеш аз ҳама идроки ягонагии фарҳангӣ, забон, хусусиятҳои равониро дар сатҳи нави сифатӣ нигоҳ медорад. Худшиносии рушдкардаи миллӣ таҳаммулпазир буда, озодии худмуайянкунии шахсро нисбат ба арзишҳои миллӣ қабул дорад ва бемайлон ифодагари увлавияти шахс, тасаввурот оид ба шахсияти озод мебошанд. Агар маҳаки худшиносии этникиро асосан умумияти гузашта ташкил диҳад, дар худшиносии миллӣ умумияти муосир ба мадди аввал: ҳадафҳои мубрам, вазифа, манфиат ва мақсадҳои рушди миллӣ мебарояд. Дуруст аст, ки дар давраҳои алоҳида идроки умумияти гузашта метавонад қисми назарраси ҳаёти маънавии миллатро ташкил намояд.
Ҳамин тавр, худшиносии миллӣ – пеш аз ҳама мавқеи миллат дар ҷаҳон, дарки манфиат ва арзишҳои миллии худ, нақши худ дар ҷаҳон, аҳамияти таърих, фарҳанг ва дурнамои рушди минбаъдаи хеш мебошад.
Муҳиба МАҲМАДҶОНОВА,
доктори илмҳои фалсафа, профессор,
Олимҷон МАҲМАДҶОНОВ,
доктори илмҳои филология, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2017    №: 130    Мутолиа карданд: 544

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр

15.02.2019


ШАМШЕРБОЗӢ. ИШТИРОКИ ВАРЗИШГАРОНИ МО ДАР ЧЕМПИОНАТИ КУШОДИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Душанбе ташкили низоми муттаҳидаи мудофиаи зиддиҳавоӣ баррасӣ шуд

Дар чор сол муомилоти мол байни Тоҷикистону Ӯзбекистон 19 маротиба афзуд

Медведев: «Таҳримоти ИМА ба иқтисоди Россия таъсири чандон бузург расонда наметавонад»

Пентагон. ИМА аз Афғонистон ҳамроҳи иттифоқчиёнаш меравад

13.02.2019


2018. Сиёсати хориҷии Тоҷикистон пурбарор буд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед