logo

иҷтимоиёт

АЗ ТАНТАНАИ ҲАМДИЛӢ ТО ТАНТАНАИ ШУҲРАТ

Дар ҷаҳони муосир баъзан таҳаввулоти ғайричашмдошт рух медиҳад, ки хоҳ - нохоҳ инсонро ба андеша водор месозад. Зеро ҷаҳон ҳамеша ба тафаккури поку созанда, хираду илм ниёз дошту дорад ва ин раванд то дунё побарҷост идома хоҳад ёфт.
Манзур аз ин нигошта он аст, ки Тоҷикистони азиз баъди соҳибистиқлол гаштанаш ба зудӣ ба гирдоби ҷангу низоъ гирифтор шуда, бо навмедиҳо рӯ ба рӯ гашт. Халқе, ки тамаддунофару бохирад аст, чаро ба чунин рӯз гирифтор шуд? Агар кас ба гузаштаи дур назар афканад, огаҳ мегардад, ки бадхоҳони миллати мо аз рашки он ки Ватани маҳбубамон ҳамсони биҳишт асту бо обҳои поку зулол, кӯҳҳои сар ба афлок, дашту ҳомуни сарсабзу хуррам, гулу гиёҳҳои дармонбахшаш касро болидарӯҳ месозад, онро дида наметавонистанд. Вале, миллате, ки соҳибилму соҳибхирад ва ливояш ба сӯи ваҳдату дӯстӣ ва ягонагӣ даъват менамояд, аз ҳама гуна гирдоби ранҷу зулмот баромада, ба зудӣ ба сулҳу сафо мерасад. Ватану миллати мо ҳарчанд борҳо аз имтиҳони сангини таърих бо сарбаландӣ гузашта бошад ҳам, бадхоҳон боз ин мардумро ба майдонҳо кашиданд. Шукри бахт, шукри иқбол, шукри илму хиради воло, шукри Офаридгор, ки ба минбари баланди раёсати Шӯрои Олӣ ҷавонмарди бонангу номус, огаҳдилу сиёсатмадор, ватандӯсту таърихдон Эмомалӣ  Раҳмонро нишонд.
Дар замоне ки сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта буд, танҳо роҳбари тозаинтихоб ва гурӯҳе аз вакилони халқ фаъолият мекарданду халос. Дар ин давраи ҳассос раҳидану раҳонидани халқу Ватан, эҳё намудани фишангҳои фалаҷгаштаи Ҳукумат, табобати қалбҳои шикаставу озурда ва даво бахшидан ба ҳазорон иллатҳои пеши рӯ истода, коре буд басо сангину мушкил. Вақте ки халқ фарзанди писандидаи худ Эмомалӣ Раҳмонро рӯ ба рӯйи хеш дид, ба рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори некаш аз нахуст сухан, нахуст қадам ва нахуст савгандаш насими сулҳу ваҳдат, иттиҳоду якпорчагиро эҳсос кард. Ба ӯ аз самими қалб эътимоду эътиқод баст.  Иродаи қавӣ, меҳру муҳаббати Сарвари давлат ба амалҳои неку накукориаш ҳар нафас пеши назари аҳли кишвар ва берун аз он ҷилвагар мегашт. Сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва муаррифии Тоҷикистони азиз низ дар ҳамоишҳои бонуфузи байналмилалӣ тавассути донишу корнамоиҳои Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, пас аз ҳар як шиносоиву муаррифии Ватан сафи дӯстони кишвари мо ба маротиб меафзуд.
Тантанаи сулҳу ваҳдат, ки омили асосии рушду пешрафт ва осоиши зиндагонии инсонҳо маҳсуб мешавад, заминаи боэътимодест барои ташаккули давлату давлатсозӣ. Халқу  Ватани азизи мо бо раҳнамоии Эмомалӣ Раҳмон баъди фароҳам омадани сулҳу субот ба корҳои созандагию бунёдкорӣ камари ҳиммат бастанд. Шикофтани қалби кӯҳи Анзоб, табдили Девдара ба Гулдара, дар як муддати кӯтоҳ бунёди роҳи оҳани Қӯрғонтеппа - Кӯлоб, пули Панҷи Поён, ки бо меҳнати босамари муҳандисону коргарони маҳаллӣ ва кумаки беғаразонаи дӯстон  мавриди истифода қарор гирифтанд, дар қалби мардум шуълаи умед барафрӯхт.
Файзу баракати сулҳу ваҳдати миллӣ ҳамқадами халқи кишвар аст. Сулҳу субот, сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рӯи оламиён, ки бо нияти пок вориди сарзамини мо мегарданд, дарҳоро во намуданд. Пешрафту тараққиёте, ки дар тӯли ин солҳо ба даст омадааст, бешак, аз файзу баракати ваҳдат аст.
Сайдулло МАЛЛАЗОДА,
сардори раёсати тандурустии вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2017    №: 130    Мутолиа карданд: 503

19.07.2019


ПАЛАТАИ ҲИСОБ. 88,З миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор гашт

УМЕД БОБОЗОДА: "Аксари муроҷиатҳо оид ба адолати судиянд"

Кӯдакони аз Ироқ овардашуда ба зиндагии муқаррарӣ бармегарданд

"EXPO 2019 BEIJING". Гӯшаи Тоҷикистонро беш аз як миллион нафар тамошо кард

НИГАРОНӢ. Ҷудошавии 6065 оила дар ним сол

18.07.2019


ХАДАМОТИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ. Болоравии нархи барқ ба қарзи он марбут аст

Азим Иброҳим Ким Тэ Сонгро ба ҳузур пазируфт

Ба ташкили корхонаҳои муштарак ҳавасмандӣ зоҳир гардид

Ҳамоиши «Ваҳдат – омили ягонагӣ ва суботи ҷомеа» доир шуд

Ҳамкорӣ бо Қатар густариш меёбад

Саридораи геология. 2810 харитаи геологӣ рақамӣ шуд

121 шахси масъул ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуд

Роҳи нави сесатҳаи Душанбе ба истифода дода мешавад

Президенти Қазоқистон Шӯрои миллии эътимоди ҷомеаро созмон дод

Дар Ӯзбекистон аввалин IT-технопарк бунёд мегардад

Ҷаҳон дар як сатр

17.07.2019


Музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистон ва Корея

КУМИТАИ МУҲИТИ ЗИСТ. Нигаронӣ аз набудани партовгоҳҳо дар деҳот

ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ. 5774 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонда шуд

ИЗЗАТУЛЛО САТТОРӢ: "Истеҳсоли гӯшти мурғ 9 маротиба зиёд мегардад"

ВАЗОРАТИ АДЛИЯ. Хулосаи ҳуқуқӣ ба 1936 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ

ТАЭКВОН – ДО. Муниса медали тилло ба даст овард

Суръати рушди ММД Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баландтарин шуд

Тоҷикистон ба сохтмони лӯлаи гази «Осиёи Марказӣ — Чин» шурӯъ мекунад

Дар ҷанубу ғарби Чин аз хушксолӣ 7,4 миллион нафар зарар дид

Ҷаҳон дар як сатр

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» якҷо бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «ТОҶИКИСТОН – ХОНАИ УМЕДИ МО» озмун эълон менамояд.

16.07.2019


ХАДАМОТИ АЛОҚА. Корти ID симкорти муштариро ба расмият медарорад

ЭНЕРГЕТИКА. 2,5 миллиард сомонӣ қарзи дебитории "Барқи тоҷик" муаммои ҳалталаб боқӣ мемонад

15.07.2019


Сарвазири Корея ба Тоҷикистон меояд

Баррасии масъалаҳои ҳамгироии САҲА, СҲШ ва ИА дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Нахустин шумораи маҷаллаи «Осиё ва Аврупо» аз чоп баромад

ДТТ. Изҳори нигаронӣ аз вазъи бо кор таъмин шудани хатмкардаҳо

ТИБ. 288 номгӯи доруи ғайристандартӣ ошкор шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед