logo

иқтисод

ИСТАРАВШАН. РУШДИ ИҚТИСОД РУШДИ ЗИНДАГИСТ

Бист сол муқаддам миллати куҳанбунёд, соҳибфарҳанг ва тамаддунсози тоҷик ба дастоварди бузург – ваҳдати миллӣ ноил гардид. Сулҳу оромӣ барои рушду суботи иқтисодиёти кишвар заминаи устувор фароҳам овард. Тайи ин солҳо дар Тоҷикистон дигаргуниҳои азими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ ба вуқӯъ пайваста, садҳо иншооти ҳаётан муҳим мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Татбиқи ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Тоҷикистон оид ба баровардани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ имкон фароҳам овард, ки рушди иқтисодии мамлакат ба марҳилаи нав ворид гардида, зиндагии мардум хеле беҳтар шавад.
Дар баробари тамоми Тоҷикистон дастовардҳои сокинони шаҳри Истаравшан дар солҳои соҳибистиқлолӣ арзандаю назаррасанд. Айни ҳол дар шаҳр 20 корхонаи калони саноатӣ ва 24 корхонаи хурду миёна фаъолият дорад. Дар 5 моҳи соли равон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ маблағи 136 миллиону 972,2 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 19 миллиону 681 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар панҷ моҳ 3 корхонаи нав ба фаъолият шурӯъ намуд. Корхонаҳои саноатии “Кова”, “Ноҳид”, “Матбуот”, «Файз», «Нексоз», «Мк Баракат», «Ҳадид», “Сомонӣ», «П. Комилов» , «Раҳимӣ Т.», «Умаров С.» фаъолияти пурмаҳсул дошта, иҷрои нақшаҳоро пурраву барзиёд таъмин намудаанд.
 Дар пайи созандагию бунёдкориҳо шаҳри Истаравшан рӯз то рӯз ободу зебо мешавад. Дар асоси нақшаи генералии шаҳр, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, ба тартиб даровардани сохтмони бинову иншоот, зери назорати доимӣ гирифтани иншоотҳои сохтмонашон нотамом ва тӯлкашида, ҷойгиркунии унсурҳои хурди меъморӣ (пайкараҳо, нишастгоҳҳо), кабудизоркунӣ ва чароғоннамоии роҳҳои марказии шаҳр бо маром идома доранд. Дар шаҳраки Баҳористон сохтмони хонаҳои баландошёна, коттеҷҳо, манзилҳои истиқоматӣ, таъсиси минтақаҳои саноатӣ, барқарор кардани деворҳои «Қалъаи Муғ» ва дигар биноҳои таърихӣ вусъат гирифтаанд. Ҳамчунин, сохтмони 4 бинои истиқоматии бисёрошёна, бинои маркази фароғатӣ – тиҷоратӣ дар Ҷамоати деҳоти «Зарҳалол», бинои истиқоматии иборат аз 7 ошёна дар хиёбони Исмоили Сомонӣ ва дигар иншооти иқтисодию иҷтимоӣ бо ҷалби соҳибкорону тоҷирон оғоз гардидааст.
Ваҳдати миллӣ самари талошу фидокорӣ ва хиради азалии миллати тамаддунофари тоҷик аст. Мо вазифадор ҳастем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳдорӣ намоем ва тақвият бахшем.
Саъдулло МАҲКАМОВ,
шаҳри Истаравшан


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 20.06.2017    №: 130    Мутолиа карданд: 450

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед