logo

иқтисод

МУШКИЛОТ БАРРАСӢ ШУД, ВАЛЕ...

Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақолаи  «Як пешниҳоди муҳим» - и рӯзноманигор Мирзо Қулов, ки 1 июни соли ҷорӣ дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» нашр гардидааст, чунин иттилоъ медиҳад:

Масъалаи мазкур аз ҷониби мутахассисони Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷояш мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Пойгоҳи обкашии мавзеи Устообиди деҳаи Урметани Ҷамоати деҳоти Урметан соли 1997 ба мувозинаи Идораи давлатии хоҷагии оби ноҳияи Айнӣ гузаронда шудааст. Заминҳои обии хоҷагиҳои деҳқонии «Урметан» ва «Лангар», ки ҳамагӣ 60 гектарро ташкил медиҳанд, тавассути пойгоҳҳои обкашии Устообид 1, 2 ва ёрирасон обёрӣ карда мешаванд. Пойгоҳҳои обкашии мазкур бинобар надоштани хати ҳавоии барқи озод бо неруи барқи дорои шиддати стандартӣ таъмин нестанд. Ин боиси корношоям гардидани 4 муҳаррики барқӣ  шудааст. Пойгоҳи обкашӣ соли 2007 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба маблағи 250 ҳазор сомонӣ таъмир шуда буд.
Айни ҳол барои фаъолияти бонизоми пойгоҳҳои обкашӣ, яъне обро ду зина боло баровардан ду маротиба зиёд неруи барқ лозим аст. Агентӣ айни ҳол барои ба мавзеи дигар кӯчондан ва ё парма намудани чоҳи амудӣ имконияти молиявӣ надорад.
Тазаккур бояд дод, ки дар доираи барномаи «Ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2025» (бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 791 тасдиқ шудааст), гузаштан ба идоракунии ҳавзавӣ ва дар ин замина таъсис додани зерҳавзаи Зарафшон дар нақша аст, яъне барнома барқарорсозӣ ва такмили идоракунии шабакаҳои обёрӣ ва заҳбуру заҳкашҳоро фаро мегирад.
Холмурод РАҲМОН, директори Агентии беҳдошти замин
 ва обёрии назди Ҳуқумати Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2017    №: 131    Мутолиа карданд: 536

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед