logo

фарҳанг

ТЕАТРИ МИЛЛӢ. БУЗУРГТАРИН МАРКАЗИ МАЪРИФАТ ВА ТАРБИЯ

Театри нави миллӣ, ки баъди чанд муддат дар шафати Китобхона ва Осорхонаи миллӣ қомат хоҳад афрохт, минбаъд барои қонеъ гардондани ниёзҳои маънавии мардум ба сифати яке аз марказҳои бузурги маърифат ва тарбия хидмат хоҳад намуд. Хишти аввали онро соли 2015 Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки аҳли фарҳанг ва ҳунари пойтахт дар вазъияти тантанавӣ ниҳоданд.
Аҳли фарҳанг онро оғози марҳилаи тозае дар таърихи  рушди фарҳанги тоҷик арзёбӣ намуданд.

Ба андешаи онҳо бунёди театри бузург дар пойтахти кишвар, қабл аз ҳама, рамзи кӯшишҳои наҷиби тамаддунсозии навинро фарогир аст ва ин иқдоми шоистаи Президенти мамлакат бори дигар собит менамояд, ки дар сиёсати фарҳангии давлати Тоҷикистон таваҷҷуҳи махсус барои тарбияи насли ояндаи миллат  мақоми махсусро ишғол менамояд.
Дар кишвари мо ба ҳунар, хоса ба санъати театрӣ диққати махсус дода мешавад. Қабули барномаи «Рушди санъати театрӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2013 - 2019» далели ин гуфтаҳост. Қабули барнома баҳри рушду такомули соҳаи театрӣ ва муҳайё сохтани фазои мусоиди меъёрӣ - ҳуқуқӣ, ҳаллу фасли маҷмӯи мушкилоти мавҷудаи соҳа ва фаъолияти пурсамари муассисаҳои театрии кишвар заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.
Ҳамчунин, давоми чанд соли охир дар ноҳияи Ашт Театри мусиқӣ – драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов, бинои Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавӣ дар шаҳри Хоруғ ва дар шаҳри Қӯрғонтеппа бинои бошукӯҳ ва замонавии Театри вилоятии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов сохта мавриди истифода қарор гирифтанд. Аммо ба гуфтаи коршиносон Театри миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати худ аз дигар театрҳо фарқ хоҳад кард.
Тарҳи бинои театр аз беҳтарин биноҳои пойтахт хоҳад буд. Бино аз ду ошёнаи зеризаминӣ ва 5 ошёнаи рӯйизаминӣ иборат буда, баландиаш 34,5 метр хоҳад буд. Тибқи лоиҳа, театр аз 3 толори калон ва толору утоқҳои сершумори дигар иборат мешавад. Толори асосии он барои 2500 тамошогар пешбинӣ шудааст.  2 толори дигар яке 1200 дигаре дорои 1000 ҷойи нишаст хоҳад буд. Баландии толори асосӣ 18 метр буда,  дар он барои оркестр низ ҷой пешбинӣ шудааст. Дар ошёнаҳои болоӣ толорҳои намоишӣ ва бадеӣ, машқу тамрин, устохонаҳои бадеӣ ва дигар ҳуҷраҳо ҷойгир мешаванд.
Дар ошёнаҳои зеризаминӣ барои қариб 250 мошин таваққуфгоҳ ва ҳам утоқҳои зиёди техникӣ ва ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт.
Лоиҳаи театр давоми 5 сол дар асоси омӯзиши тарҳи беҳтарин театрҳои кишварҳои пешрафта омода шуда, ба тамоми стандартҳои муосир ҷавобгӯй мебошад. Ба таъкиди мутахассисон, ин театр бузургтарин ва зеботарин иншоот дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам  хоҳад буд ва интизор меравад дар ободии минбаъдаи давлат ва ҷомеаи навини мо хидмати бузургеро анҷом бидиҳад. Он на танҳо барои имрӯзиён, балки барои садсолаҳои минбаъда хизмат карда, ҳамчун ёдгори оғози марҳилаи тозаи тамаддуни тоҷикон боқӣ хоҳад монд.
Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,  «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2017    №: 131    Мутолиа карданд: 425

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед