logo

иҷтимоиёт

ТАКМИЛИ ҚОНУН ДАРХӮРИ НИЁЗҲОИ ҶОМЕА ХОҲАД БУД

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар давоми даҳ соли мавриди амал қарор гирифтан барои аҳли ҷомеа то чӣ андоза муҳим ва зарурият доштанашро собит намуд.

Аммо, бо тақозои талаботи давр ҳама гуна қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ниёз ба такмил, тағйиру илова доранд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ истисно нест. Баробари дар ҳаёти ҳаррӯзаи мардум татбиқ гаштан ва риояи талаботи он такмили ояндаи ин санади ҳуқуқӣ пеш омадааст.
Тавре дар банди 2, моддаи 4-и қонун омадааст, дар ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳое, ки на камтар аз 30 нафар корманд доранд, комиссияҳои ҷамъиятӣ таъсис дода мешаванд. Аммо амалия нишон медиҳад, ки фаъолияти чунин комиссияҳо дар баъзе ташкилоту муассисаҳо суст ва камтаъсир мебошад. Аз ин сабаб теъдоди кормандон ва талаботи фаъолияти чунин комиссияҳо таҷдиди назар мехоҳад.
Дар моддаи 6-и қонун салоҳияти раёсат ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ нишон дода шудааст. Ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки баъзан комиссияҳо дар маҳалҳо ҳангоми назорати танзими ҷашну маросимҳо аз доираи ваколатҳои худ мебароянд. Дар ин ҳолат лозим аст, ки қонун тадбир ва андешидани чораҳои мушаххасро муқаррар намояд. Яъне, онҳо баробари салоҳият доштан, бояд масъулият низ дошта бошанд.
Матни баъзе бандҳои моддаи 6 шабеҳ ё такрори якдигаранд:
«- таъмини ҳамкорӣ байни мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо ва ташкили корҳои маърифатию тарғиботӣ дар байни аҳолӣ;»
«- таблиғи адабиёти илмию оммавӣ оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;»
Аз ин рӯ, пешниҳод менамоем, ки чунин матнҳо ё такмил ёбанд ё якҷо карда шаванд. Дигар масъала, ки боиси баҳс қарор дорад, иштироки меҳмонон дар тӯйи домодию арӯсӣ мебошад, ки мувофиқи моддаи 10-и қонун шумораи он то 200 нафар (аз ҳар ду ҷониб) муқаррар шудааст. Маълум, ки дар чунин маъракаҳо мувофиқи анъанаи миллӣ хешу табор ва наздикони соҳиби маърака низ иштирок менамоянд. Ин сабаб мешавад, ки дар маъракаҳо шумораи иштирокчиён аз меъёр зиёд мегардад. Шояд лозим бошад, ки барои алоҳида ба қайд гирифтани онҳо дар моддаи мазкур банди нав илова гардад.
Дар моддаи 14 давомнокии тӯю маъракаҳо то се соат муқаррар шудааст, ки асоси воқеӣ дошта, қобили қабул аст. Дар банди сеюми моддаи мазкур пешниҳод дорам, ки рӯз ва соати баргузории тӯю маракаҳо вобаста ба фасли сол ва маҳали зист муайян карда шавад.
Аъзам МӮСОЕВ,  рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2017    №: 131    Мутолиа карданд: 622
04.03.2021


ФОРУМИ ҶУМҲУРИЯВӢ ОИД БА БАЛАНД БАРДОШТАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ ЗАНОН

ШАҲРИНАВ. ГУЛГАШТИ НАЗДИ МУҶАССАМАИ МИРЗО ТУРСУНЗОДА НАВСОЗӢ МЕШАВАД

КАМОНВАРӢ

Муассисаҳои таълимии олии Россия дарҳояшонро барои донишҷӯёни хориҷӣ боз намуданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

03.03.2021


Мулоқоти Зулфия Давлатзода бо Мирвайс Ноб

Дар Доғистон хотираи ҳалокшудагони ҷангро гиромӣ медоранд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

ФУТБОЛ. СИТОРАҲОИ ДУРАХШОНИ ВАРЗИШИ ТОҶИК

ИФТИТОҲИ МАРКАЗИ ДӮСТӢ ВА ҲАМКОРИИ СҲШ ДАР ТОҶИКИСТОН

ҚУЛЛАИ «РАҲИМ МАСОВ» ДАР ИШКОШИМ

ҶОМИ КФО – 2021

Путин ҷиҳати муколама бо ИМА ва дигар кишварҳо омода аст

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

01.03.2021


ВМКБ. ОЗМУНИ «ДАСТАРХОНОРОӢ» ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

ФФТ БАРНОМАИ МАХСУСИ ПРЕЗИДЕНТ БАРОИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ДЕҲОТ

«ҚОНУНИ ТИБ» БОЗНАШР ШУД

ТАЪСИСИ КОРХОНАИ ХУРДИ ИЛМӢ - ИСТЕҲСОЛИИ МАВОДИ ДОРУВОР

КОРВОНИ САЛОМАТӢ ДАР ЛАХШ

27.02.2021


Ҷаҳон дар як сатр

Си Ҷинпин изҳор намуд, ки Чин бар бенавоӣ комилан пирӯз гардид

Масъулиятро нисбат ба он мансабдорҳое, ки душаҳрвандӣ доранд, бояд сахттар намуд

ИМА имкони тамдиди ҳузури низомиёнашро дар Афғонистон истисно намекунад

Кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба таҳияи «шиносномаи эмкунӣ» - и ягона ба мувофиқа расиданд

ТЕННИС ВА НАҚШИ «ҶУМҲУРИЯТ» ДАР ОММАВИЯТИ ВАРЗИШ

25.02.2021


ХАДАМОТИ ГУМРУК. ҚОНУНШИКАНӢ КАМ ВА ПАРДОХТҲОИ ГУМРУКӢ ЗИЁД ШУДАНД

«ТОҶИКОН» ДАР ТОҶИКОБОД

АЗ РАШТ ТО ЛАХШ. АВЛАВИЯТ БА ТАВСЕАИ ЗАМИНҲОИ КИШТ

КИШОВАРЗӢ. 11 КОРХОНАИ ПАРАНДАПАРВАРӢ ТАЪСИС МЕЁБАД

TASHKENT GRAND SLAM 2021. ТОҶИКИСТОНРО КИҲО МУАРРИФӢ МЕКУНАНД?

ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

24.02.2021


ҶАҲОН

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

23.02.2021


ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ. СУОЛИ "ҶУМҲУРИЯТ" ОШКОР КАРД, КИ ДАР КАДОМ МАҚОМОТ БОНУВОН ҶАЛБ НАМЕШАВАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед