logo

иқтисод

ЯРМАРКАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ "СУҒД - 2017"

16 - 17 июн дар шаҳри Хуҷанд бори чорум Ярмаркаи байналмилалии «СУҒД - 2017» баргузор гардид. Дар ин намоиши сатҳи байналмилалӣ ҳам истеҳсолкунандагон ва  ҳам корхонахои коркарди маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, корхонаҳои бузургтарини саноативу сохтмонӣ, нақлиётӣ, ташкилотҳои хизматрасонӣ иштирок карданд. Ширкаткунандагони намоиш аз кишварҳои хориҷи дуру наздик - Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Латвия, Полша ва Ӯзбекистон  доиршавии чорабинии мазкурро аз муҳимтарин омилҳои таҳкими ҳамкорӣ ҷиҳати рушди иқтисодиёти  кишварҳо арзёбӣ карданд.

Соли равон дар баробари 100 ташкилоту корхонаи истеҳсоливу коркарди вилояти Суғд, ҳамчунин, 20 корхонаи истеҳсолӣ аз минтақаи ҷануби кишвар  маҳсулоти тавлидотии худро пешкаши  тамошобинон намуданд.
Бори нахуст дар намоиши байналмилалӣ 30 корхонаи саноатӣ  аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ширкат варзид.
- Баргузории намоиши мазкур, ки ба ҳукми анъана даромадааст,  барои рушди ҳамкориҳои байналмилалии соҳибкорон василаи хубест,- таъкид дошт Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд.
- Ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид мекунанд, қабл аз ҳама, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аст, -  гуфт Раҳимзода Шариф, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони кишвар.  – Танҳо бо тақвият додани ҳамкориҳои  дуҷонибаи судманд бо соҳибкорони кишварҳои гуногун ва доир кардани намоишҳо ба чунин ҳадаф расида метавонем.  Ҳамасола афзоиш ёфтани маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар сатҳи то 7 дарсад худ гувоҳи  пешрафти кишвар дар заминаи чунин ҳамкориҳост. Тоҷикистон пайваста дар талош аст, ки баҳри рушди соҳибкории хурду миёна боз ҳам заминаи боэътимод гузорад ва бо афзоиши ҳаҷми маҳсулоти содиротӣ ба кишварҳои хориҷ муваффақ гардад.
Сафири Беларус дар Тоҷикистон Олег Иванов дар чунин сатҳи баланд доир гаштани намоиши байналмилалиро инъикоси бевоситаи  рушди Тоҷикистон дар солҳои охир арзёбӣ кард.
- Ба шарофати доиршавии  намоишҳои байналмилалӣ ҳамкории иқтисодии Русия ва Тоҷикистон дар ҳамаи самтҳо вусъат пайдо карда, ҳаҷми додугирифт миёни ду давлат солҳои охир тамоили хуби болоравӣ дорад, - гуфт Михаил Кораблин, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон.
Ҷовиди АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2017    №: 131    Мутолиа карданд: 405

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед