logo

сиёсат

КОРВОНИ ВАҲДАТ. ҶАВОНОН ОНРО ОЯНДА СОРБОНӢ КУНАНД

Боиси ифтихору сарбаландии ҳар як тоҷику тоҷикистонист, ки ба шарофати ваҳдати миллӣ дар фазои софу беғубори Тоҷикистон кабӯтарони сулҳ парвоз карда, аз пешрафту гулгулшукуфии ин куҳандиёр мужда мерасонанд. Барои он ки ин фазо ҳамеша соф бошад, барои он ки ин кабӯтарон доим ба мардум паёми хуш расонанд, бояд ин сарзамини муқаддасро дӯст дошт ва онро мисли гавҳараки чашм ҳифз намуд, то фазояш ҳеҷ вақт ғуборолуд нагардад.

Ба назари мо, дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, ҳифзи марзу бум, амнияти давлату миллат бояд аз овони хурдсолӣ, шурӯъ аз оила, сипас боғчаву мактаб ба насли наврас омӯзонда шавад. Бо мисолҳои мушаххас дар бораи таъриху тамаддуни тоҷикон, корномаи фарзандони барӯманди миллат нақл намоему дар шуур ва зеҳни онҳо худшиносии миллиро бедор кунем. Ва, албатта, худшиносии миллӣ, дӯст доштани ин сарзамини бостонӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, расидан ба қадри ваҳдати тоҷикон, пеш аз ҳама, бояд аз хонавода, яъне, муҳити солими оила сарчашма гирад. Барои мардуми мо, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронда, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, оромию осудагӣ, сулҳу ваҳдат беҳтарин неъмат аст. Мо набояд бори дигар ба хатоӣ роҳ диҳем, нагузорем, ки шахсони бадхоҳу манфиатҷӯ халқи моро, бахусус ҷавононро гумроҳ созанд.
Аз Паёми навбатии Сарвари давлат бармеояд, ки ҷавонони тоҷик имрӯзҳо на танҳо худро аз назари ғоявӣ эмин доранд, балки дар баробари нишон додани муқовимати мафкуравӣ ба рағми гурӯҳҳои тундрав, инчунин, дар муаррифии миллат, арзишҳои олии ниёгон ва табиати нотакрори ин марзу бум камари ҳиммат бубанданд. Воқеан, Тоҷикистон сарзамини зебо ва нотакрор аст. Вақте дар ин бора шахсиятҳои шинохтаи сатҳи ҷаҳонӣ самимона ҳарф мезананд ва эътироф мекунанд, вуҷуди кас аз шодию фараҳ лабрез мешавад. Масалан, Антониу Гутерриш, Дабири кулли Созмони  Милали Муттаҳид, аз тамошои кӯли Сарези водии Бартанг ба ваҷд омада, иброз дошт: "Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯҳҳои сарбаафлок, қуллаҳои барфпӯш, обҳои ширину мусаффо ва табиати дилфиребаш дили ҳар бинандаро тасхир мекунад. Шумо мардуми хушбахт ҳастед, ки чунин кишвари зебо ва табиати нотакрор доред". Дабири кулли Созмони  Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш Бадахшонро на танҳо як минтақаи зебои Тоҷикистон, балки ҷаҳон ҳисобида, ба нақши Тоҷикистон ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об дар минтақаву ҷаҳон ва иқдомҳои бузурги байналмилалии фарогири масъалаҳои обу экология баҳои баланд дод. Ҳамзамон, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистонро дар ин самт муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Шинохти шоистаи Тоҷикистон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва он пешрафту тараққиёте, ки дар бист соли ваҳдати миллӣ насибамон гардид, ҳосили талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Ғозибек САФАРЗОДА,
судяи суди ноҳияи Файзобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2017    №: 131    Мутолиа карданд: 476

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед