logo

сиёсат

ШАШ МАРҲАЛАИ ЯК САРНАВИШТ

Агар лаҳзае нобасомониҳои солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро пеши назар орем, дармеёбем, ки нофаҳмиву зудбоварӣ, гаравишу пайравиҳои бемаврид, мазҳабпарастию эътиқоду эътимоди ноҷо, зери таъсири мафкураи бегона қарор гирифтан ва ноогоҳӣ аз рушду бартариҳои дунявият сабаби сар задани муноқишаҳои дохилӣ шуданд.
Вазъи ноороми ҳамонвақтаи сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию маънавии кишварро танҳо сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмию ҳамдилӣ метавонист ба эътидол оварда,  истиқлолиятро пойдор созад. Фосилае, ки аз эълони Истиқлолияти давлатӣ то ба имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон гузашт, метавон ба  шаш марҳалаи муҳиму сарнавиштсози таърихӣ тақсим намуд:
- марҳалаи аввал - аз моҳи сентябри соли 1991 то моҳи ноябри соли 1992, яъне то Иҷлосияи XVI  Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон - муборизаи қувваҳои гуногун барои ба даст овардани ҳокимият, оғози ҷанги шаҳрвандӣ, беҳокимиятӣ ва бесарусомонӣ дар кишвар;
- марҳалаи дуюм - солҳои 1992-1993 - гирифтани пеши роҳи оташи ҷанги шаҳрвандӣ, пайдо шудани фазои боэътимоди якдигарфаҳмӣ ва оштии миллӣ;
- марҳалаи сеюм - соли 1994 - гузоштани пояҳои низоми нави давлатдорӣ, роҳандозии ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ, аҳамияти амалии музокироти сулҳи тоҷикон ва ба маҳали зисти доимиашон баргардондани гурезаҳо, ташкили Қувваҳои Мусаллаҳ ва неруҳои сарҳадӣ, тезондани раванди оштии миллӣ, ташаккулёбии сиёсати хориҷии кишвар, болоравии нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ;
- марҳалаи чорум - соли 1995 то нимаҳои соли 1996 - оғози дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, ба анҷом расондани раванди бозгашти иҷбории фирориён;
- марҳалаи панҷум - солҳои 1996 - 1997 - расидан ба марҳалаи ниҳоии музокирот, густариши тоза пайдо кардани раванди худогоҳиву худшиносӣ, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ;
- марҳалаи шашум - аз 27 июни соли 1997 - имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон - Рӯзи Ваҳдати миллӣ то ба имрӯз.
Маҳз ба шарофати сулҳу ваҳдати миллӣ имрӯз дар ҷомеа ҳувияти миллӣ, асолат ва андешаи миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ побарҷо буда, бедории шууру ифтихори миллии шаҳрвандон хуб эҳсос мешавад. Пойдорӣ ва устувории ваҳдати миллӣ, эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, муттаҳидии неруи созандаву бунёдгароёна, иқдомҳои неку навоварона ба хотири бунёди ҷомеаи воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар соҳибватан буда, метавонад кишварро ба саодат  бирасонад.  
Раҷабалӣ САНГОВ,
мутахассиси пешбари раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2017    №: 131    Мутолиа карданд: 684
25.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 8 ҲАЗОРУ 296 СИРОЯТШУДАИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТ

СУҒД. ЭҲЁИ КОРХОНАҲОИ АЗ ФАЪОЛИЯТ БОЗМОНДА

КӮҲИСТОНИ МАСТЧОҲ. ОМОДАГӢ БА ИНТИХОБОТ ДАР САТҲИ БАЛАНД ҶАРАЁН ДОРАД

23.09.2020


НОҲИЯИ АЙНӢ. ҲАВЗА ВА УЧАСТКАҲО ОМОДА ШУДААНД

ХОРУҒ. ОЯНДАРО АЗ ИМРӮЗ БОЯД СОХТ

АВАО. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

ХУҶАНД. ШИНОСОИИ РАҶАББОЙ АҲМАДЗОДА АЗ КОРХОНАИ “ФАЙЗИ РАСУЛ”

СУҒД. ҶАМЪОВАРИИ ПАХТА ВУСЪАТ МЕГИРАД

22.09.2020


НОҲИЯИ ФИРДАВСӢ. ҲАВЗАИ № 1 ОМОДА МЕШАВАД

ВОХӮРИИ НОМЗАДҲО БА МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТӢ БО СОКИНОНИ ХАТЛОН

ТОҶИКИСТОН. АЗ КОРОНАВИРУС БОЗ 44 БЕМОР ШИФО ЁФТ

«ОИНИ НОЗ»

ТОҶИКОБОД ВУСЪАТИ ТОЗА МЕГИРАД

SARS-CoV-2. ШАШ ШАКЛИ ЗУҲУРИ ОН МУҚАРРАР ГАШТ

НАМОЯНДАҲОИ ДУШАНБЕ ВА ТОШКАНД ИМКОНИЯТИ ИФТИТОҲИ РОҲҲОИ НАВРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

21.09.2020


БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБОРИЗА АЛАЙҲИ ҶИНОЯТКОРИҲО

ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲО МАТРАҲ ГАРДИД

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ СИТОДИ ВИЛОЯТӢ ОИД БА ПУРЗӮР НАМУДАНИ ТАДБИРҲОИ ЗИДДИЭПИДЕМИЯВӢ

ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТОҶИКИСТОН. 86,7 ДАРСАДИ БЕМОРОНИ COVID – 19 ШИФО ЁФТАНД

МАРЗҲОИ ӮЗБЕКИСТОН АЗ АВВАЛИ МОҲИ ОКТЯБР БОЗ МЕШАВАНД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

17.09.2020


ТОҶИКИСТОН. АЗ COVID – 19 БОЗ 45 БЕМОР ШИФО ЁФТ

РОҒУН БА ИНТИХОБОТ ОМОДА АСТ!

ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. БА НОМЗАДҲО ШАҲОДАТНОМА СУПУРДА ШУД

16.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,5 ДАРСАДИ ГИРИФТОРОНИ КОРОНАВИРУС ШИФО ЁФТАНД

ФАЙЗОБОД. ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ ДАР САТҲИ БАЛАНД ХОҲАД ГУЗАШТ

ҶОМИ ТОҶИКИСТОН. ҶУФТҲОИ ДАВРИ НИМФИНАЛ МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ИНТИХОБОТ. ВУСЪАТИ КОРҲОИ ОМОДАГӢ ДАР НОҲИЯИ РӮДАКӢ

ҶАВОНОН – ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. ҲАМОИШИ ИЛМӢ - СИЁСӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ

ЛЕВАКАНТ. ПАХТАЧИНӢ ВУСЪАТ МЕГИРАД

ТОҶИКИСТОН НОЗИРОНИ ИДМ-РО БА ИНТИХОБОТИ ПРЕЗИДЕНТӢ ДАЪВАТ КАРД

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

15.09.2020


ТОҶИКИСТОН. 86,4 дарсади беморон шифо ёфтанд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед