logo

сиёсат

ТАЪРИХИ ЯК ҶАСОРАТ

Мардуми шарафманди Тоҷикистон 27 июн бистумин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хос ҷашн мегиранд. Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки бист сол муқаддам дар ҳамин рӯз, дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия имзо шуд, дар сарзамини аҷдодии мо суботу оромии воқеиро таъмин кард, зиндагиеро фароҳам сохт, ки онро ҳар як фарди покдилу нексиришт, ватандӯсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ дер боз интизор буд.
Таърих ва тоҷику тоҷикистониён ҷасорати Сарвари давлати худро дар раванди таъмини сулҳ ва ризоияти миллӣ, бахусус дар ҷараёни баргузории гуфтушунид дар қаламрави Афғонистон, дар мулоқоте, ки 11 декабри соли 1996 баргузор гардид, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд кард. Ҷараёни ин мулоқот дар китоби рӯзноманигорони рус Владимир Сухомлинов ва Генадий Шалаев «Роҳ ба сӯи созиш» чунин шарҳ ёфтааст: «Эҳтимол вохӯрии аз ҳама пуршиддат ва хатарноку бемисл дар Афғонистон 11 декабри соли 1996 баргузор шуд. Вақте Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки гуфтушунидро дар Хосдеҳ, ки дар шимоли Афғонистон, вилояти Тахор ҷойгир аст, гузаронанд, гӯё иродати Президентро месанҷид, ӯ бе ягон дудилагӣ розӣ шуда, иброз намуд: "Ман тайёрам дар ҳар ҷой ва ҳар соат вохӯрам. Муҳим он аст, ки вохӯрӣ судманд бошад...".
Ниҳоят, бо баргузории чандин мулоқоту суҳбатҳо ва музокироти пайваста раванди сулҳи тоҷикон бо имзои санади таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба фарҷом расид ва ин сана дар тақвими миллати мо ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ сабт гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муроҷиатномаи худ ба ифтихори имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон аҳамияти бузурги ин падидаи таърихиро дар сарнавишти тоҷикистониён чунин баҳогузорӣ намуданд: «Ҷидду ҷаҳд ва умедвориҳои 5 - 6 соли охир барои нигоҳ доштани давлати миллии тоҷикон маҳз дар ҳамин рӯзи саид ҷомаи амал пӯшид. Насли ҳозираи миллати тоҷик ҳарчанд аввал пешпо хӯрд, имрӯз пирӯз аст, зеро ин насл тавонист васвасаи аҳриманиро, аз худ дур андохта, морони заҳҳокиро, ки ҷони ҷавони садҳо фарзандони моро қурбон мекарданд, саркӯб созад...».
Президенти мамлакат дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд: «Дар кишвар аз охири соли 1997 барои таҷдиду сохтмони муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, роҳҳо ва манзилҳои зисти харобгардида аввалин барномаи барқарорсозии баъд аз низоъ қабул ва амалӣ карда шуд. Ин тадбирҳо имкон доданд, ки мо ислоҳоти сиёсиву конститутсиониро оғоз намоем, ҷиҳати таҳкими пояҳои истиқлолият аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон ва рамзҳои давлатиро қабул кунем, фаъолияти сохтору мақомоти фалаҷшудаи давлатиро барқарор созем, низоми ягонаи ҳокимияти иҷроия, парламенти дупалатагӣ ва ҳокимияти мустақили судиро ташкил диҳем, қонунияту тартибот ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, яъне волоияти қонунро дар ҷомеа таъмин намоем».
Оромиву амнияте, ки аз баракати Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ба вуҷуд омад, барои бунёди сохтмонҳои азим, равнақи самтҳои мухталифи иқтисодиёт, тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба бо кишварҳои ҷаҳон пояҳои мустаҳам гузошт.
Ваҳдати неруҳои гуногуни ҷомеа, ки ба шарофати имзои созишномаи сулҳ ва таблиғи фарҳанги ҳамзистиву ҳамдиливу ҳамраъйии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миллати тоҷик насиб гардидааст, шаҳодати интихоби роҳи саҳеҳ ва ояндасозу ҳидоятгари миллати тоҷик дар остонаи ҳазорсолаи нав маҳсуб меёбад.
Абдуманон ДОДОЗОДА,
сардори раёсати кадрҳо ва
корҳои махсуси Суди Олӣ, мушовири адлияи дараҷаи 1


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 21.06.2017    №: 131    Мутолиа карданд: 431

26.09.2018


ЗАБОН ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Идомаи машқҳои зиддитеррористии «Иссиқкӯл - 2018» дар Қирғизистон

Ёрӣ ба 17 кишвари Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати бартарафсозии оқибати хушксолӣ

Иттиҳоди Аврупо Осиёи Марказиро маблағгузорӣ мекунад

Қазоқистону Ӯзбекистон моҳвораи муштарак сохтанианд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед