logo

иқтисод

ХАТЛОН. ҲОСИЛИ ҲАР ГЕКТАР - 38 СЕНТНЕР

Дар соли Ҷашни 20 – солагии Ваҳдати миллӣ ва истиқрори сулҳ дар ҷумҳурӣ кишоварзони мамлакат дар 303903 гектар ғаллаи тирамоҳию баҳорӣ кошта, нигоҳубини онро нағз ба роҳ монданд. Аз рӯйи маълумоти фаврии оморӣ, ҳосил дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ назар ба соли пешин нағз аст.
Ҷамъоварии ғалла дар минтақаҳои ҷанубии кишвар оғоз ёфта, ба мавзеъҳои кӯҳдоман наздик мешавад. То 19 июн ғаллакорон ҳосили 83300 гектарро ғундошта, 275 ҳазор тонна гандуму ҷав, наску нахӯд захира намуданд, ки ба ҳар гектар 30,2 – сентнерӣ рост меояд. Дар маъракаи дарав кишоварзони вилояти Хатлон пешсафанд. Онҳо ҳосили 48 дарсади ғаллазорро даравида, аз ҳар гектар ба ҳисоби миёна 38 – сентнерӣ дон ба даст овардаанд. Дар вилояти Суғд алҳол 10 дарсади майдони умумии ғалла дарав шуда, аз ҳар гектар 26,4 – сентнерӣ ҳосил бардоштанд. Ғаллакорони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ 10 дарсади майдони ғалларо ҷамъоварӣ карда, аз ҳар гектар 25,6 – сентнерӣ ҳосил гирифта истодаанд.
Дар раёсатҳои кишоварзии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо барои саривақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона ситодҳои фаврӣ фаъоланд. Онҳо шабонарӯзӣ аз болои рафти дарав назорат бурда, тамоми қувваро ба он сафарбар намудаанд, ки ҳосили боқимондаро хушсифату беталаф ҷамъ оварда, дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳисса гузоранд.
Аз 1006 комбайни ғалладарави хоҷагиҳои ғаллакори ҷумҳурӣ 783 – тоаш коршоям аст. Дар дарави ғалла 289 комбайн истифода бурда мешавад, ки коэффитсиенти истифодабарии онҳо хеле паст мебошад. Дар маъракаи ҷамъоварии ғалла комбайнҳои КВДҶ «Тоҷикагролизинг» низ ширкат доранд. Соли гузашта корхона бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ 25 комбайни ғалладарави сермаҳсул харид намуд, ки ҳоло дастгири кишоварзон мебошанд.
Ғаллакорони қисмати ҷанубии кишвар аллакай ба кишти такрорӣ шурӯъ намудаанд. Баъди ғундоштани коҳу пахол тракторҳоро ба саҳро бароварда, шудгори 25 ҳазор гектарро анҷом доданд. Самараи ташкили дурусти кор аст, ки аллакай дар 24559 гектар кишти такрории пахта, ҷуворимакка, шолӣ ва зироатҳои хӯроки чорво анҷом дода шудааст.
Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2017    №: 132    Мутолиа карданд: 762
02.04.2020


МАШВАРАТИ КОРИИ МУОВИНИ РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН БО ВАКИЛОНИ МАРДУМӢ

ҶАВОНОНИ ТОҶИКОБОД БА САФИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲ ПАЙВАСТАНД

САЙЁҲӢ. ТАШКИЛИ 12 ХАТСАЙРИ НАВ

ШИРКАТИ 42 ЛЕГИОНЕР ДАР ЧЕМПИОНАТИ НАВБАТИИ ТОҶИКИСТОН

СУТ РАСМАН ДАР ТОҶИКИСТОН НАБУДАНИ КОРОНАВИРУСРО ТАСДИҚ НАМУД

ГАРДИШИ МОЛ МИЁНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ СҲШ АЗ НИМ МИЛЛИАРД ДОЛЛАР БОЛО РАФТ

АРАБИСТОНИ САУДӢ: "АЗ САФАР БА ҲАҶ ХУДДОРӢ КУНЕД!"

СОКИНИ 101 - СОЛАИ НИДЕРЛАНД АЗ COVID-19 ҶОН БА САЛОМАТ БУРД

Ҷаҳон дар як сатр

01.04.2020


ХАТЛОН. ҶОИЗА БАРОИ МУҲАҚҚИҚОНИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ДАҚИҚ

СУҒД. БЕШ АЗ 30 КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ ОРДУ РАВҒАН

НУФУЗИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН МЕАФЗОЯД

ФАЪОЛИЯТИ ҲУҚУҚЭҶОДКУНӢ БА МАРҲИЛАИ СИФАТАН НАВ ВОРИД ШУД

«ҚАҲРАМОНИ АБАДӢ - ТЕМУРМАЛИК» ДАР ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ БА ТАБЪ РАСИД

ТОКИО. САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ МАЪЛУМ ШУД

ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ЛАХШ

ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. ИҶРОИ БАРНОМА МУҲОКИМА ГАРДИД

СУТ: 165 ҲАЗОР БЕМОРИ COVID-19 ШИФО ЁФТ

ЧИН БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ КОРОНАВИРУС БА ТОҶИКИСТОН АФЗОРИ ЗАРУРӢ ФИРИСТОД

ДАР УХАН БЕШ АЗ 60 БЕМОРХОНА БА НИЗОМИ МУҚАРРАРИИ ФАЪОЛИЯТ БАРГАШТ

ТАБИБОНИ ОЛМОНӢ 16 ҲАЗОР БЕМОРРО АЗ КОРОНАВИРУС НАҶОТ ДОДАНД

ПУТИН ВА ТРАМП НАРХИ КУНУНИИ НАФТРО БА МАНФИАТИ ДУ КИШВАР СОЗГОР НАМЕШУМОРАНД

ДАР ТУРКМАНИСТОН ИСТИФОДАИ КАЛИМАИ КОРОНАВИРУС МАНЪ ГАШТ

Ҷаҳон дар як сатр

31.03.2020


РОҒУН. ВАРЗИШ РӮ БА РУШД ДОРАД

КОРРУПСИЯ РОҲБАРИ АССОТСИАТСИЯРО БА КУРСИИ АЙБДОРӢ НИШОНД

ОДАМКУШӢ. ХУШУНАТИ ОИЛАВИЕ, КИ БО МАРГ АНҶОМ ШУД

ДУЗДӢ. ГУМОНБАР БОЗДОШТ ГАРДИД

Ҷаҳон дар як сатр

РОССИЯ РОҲИ ТАБОБАТИ КОРОНАВИРУСРО ПАЙДО КАРД

ДАР ҚИРҒИЗИСТОН НАХУСТИН БЕМОРОНИ ВИРУСИ НАВ ШИФО ЁФТАНД

ПУТИН ВА ТРАМП МАСОИЛИ COVID-19 ВА НАРХИ НАФТРО БАРРАСӢ НАМУДАНД

ИНДУСТРИЯИ МӮДИ ИТАЛИЯ РӮЗЕ 1,5 МИЛЛИОН НИҚОБИ ТИББӢ ХОҲАД БАРОВАРД

30.03.2020


"АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ"

БӮСТОН. АВЛАВИЯТ БА РУШДИ САНОАТ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед