logo

иҷтимоиёт

ҲАДАФ. ТАЪМИНИ ШАРОИТИ АРЗАНДА ВА РӮЗГОРИ ОСОИШТА

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   даҳ сол пур шуд. Дар ин муддат шароити мусоид фароҳам омад, то сокинони кишвар зимни баргузории маросимҳои тӯю азодорӣ аз исрофкории беҳуда, хароҷоти калони молиявӣ худдорӣ кунанд ва маблағи сарфакардаашонро ба осудагии рӯзгори худу таълими фарзандон харҷ намоянд. 

- Баъд аз қабули қонун  сатҳу сифати зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ овард. Сокинони маҳаллаи мо  дар баргузории ҷашну маросимҳо, махсусан тӯйҳои  арӯсиву домодӣ ва хатнасур  сабукии ҷиддӣ эҳсос карданд, - иброз дошт Баҳринисо Собирова, раиси кумитаи маҳаллаи «Тиллокон»-и шаҳри Хуҷанд. - Зеро, пеш аз ин онҳо ба шахсони сарватманд тақлид карда, тамоми ёфту тофти худро барои баргузории тӯйҳои дабдабанок сарф менамуданд. Баъзе оилаҳо маҷбур мешуданд, ки аз хешу ақрабо ё бонкҳо қарз гирифта, маъракаашонро гузаронанд. Шукри соҳибистиқлоливу соҳибдавлатӣ, ки ин санади муҳим ба тасвиб расида, ба мардум сабукии зиёд овард.
Бо вуҷуди дастовардҳои назаррас, ҳанӯз ҳам дар ин самт камбудию норасоиҳо ба чашм мерасанд. Масалан, бо баҳонаи доир намудани хатнасури набера, аслан маросими домодталбон мегузаронанд, ки қобили қабул нест. Дар масъалаи мебелбарони пеш аз тӯйи арӯсӣ, ки маблағи калонро талаб мекунад, пешниҳод кардем, ки ин кор баъд аз як соли баргузории тӯй, вақте навхонадорон дар ин муддат ҳамдигарро дуруст шинохтаю барои оилаи мустаҳкам замина мегузоранд, анҷом дода шавад. Худнамоӣ дар оростани дастархон низ ба шарофати ин қонуни миллӣ аз байн рафта, гузоштани пиставу бодом, мурғу моҳибирён манъ гардид. Пешниҳоди дигар ин аст, ки ташкилотҳои қарздеҳ пеш аз додани маблағ бояд  мушаххас намоянд, ки қарзгиранда бо кадом мақсад ба онҳо муроҷиат кардааст. Агар барои гузарондани тӯйи домодию арӯсӣ бошад, аз додани қарз худдорӣ намоянд. Зеро ҳолатҳое ба мушоҳида мерасанд, ки шахсони алоҳида қарзи худро бо гузашти чандин сол пардохт карда наметавонанд.
  - Ба андешаи ман, тарғибу ташвиқи қонун миёни мардум дуруст ба роҳ монда нашудааст. Барои назорати қатъӣ ва иҷрои бечунучарои қонун дар бахшҳои танзим ва ҷашну маросимҳои шаҳру навоҳӣ илова кардани як воҳиди корӣ  ба мақсад мувофиқ аст, - зикр кард  Адиба Неъматова, сармутахассиси  шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи маҳаллии  ҳокимияти давлатии шаҳри Конибодом. - Хуб мебуд, агар духарони тоҷик  дар  рӯзи  тӯйи арӯсӣ либоси миллӣ ба бар карда, маблағеро, ки  барои истифодаи  чандсоатаи либоси  арӯсии  аврупоии гароннарх    (фата) сарф мешавад,  ҷиҳати пешбурди зиндагии ояндаашон захира намоянд. 
Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд пешниҳод дорад, ки маъракаи «оши тӯй», ки  қаблан «оши наҳор» мегуфтанд, новобаста аз рӯзи корӣ ё истироҳат аз соати 5.30 то 7.00, яъне дар 1,5 соат баргузор гардад. Ҳамчунин, ҷиҳати боз ҳам камхарҷ шудани маросимҳои хурсандӣ, аз ҷумла «оши наҳор»  ба дастархон гузоштани донагӣ ва шириниҳои гуногун манъ карда шавад. Маросими домодталбон, ба таври ихтиёрӣ, дар доираи хешу табор, вале бо ширкати то 60 нафар гузаронда шавад.
Имрӯзҳо дар саросари мамлакат барои боз ҳам такмил додани ин қонуни миллӣ фикру мулоҳиза ва пешниҳодҳои мушаххаси мардум тавассути рӯзномаю маҷаллаҳо, барномаҳои телевизион ва радио баён мегарданд.  Тағйиру иловаҳое, ки дар назар аст ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ворид гарданд, пеш аз ҳама, барои таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар як сокини кишвар ва рӯзгори осоиштаи мардум мусоидат хоҳанд кард.
Ҷовиди  АШТӢ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2017    №: 132    Мутолиа карданд: 380

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед