logo

маориф

МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ. МАЙДОНИ РАҚОБАТИ СОЛИМ

Падару модарон ва даҳҳо ҳазор хатмкунандагони мо бори дигар бовар ҳосил карданд, ки Маркази миллии тестӣ сатҳи ҳақиқии дониш ва маҳорату малакаи шахсии ҳар як довталабро дуруст муайян мекунад ва дар кишвар барои рақобати солим шароит фароҳам меорад.
Эмомалӣ   РАҲМОН
- Ҳадафи асосии Маркази миллии тестӣ шаффофу одилона ба роҳ мондани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аст.
Барои таъмини шаффофият ва адолат дар ИМД (имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ) тамоми шароиту имкониятҳо фароҳам оварда шудааст. Ҳар як довталаб бояд аз ин шароиту имкониятҳо истифода карда, фирефтаи суханони беасоси ашхоси миёнарав нагардад, - иброз дошт Икроми Хуршед, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи низоми миллии имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии касбӣ дар Тоҷикистон комилан мутамарказ будани он аст. Тамоми раванди низомро аз оғоз то ба анҷом Маркази миллии тестӣ дар ҳамаи қаламрави кишвар ташкил ва баргузор менамояд. Ин ҷиҳати низом имкон дод, ки бори аввал дар соли 2014 – нахустин соли баргузории имтиҳонҳои марказонида ба як сохтори имтиҳонгирӣ 30 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ  дохил гардад, барои интихоб ба довталабон бештар аз 400 ихтисоси гуногун пешниҳод шавад ва довталабон тавонанд, ки аз ҳуқуқи то 10 комбинатсияи ихтисосҳоро интихоб кардан истифода намоянд. Аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 66 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутахассисони соҳаҳои гуногунро тайёр мекунанд, соли 2017-ум ба воситаи низоми ИМД ба 34 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва 47 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ (бо фарогирии 36 гурӯҳи мақсаднок ва 1 шуъба) донишҷӯён қабул карда мешаванд. Шумораи комбинатсияи ихтисосҳо, ки довталаб ҳуқуқи интихоби онро дорад, аз 10 ба 12 - то расонда шуд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар назди Маркази миллии тестӣ меистод, ин омода намудани мутахассисони маҳаллӣ – таҳиягарон ва муқарризони саволу масъалаҳои тест буд. Бинобар ин, дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Ташкилоти байналмилалии Институти «Ҷамъияти кушода» – Бунёди мадад дар Тоҷикистон коршиносони хориҷии ташкилоти “Anglia Assessment Ltd”-ро ба кор ҷалб намуд.
Хусусияти фарқкунандаи низоми миллии имтиҳонҳои дохилшавӣ ҳатмӣ будани имтиҳони қисми А аст. Танҳо дар сурати супурдани ин бахши имтиҳон ва имтиҳонҳои қисмҳои дахлдор (тибқи ихтисосҳои интихобгардида) гирифтани холи мувофиқ довталаб метавонад (дар Ҷумҳурии Тоҷикистон) донишҷӯ шавад. Имтиҳони қисми А  имтиҳони умумист ва барои ҳамаи довталабон, новобаста аз ихтисосҳои интихобкардаашон, ҳатмӣ буда, се субтестро аз фанҳои таълимии зерин дар бар мегирад: забони тоҷикӣ, математика, таърихи халқи тоҷик, асосҳои давлат ва ҳуқуқ.
Низоми миллии имтиҳонҳои дохилшавӣ шароит ба вуҷуд овард, ки дар кишвар даври солонаи имтиҳонҳои мазкур тамоми соли таҳсили хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро фаро гирад.
Хусусияти дигари фарқкунандаи низоми ИМД тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурист. Чуноне ки Сарвари давлат зимни суханрониашон зикр намуданд: «Баъди супоридани имтиҳонҳои тестӣ тақсимоти довталабон аз рӯйи холҳои бадастоварда ва интихобҳояшон ба мактабҳои олӣ бе иштироки омӯзгорон, тавассути компютер сурат мегирад, ки он низ аз шаффофии низом дарак медиҳад».
Як хусусияти умдаи низоми нави имтиҳонҳо дар он аст, ки дар он завқу хоҳиши довталаб дар мадди назар меистад. Бинобар ин, корҳои тарғиботию хабаррасонӣ самти муҳимтарини фаъолият дар низом ба шумор меравад.
Кормандони мо ба муроҷиатҳои шифоҳӣ, телефонӣ ва хаттии довталабон ва дигар алоқамандон, ҳамчунин ба суолҳои шаҳрвандон аз тариқи сомонаи расмии марказ сари вақт ҷавобҳои қонеъкунанда медиҳанд.  Дар бинои марказ қабули ҳамарӯзаи шаҳрвандон роҳандозӣ гардидааст. Дигар ин ки пас аз анҷоми имтиҳон довталаб китобчаи тестро бо худ мегирад, яъне довталаб имкон дорад, ки худи ҳамон рӯз холҳои бадастовардаи худро мустақилона ё бо ёрии омӯзгоронаш ҳисоб кунад.
 Озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон ба таври худкор бо истифода аз алгоритми махсуси беназир анҷом дода мешавад, ки дар он ҳеҷ омил таъсир расонда наметавонад. Дар варақаҳои ҷавобҳо ному насаб ва ё ягон маълумоти дигар дар бораи довталаб навишта намешавад, ки имконияти шахсони назораткунандаро низ барои расондани ёрӣ ба довталаб имконнопазир менамояд. Ба ҷойи ному насаби довталаб танҳо штрихкод часпонда мешавад ва муайян кардани мансубияти варақаи ҷавобҳо ба кадом довталаб барои ҳеҷ шахсе имконпазир нест.
Ҳар довталабе, ки ин шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи марказро истифода менамояд, ба натиҷаи воқеии кори (имтиҳони) худ шинос шуда, бовар ҳосил менамояд, ки касе дар ин ҷараён ба ӯ ё ба каси дигар ба ҷуз аз донишу маҳорат ва малакааш ёрӣ расонда наметавонад. Бо  вуҷуди ин шахсони қаллобе вуҷуд доранд, ки ба довталабону наздикони онҳо ваъдаи мадад намудан дар дохилшавиро мекунанд. Кофист, ки аз ин гуна қаллобон пурсида шавад, ки оё ба холҳои бадастовардаи довталаб ягон хол илова карда метавонанд ё не? Албатта, не. Вобаста ба ин, агар довталабе ё падару модаре бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гардида бошад ва барои исботи ин гуна қаллобӣ аз шароиту имкониятҳои фароҳамовардаи марказ истифода карда натавонад, метавонад баъд аз супоридани имтиҳонҳо ба марказ муроҷиат намояд. Бо тамоми масъулият ва бовар иброз медорем, ки дар давоми дақиқаҳои башумор бардурӯғ будани ин ваъдаҳо ва қаллоб будани ин гуна шахсонро исбот менамоем, - мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 22.06.2017    №: 132    Мутолиа карданд: 1740

21.08.2019


Путин 4 сентябр бо Сарвазири Ҳиндустон музокирот мегузаронад

Амири Қатар даъвати Путинро ба ФИБП пазируфт

Даҳ ҳазор нафар бинобар сӯхтор дар пойтахти Бангладеш бе сарпаноҳ монд

Токио имкони ба мадор баровардани радифҳои ҳарбиро баррасӣ дорад

Ҷаҳон дар як сатр

ШИНОВАРӢ. Варзишгарони тоҷик ба Чемпионати ҷаҳон рафтанд

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед